0
690
боздид
Суғури Мензбир моҳҳои август-сентябр ба хоби зимистона меравад.

 АЗ КИТОБИ СУРХИ ТОҶИКИСТОН

СУҒУРИ МЕНЗБИР

Marmota menzbieri

Қатори 

Хояндагон Rodentia

Оилаи Санҷобшаклон Sciuridae

Мақоми ҳифз

Намуде, ки дар табиат маҳв гардидааст. EW. Ба рӯйхати сурхи ИБҲТ дохил карда шудааст.

Паҳншавӣ

Эндемики Тиёншони Ғарбӣ мебошад. Ҷамоаи маҳдуд ва ҷудогонаи суғури Мензбир аввалин маротиба соли 1960 дар қисмати шарқии қаторкӯҳи Қурама, дар саргаҳи дарёи Оқтош (дараҳои Яхшибой ва Лойак) ба қайд гирифта шудааст. Дар ибтидои солҳои 80-уми асри гузашта ҷамоаи суғури Мензбир дар қаторкӯҳи Қурама пурра маҳв гардидааст.

Муҳити сукунат

Дар даштҳои баландкӯҳи нишебиҳои қаторкӯҳи Қурама, берун аз арчазорҳо, дар ҷойҳое, ки растаниҳои гуногуни хӯшадор месабзанд, дар баландиҳои 2400- 3000 метр аз сатҳи баҳр вомехӯрд. Қитъаҳои нисбатан ҳамвори нишебиҳои кӯҳӣ ки бо қабати ғафси гилхок пӯшида шудаанд ва дар онҳо растаниҳои намидӯст мерӯянд муҳити хоси сукунати ин намуди суғур ба ҳисоб мераванд. Оилаҳои алоҳидаи суғурҳо дар атрофи барфтӯдаҳо, ки аз ҳисоби обшавии ботадриҷи онҳо сабзиши растаниҳои сабз таъмин мегардад, зиндагӣ мекарданд.

Саршумор

Соли 1960 масоҳати муҳити сукунати суғури Мензбир 4600 га ва саршумори умумии он 70-72 фардро ташкил медод. Солҳои 60-70- уми асри гузашта саршумори ин намуд тамоман маҳдуд гардида, оилаҳои ҷудогонаи он дар ибтидои солҳои 80-уми асри гузашта пурра маҳв гардиданд.

Хусусиятҳои биологӣ

Моҳҳои март-май фаъол гашта, моҳҳои август-сентябр ба хоби зимистона меравад. 2-7 бача таваллуд мекунад. Дар 3-солагӣ ба балоғат мерасад. Аз реша, лӯндак, сабзаи растаниҳои эфемерӣ ва эфемероидӣ, барг, поя ва гули растаниҳои сабз ғизо мегирад.

Омилҳои маҳдудкунанда

Таназзули муҳити зист дар натиҷаи азхудкунии болооби Оқтош ва минтақаҳои ҳамсарҳади он, шикори ғайриқонунӣ ва аз ҳад зиёд чаронидани   чорво сабабҳои асосии маҳв гардидани ин намуд гардидааст.

Тадбирҳои ҳифз

Ба мақсади барқарор намудани ҷамоаи суғури Мензбир дар ғӯруқи Оқтош онро аз мамнуъгоҳи Чатқол (Ӯзбекистон) оварда ба шароити қаторкӯҳи Қурама аз нав мутобиқ намудан зарур аст.

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед