РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МУҲИТИ ЗИСТ дар БОҒИ НАЗДИ ШАРШАРАИ «НАВРӮЗГОҲ» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

0
150
боздид
Таҷлили 45 солагии Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист дар "Наврӯзгоҳ"-и шаҳри Душанбе

47 сол қабл аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид санаи 5 июн бо маќсади ҳушдор додани инсоният аз зуҳури муаммоҳои экологӣ ва ба хотири мусоидат намудан ба бењдошти вазъи муњити зист ҳамчун Рўзи умумиҷаҳонии муҳити зист эълон гардид. Қобили зикр аст, ки ин сана чун иқдоми байналмилалӣ аз «Муроҷиатномаи Ментовӣ» ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид, ки 11 майи соли 1971 аз ҷониби 2200 нафар ходимони илму фарҳанги 23 кишвар ба имзо расида буд, сарчашма мегирад. Дар Муроҷиатнома олимон аз оқибатҳои нохуши ифлосшавии муҳити зист ба инсоният бонги хатар зада буданд. Баъд аз як сол (1972) дар пойтахти Шведсия — шаҳри Стокголм бо иштироки намояндагони 113 кишвар Конфронси умумиҷаҳонб оид ба ҳифзи муҳити зист барои ҷашнгирии ҳамасолаи Рўзи умумиҷаҳонии муҳити зист қарор қабул гардид. Аз ҳамон сол инҷониб бо ташаббуси Барномаи СММ оид ба муҳити зист (ЮНЕП) дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон, 5 июн чун Рўзи умумиҷаҳонии муҳити зист дар мамлакатҳои мухталиф дар шакли гирдиҳамоиву роҳпаймоиҳо, велосипедронӣ ва ҷашнҳои “сабз” таҷлил мегардад.

Ёдовар бояд шуд, ки бо назардошти муҳимиятии мавзӯъ ҳамасола аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ шиор ва барои баргузории ҷашн яке аз кишварҳои дунё интихоб карда мешавад. Ҳанӯз 15 марти соли 2019 дар Дафтари марказии Барномаи СММ оид муҳити зист (UNEP) – ш. Найроби бо иштироки вазирони муҳити зист Форуми ҷаҳонӣ баргузор гардид. Тибқи овоздиҳии иштирокчиёни Форум чорабиниҳои идона  ба ифлосшавии ҳаво марбут буда, Чин ҳамчун кишвари ташаббускоре, ки ба муқобили ифлосшавии ҳаво саъю талош меварзад, макони баргузории ҷашн интихоб гардид. 

          Дар робита ба ҳамин мавзӯъ қайд кардан зарур аст, ки ифлосшавии ҳаво ба сифати ҳаёт ва саломатии одамон таъсири манфӣ мерасонад ва аз ҷониби дигар газҳои гулхонаӣ боиси таъсири тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои манфӣ мегардад. Ин нукта ба Тоҷикистон сахт марбут аст. Ҳиссаи Тоҷикистон барои партови газҳои гулхонаӣ ночиз бошад ҳам, вале кишвар ба оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим осебпазир аст. Пеш аз ҳама оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлимро дар мисоли обшавии пиряхҳои ҳудуди Тоҷикистон ва афзоиши офатҳои табиӣ мушоҳида кардан мумкин аст, ки ин дар навбати худ ҳамасола ба ҷуз аз хисороти зиёди иқтисодӣ, боиси талафоти ҷони одамон мегардад. 

Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист дар Тоҷикистон шуруъ аз солҳои 2000-ум инҷониб оғоз гардида, ҷашнгирии он сол аз сол дар қаламрави кишвар бо доираи васеи аҳли ҷомеа шукуҳу шаҳомати хоса касб намуда истодааст.

Намоишгоҳ бахшида ба рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист

Тибқи нақша-чорабиниҳое, ки бо фармоиши Раиси Кумита аз 13 майи соли 2019 таҳти № 39 тасдиқ гардидааст, бахшида ба пешвози Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист ҳама биноҳои маъмурии Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва зерсохторҳои он бо шиору овезаҳои идона оро дода шуданд. Дар раёсатҳо, шуъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зисти вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, инчунин муассисаҳои зертобеъ бахшида ба ҷашни экологҳо маҷлисҳои тантанавӣ барпо карда мешавад.

 Моҳи марти соли ҷорӣ аз тарафи Кумита миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти мактабҳои умумӣ дар 6 номинатсия озмун эълон гашта буд. Комиссияи озмун пас аз баҳогузорӣ ба корҳои беҳтарин ғолибонро муайян ва дар рӯзи ҷашн аз тарафи роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо мукофотҳои пуливу ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда хоҳанд шуд.

Масъули баргузории ҷашни экологҳо дар пойтахт ба дӯши Раёсати ҳифзи муҳити зисти ш. Душанбе вогузор шудааст. Дар робита ба корҳои омодагӣ барои таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист сармутахассиси Раёсати ҳифзи муҳити зисти ш. Душанбе Саидаҳмад Акрампур чунин гуфт: —  “Мутобиқ ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 17 майи соли ҷорӣ бахшида ба пешвози Рўзи умумиҷаҳонии муҳити зист дар боғи назди шаршараи “Наврӯзгоҳ” чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони «Душанбе — маскани озодагон» баргузор мегардад.

Таҷлили имсолаи Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист бинобар сабаби мувофиқ омадан бо Иди Рамазон ба санаи 6 июн гузаронида шуд. Саҳна дар назди шаршара гузошта шуда, дар муқобили он барои 200 нафар меҳмонон ҷой ташкил карда мешавад. Дар намоишгоҳи ҷашнӣ маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза ва безарари корхонаҳои хӯрокворӣ ба маърази тамошо гузошта хоҳад шуд”. 

 Ба гуфтаи манбаъ ба намоишгоҳ инчунин аз донишгоҳу донишкадаҳо, мактабҳои ҳамагонӣ, намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ даъватӣ ҳастанд, то дастовардҳояшонро дар самти коҳишдиҳии тағйирёбии иқлим ва беҳдошти муҳити зист ба маърази тамошо гузоранд.

Қобили зикр аст, ки ҳайати комиссияи тадорукотӣ таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе — Раҳимзода Т.К., раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — Гулмаҳмадзода Д.Қ., намояндаи Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ, раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Самӣ Шариф ва дигарон аз дастовардҳои экологии ташкилоту идораҳо дидан менамоянд. Пас аз ҷамъбасти озмун ва баҳогузории ҳайати комиссияи тадорукотӣ маҳфили шеъру суруд доир карда мешавад.

Ҷамолиддин ЯКУБОВ 

«Инсон ва табиат»

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед