Аз даштҳои Қазоқистон cap карда, то обҳои уқёнуси Ором ва биёбонҳои Австралия — озмоишҳои яроқи ядроӣ кайҳо боз табиати сайёраи моро заҳролуд мекунанд.
Рӯзи байналмилалии амал бар зидди озмоишҳои ҳастаӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун эътирофи хисороти фоҷиавии дарозмуддати силоҳи ҳастаӣ таҷлил мешавад. Ин эҳтиром ба онҳоест, ки дар натиҷаи ҷангҳои ядроӣ зарар дидаанд. Ин ҳамчунин ҳушдор ба аҳли ҷаҳон аст, то доир ба зарурати ҷорӣ намудани манъи ҳатмии хамаи озмоишҳои яроқи ҳастаӣ қарор қабул намоянд.
Хавфҳои вобаста ба яроқи ҳастаӣ ба сатҳи нав баромадаанд ва Шартномаи манъи озмоишҳои умумии яроқи ҳастаӣ бояд ба зудӣ эътибор пайдо кунад ва бо системаи самарабахши танзим таҳким бахшида шавад.
Муншии Маҷмаи Умумии СММ Антониу Гутерриш дар суханрониаш бахшида ба рӯзи амал бар зидди озиоишҳои ҳастаӣ чунин таъкид намуд:
— “Дар чаҳони мо ба яроқи ҳастаӣ ҷой нест. Истифодаи он аз худ вайронаҳоро боқӣ мегузорад. Дар ин рӯзи муҳим, ман аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват мекунам, ки барои зинда мондан ва некӯаҳволии ҳам одамон ва ҳам сайёраи мо амал кунанд. Биёед ба озмоишҳои яроқи ҳастаӣ абадан хотима гузорем ва яроқи ҳастаиро ба партовгоҳи таърих равон намоем”.
КАМОЛОВА ЛАТОФАТ, ОМӮЗГОРИ ФАННИ ФИЗИКАИ Коллеҷи тиббии ш. Ҳисор