16 сентябр – Рӯзи байналмилалии ҳифзи қабати озон. Мо як сайёра дорем ва агар бо он муносибати хуб дошта бошем, он низ ба мо муносибати хуб хоҳад кард!

0
63
боздид

ИҶРОИ УҲДАДОРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР НАЗДИ КОНВЕНСИЯИ ВЕНА ОИД БА ҲИФЗИ ҚАБАТИ ОЗОН

Санаи 27 сентябри соли 2021 дар конфронс-толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зист, БРСММ, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ ва коршиносони дигар ташкилотҳои байналмилалӣ аз кишварҳои хориҷӣ конференсияи миллӣ таҳти унвони “Ҳифзи қабати озон ва системаи иқлими глобалӣ дар доираи ислоҳоти Кигалӣ ба Протоколи Монреал” баргузор гардид.

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон дар ифтитоҳи чорабинӣ нахуст доир ба ҳамроҳ гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Вена оид ба ҳифзи қабати озон, тасдиқ намудани тағйироту иловаҳои Лондон, Копенгаген, Монреал ва Пекин ба Протоколи Монреалро оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон сухан ронда истода, зикр намуд, ки татбиқи Созишномаҳои мазкур барои ҳифзи саломатии инсон ва муҳити зист аз оқибатҳои номусоиди фаъолияти антропогенӣ, ки ҳолати қабати озонро тағйир медиҳанд, нигаронида шудаанд.
Тавре Шерализода Б.А. қайд намуд, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созишномаҳои байналмилалӣ барои танзим намудани моддаҳои вайронкунандаи қабати озон мунтазам чорабиниҳоро роҳандозӣ менамояд.


Бо ташаббуси Кумита ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муайян намудани анбори нигоҳдории муваққатии моддаҳои вайронкунандаи қабати озон, ки истифодаашон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардидааст, дархост карда шуда буд. Анбори нигоҳдории муваққатии ин намуди моддаҳо дар ҳудуди заводи химиявии ноҳияи Ёвон муайян карда шуд. Айни замон анбор бо дастгирии БРСММ дар Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи “Баровардани пурраи ГХФК аз муомилот бо роҳи ворид кардани технологияҳои бе иқтидори вайронкунандаи қабати озон ва иқтидори ками гармшавии иқлим” пурра аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, барои истифода омода мебошад.
Зикр гардид, ки Кумита дар доираи лоиҳаи зикршуда ҳамкориро бо БРСММ зич ба роҳ монда, корҳои муайянеро аз қабили омўзиши мутахассисон, мутобиқнамоии қонунгузории соҳавӣ, бурдани корҳои таблиғотӣ, муҷҷаҳаз намудани Маркази миллии озон бо таҷҳизотҳои зарурӣ, тақвият додани фаъолияти назоратӣ дар ин самт, иҷозатномакунонии истифодабарандагони моддаҳои вайронкунандаи қабати озон амалӣ намуда истодааст.
Соли ҷорӣ бо мақсади содда гардонидани низоми иҷозатномадиҳӣ дар самти муомилот бо моддаҳои вайронкунандаи қабати озон лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 3 апрели соли 2007, № 172 таҳия гардида, дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
Дар охири суханрониаш Шерализода Б.А. тазаккур намуд, ки айни замон лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи ислоҳоти Кигалӣ ба Протоколи Монреал оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон” аз ҷониби Кумита таҳия гардида, бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа шуда истодааст.

Сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабурзода Мирзодавлат дар маърӯзаи худ таъкид намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими қонунгузорӣ ҷиҳати татбиқи талаботҳои Созишномаҳои байналмилалӣ низ дар самти ҳифзи муҳити зист корҳои муайянеро анҷом додааст. Аз ҷумла, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили қонунҳои соҳавӣ ва қарорҳои дахлдор қабул гардидаанд, ки механизми татбиқи Созишномаҳои байналмилалиро таъмин менамоянд. Айни замон таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани газҳои гулхонаӣ барои истеҳсоли энергияи “сабз” равона гардидааст. Аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ба Котиботи Конвенсияи Вена оид ба ҳифзи қабати озон ҳисоботҳо саривақтӣ ва бо назардошти пешниҳод карда мешавад.
Намояндаи доимии БРСММ дар Тоҷикистон хонум Пратибха Мехта зимни суханронии хеш доир ба муҳим будани нақши офтоб ва қабати озон дар ҳаёт ибрози назар намуда, зикр сохт, ки Тоҷикистон уҳдадориҳои худро дар назди Конвенсияи Вена оид ба ҳифзи қабати озон сари вақт иҷро карда истодааст. Бино ба таъкиди хонум П.Мехта Намояндагии доимии БРСММ дар Тоҷикистон бо роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зист барои пурра аз байн баровардани ашёҳои бо ХФУ фаъолияткунанда, ки яке аз шартҳои асосии Ислоҳоти Кигали ба Протоколи Монреал маҳсуб меёбад, ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст.
Пас аз суханони ифтитоҳӣ видеофилме, ки аз тарафи кормандони эҷодии ТВ “Сафина” бо номи “Қабати озонро ҳифз мекунем” таҳия гаштааст, ба маърази тамошо гузошта шуд.

Сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфераи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Судуров Сайисмон зимни маърӯзааш ҷиҳати танзими моддаҳои вайронкунандаи қабати озон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тазаккур сохт, ки ҳамасола аз ҷониби мақомоти давлатии ҳифзи муҳити зист бо мақсади ба танзим даровардани истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон назорати давлатӣ нисбати истифодабарандагони ин моддаҳо татбиқ гашта, барои дар доираи қонунгузорӣ амалӣ намудани фаъолият чораҳои дахлдор андешида мешавад. Дар субъектҳои хоҷагидори дорои намудҳои МВО-и манъгардида тавсия дода мешавад, ки онҳо барои интиқол додани ин намуди моддаҳо ба анбори нигоҳдории МВО чораҷўӣ намоянд.
Гузашта аз ин, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият барои муомилот, яъне воридот, нигоҳдорӣ ва истифодаи МВО гирифтани иҷозатнома пешбинӣ гардидааст. Бо фармоиши Раиси Кумита Комиссияи иҷозатномадиҳӣ таъсис дода шудааст. Бинобар ин, истифодаи ин намуди моддаҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси иҷозатномаҳо талаб карда мешавад. Ҳамасола бо фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист барои воридкунандагони МВО квота (ҳисса) ҷудо карда мешавад.
Дар самти корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ва баланд бардоштани донишҳо доир ба қабати озон Судуров С. қайд намуд, ки ҳар сол рўзи байналмилалии ҳифзи қабати озон-16 сентябр аз ҷониби Кумита бо ҷалби хонандагони муасисаҳои таълимӣ чорабинии таблиғотии “Флеш Моб” ва викторина дар мавзўи “Қабати озонро ҳифз менамоем” гузаронида мешавад, ки онҳо бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи қабати озон дар соли ҷорӣ чунин як чорабинии ташвиқотӣ бо хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 94-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гузаронида шуд.

Аз воридкунандагон ва истифодабарандагон ҳамчунин маълумоти омории миқдори воридот ва истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ҷамъоварӣ карда шуда, ба Котиботи Конвенсияи Вена дар бораи ҳифзи қабати озон ҳамасола ҳисобот оид ба уҳдадориҳои Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
Айни замон аз тарафи Агентии омори ҷумҳурӣ шакли махсуси ҳисоботсупорӣ оид ба истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон таҳия ва тасдиқ карда шудааст, ки тибқи он минбаъд шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолияташон ба истифодаи ин моддаҳо марбут аст, ҳисоботи оморӣ месупоранд. Яъне тартиби ҳисоботсупорӣ дар ин самт ҷорӣ карда шудааст. Қобили зикр аст, ки лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон “Дар хусуси тасдиқи Ислоҳоти Кигали ба Протоколи Монреал оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озони Конвенсияи Вена дар бораи ҳифзи қабати озон” ки барои хулоса ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод гардидааст. Дар ин самт корҳо идома доранд.
Менеҷери лоиҳаи БРСММ/ГЭФ Хуршед Холов доир ба натиҷаҳои лоиҳаи БРСММ/ГЭФ “Пурра баровардани ГХФК аз муомилот тавассути ворид кардани технологияҳои дорои иқтидори коҳиш додани моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва гармшавии иқлим”, ки аз моҳи январи соли 2019 оғоз гардида, июни соли 2022 ба анҷом мерасад, маърӯза намуд. Зимни маърӯза қайд гардид, ки яке аз шарикони асосӣ барои амалигардонии лоиҳа Кумитаи ҳифзи муҳити зист мебошад. Тоҷикистон шартҳои Протоколи Монреалро аз рӯи нишондиҳандаҳои ҳадафраси коҳишдиҳии ГХФК 0,5% барои як солро риоя мекунад. Ҳисоботҳо доир ба истифодаи ГХФК дар солҳои 2018, 2019 ва 2020 ба Котиботи Конвенсияи озон саривақт ва бо сифати баланд пешниҳод гардидаанд.
Дар самти қонунгузории миллӣ қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи квота барои ворид намудани ГХФК дар давраи солҳои 2020-2030” қарор қабул намуд. Бастаи санадҳо ва зерсанадҳо барои ратификатсия намудани ислоҳоти Кигали ба Протоколи Монреал омода ва ба Ҳукумат ва Парлумон барои баррасии ниҳоӣ ва тасдиқ пешниҳод карда шуд.
Қайд гардид, ки барои намояндагони Хадамоти гумрук дар давоми солҳои 2019-2020-ум 5 тренгинг ташкил карда шуд, ки 103 нафар кормандони гумрук ва 12 нозирон оид ба экология аз минтақаҳои Суғд, Хатлон, Душанбе ва навоҳии тобеи марказ иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар конфронс ҳамчунин ҳамоҳангсози техникии лоиҳа Хуршед Ҳусайнов дар мавзӯи “Истифодаи моддаҳои вайронкунандаи озон ва ГФК (F — газҳо), масолеҳ ва таҷҳизоти дорои онҳо”, мудири лабораторияи физикаи атмосфераи Институти физикаю техникии ба номи С.Умаров, профессор Сабур Абдуллоев дар мавзӯи “Тагйирёбии таркиби озон дар атмосфераи минтақаи нимбиёбони Тоҷикистон”, мудири кафедраи ҳуқуқшиносӣ оид ба корҳои байналмилалии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Хуршед Носиров дар мавзӯи “Аҳдномаҳои байналмилалӣ ва ҷанбаҳои қонунгузории ҳифзи қабати озон дар Тоҷикистон”, роҳбари Маркази миллии озони Ҷумҳурии Қирғизистон Марс Аманалиев дар мавзӯи “Дар бораи тасвиби Ислоҳоти Кигали дар Қирғизистон” ба таври маҷозӣ, директори Маркази ифлоскунандаҳои устувори органикии Кумита Абдусалим Ҷӯраев дар мавзӯи “Нақшаи миллии амалисозӣ (НМА) – Ҳуҷҷати амалӣ барои иҷрои ӯҳдадориҳои Конвесияи Стокголм” рӯнамоҳояшонро пешкаши иштирокчиёни конфронс гардониданд.

Ҷ. Яқубов,

“Инсон ва табиат”

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед