МУРҒИ ҲУМО

0
207
боздид
Мурғи ҳумо дар шароити боғҳои ҳайвонот хуб афзоиш мекунад.

АЗ КИТОБИ СУРХИ ТОҶИКИСТОН

МУРҒИ ҲУМО (ҒАҶИР)

Gypaetus barbatus

Қатори ШоҳинмонандҳоFalconiformes

Оилаи ЛочинҳоAccipitridae

Мақоми ҳифз

Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.

Паҳншавӣ

Дар тамоми қаторкӯҳҳои Тоҷикистон – Қурама, Туркистон, Зарафшон, Пётри I, Ҳисор, Дарвоз, Ҳазратишоҳ ва кӯҳсори ҳудуди Бадахшону Помир ва кӯҳҳои Муғул паҳн гардидааст. Баъзан дар кӯҳҳои байни дарёҳои Кофарниҳону Вахш ва Боботоғ вомехӯрад.

Муҳити сукунат

Муҳити сукунати ин намуд амалан аз ҳудуди мавзеъҳои наздикӯҳӣ намебарояд. Муҳити хоси сукунати он нишебии кӯҳҳо, водиҳои кӯҳҳо ва дарёҳо ба ҳисоб мераванд

Саршумор

Саршумори умумиаш номаълум аст. Ҷуфтҳои лонагузори он аз якдигар хеле дур (15-20 км) ҷойгир мешаванд. Парандаи муқимист. Дар баландиҳои 1800-4000 метр аз сатҳи баҳр лона месозад.

Хусусиятҳои биологӣ

Оид ба афзоиши мурғи ҳумо маълумот хеле кам аст. Миёнаҳои март 1-2 тухм гузошта, моҳҳои апрелу май аз тухмҳо чӯҷа мебарояд. Мурдаи ҳайвонотро, ки баъди хӯрдани каргас, бургут ва ширхорҳои дарранда мондааст, мехӯрад. Баъзан заргӯши хурд, суғур, кабк ва бачаи ҳайвонҳои сумдори ваҳширо сайд мекунад.

Парвариш дар шароити сунъӣ

Дар шароити боғҳои ҳайвонот хуб афзоиш мекунад.

Омилҳои маҳдудкунанда

Доштан ва бесабаб ҳамчун «зараррасон»-и чорво таъқиб кардани мурғи ҳумо боиси камшуморӣ ва дар баъзе маҳалҳо боиси пурра нест шудани он гаштааст.

Тадбирҳои ҳифз

Маҳалҳои лонагузории мурғи ҳуморо ба рӯйхат гирифта, онҳоро муҳофизат кардан зарур аст.

 

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед