КАРГАСИ ҲИМОЛОӢ

0
208
боздид
Намуди осебпазир. VU.

АЗ КИТОБИ СУРХИ ТОҶИКИСТОН

КАРГАСИ ҲИМОЛОӢ

Gyps himalayensis 

Қатори ШоҳинмонандҳоFalconiformes

Оилаи ЛочинҳоAccipitridae

Мақоми ҳифз

Намуди осебпазир. VU.

Паҳншавӣ

Дар Помири Шарқӣ (саргаҳи дарёи Оқсу, Яшилкӯл, водии Рангкӯл), Бадахшон, қаторкӯҳҳои Пётри I, Туркистон, Зарафшон ва Ҳисор паҳн гардидааст.

Муҳити сукунат

Дар минтақаҳои баландкӯҳи харсангдор, шахсори муқаррарӣ, ки барои лонагузорӣ ҷойҳои мувофиқ доранд ва водиҳои нисбатан фарохи байни қаторкӯҳҳо маскан мегирад. Дар мавсими сербарфи фасли зимистон ба доманакӯҳҳо, кӯчиши амудӣ зоҳир мекунад. Зимистон дар ҷустуҷӯи ғизо ба маҳалҳои аҳолинишин низ наздик мешавад. Дар баландиҳои 2500-4500 метр аз сатҳи баҳр сукунат менамояд.

Саршумор

Дар Тоҷикистон саршумори умумии каргаси ҳимолоӣ аниқ муайан карда нашудааст. Дар Помири Шарқӣ ва Бадахшон нисбатан зиёдтар вомехӯрад. Дар солҳои охир лонаҳои он дар Зоркӯл, Айдинкӯл ва дар мавзеъи Бархуфи қаторкӯҳи Рӯшон ба қайд гирифта шудааст.  саршумори умумии каргаси ҳимолоӣ дар Помири Шарқӣ ва Бадахшон аз 40-45 ҷуфти лонагузор беш нест.

Хусусиятҳои биологӣ

Парандаи муқимӣ буда, ҷуфти доимиро ба вуҷуд меорад. Як лонаро якчанд сол паи ҳам истифода менамояд. Давраи афзоишаш 7 моҳ давом мекунад. Лонаро дар тарқишҳои кӯҳии душворгузар мемонад. Моҳҳои феврал ва мар тафзоиш намуда, 1-2 тухм мегузорад. Давраи тухмзеркунӣ то 50 рӯз давом мекунад. Моҳи август чӯҷаҳо паррончак мешаванд. Парандаи лошахӯр аст.

Парвариш дар шароити сунъӣ

Дар боғҳои ҳайвонот нигоҳ дошта мешавад

Омилҳои маҳдудкунанда

Шумораи каргаси ҳимолоӣ аз саршумори ҷуфтсумҳои ваҳшӣ, бахусус гӯсфанди Марко Поло ва нахчир, ки ғизои он мебошанд, вобастагии зич дорад.

Тадбирҳои ҳифз

Ҳифзи каргаси ҳимолоӣ бояд дар мамнуъгоҳи Зоркӯл ва ғӯруқи Музкӯл пурзӯр карда шавад. Ҷойҳои лонагузории онро ба қайд гирифта, зери назорати доимӣ қарор додан зарур аст.

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед