0
400
боздид
Сустшавии суръати ҳаракати Голфстрим метавонад ба оқибатҳои харобиовар дар тамоми сайёра оварда расонад.

Нақши Голфстрим дар шаклгирии иқлим   

Мо аллакай ба зимистонҳои нарм ва тобистонҳои гарми аз меъёр зиёд одат кардаем. Вале олимоне, ки дар институти тадқиқотии Потсдам ба таъсири иқлим машғуланд, огоҳ мекунанд, ки зимистон дар Аврупо эҳтимолан хунук шавад. Вайроншавии сиркулятсия ё гирдгардиши об дар уқёнусҳо ва сустшавии суръати ҳаракати Голфстрим метавонад ба оқибатҳои харобиовар дар тамоми сайёра оварда расонад. Маҷаллаи «Nature» натиҷаҳои тадқиқоти олимони    институти Потсдамро, ки таҳти роҳбарии профессор Стефан Рамсторф анҷом ёфта буд, ба табъ расонд. Тибқи хулосаи муҳаққиқон раванди сиркулятсияи об дар уқёнусҳо ба оҳистагӣ ҷараён гирифта, дар навбати худ ба сустшавии суръати ҳаракати ҷараёни Голфстрим оварда мерасонад, ки харобиҳои зиёд ба бор хоҳад дошт. Зимистони сард дар Аврупо ва баландшавии сатҳи об ба шаҳрҳои бузурги наздисоҳилии қисмати шарқии ИМА, аз ҷумла ба Ню-Йорк ва Бостон зарари ҷиддӣ хоҳад расонид. Тибқи маълумотҳои олимон ҷараёни Голфстрим боиси иқлими нарми Аврупои Шимолӣ гашта, барои сокинони қисмати ҷанубию шарқии ИМА шароити мусоид фароҳам меорад, ки таи якчанд соли охир бо суръати баланд ҳаракаташро суст мекунад. Профессор Стефан Рамсторф дар ин бора чунин мегўяд:

«Ба мушоҳида мерасад, ки дар як ноҳияи мушаххаси Атлантикаи Шимолӣ таи сад соли ахир сард асту дар дигар минтақаҳои олам гармо ҳукмфармоӣ мекунад. Акнун мо санадҳои муътамадеро пайдо кардем, ки суръати конвейери глобалӣ (манзур-Голфстрим) аз соли 1970 инҷониб суст гаштааст». Маълумотҳои ба дастовардаи олимон тасдиқ мекунанд, ки мувофиқи баландшавии ҳарорати глобалӣ дар робита ба тағйирёбии иқлим вилоятҳое, ки бо таъсири Голфстрим гарм мешуданд, пастшавии ҳарорат бахусус дар давраи зимистон мушоҳида мегардад. Шохоби оби гарм аз экватор тавассути халиҷи Мексика, ба воситаи уқёнус ҷараён гирифта, баъдан ба боло, бо қисми ғарбии Британияи Кабир ва Норвегия ҳаракат мекунад, ки боиси иқлими гарм дар Аврупои Ғарбӣ мешавад. Ин имкон медиҳад, ки ҳудуди Аврупои шимолӣ аз боришоти зиёди барф ва яхбандӣ эмин монда, дар фасли зимистон ҳарорати ҳаво нисбатан нармтар гардад. Олимону коршиносон бар ин назаранд, ки ҳарорати миёнаи об дар қисми шимолии уқёнуси Атлантика нисбат ба нишондиҳандаҳои модели компутерӣ, ки пештар ошкор гашта буд, сардтар мешавад. Тибқи ҳисобу китоби онҳо дар давраи солҳои 1900 ва 1970 аз Гренландия ба уқёнуси Атлантика 8000 км оби ширин ворид шудааст. Ба ҷуз ин дар давоми солҳои 1970-2000-ум аз ин сарчашма иловатан 13000 км3 оби ширин ворид гаштааст. Оби ширин нисбат ба оби шўри уқёнус зичии камтар дорад. Дар солҳои 90-ум сиркулятсияи барқароршавӣ оғоз гардид, вале баъдан маълум шуд, ки чунин раванд муваққатӣ аст. Дар солҳои 2009-2010 олимони амрикоӣ баландшавии ногаҳонии сатҳи обро ба андозаи 10 см. дар Атлантика, дар қисмати шарқии наздисоҳилии Америка ба қайд гирифта буданд. Дар он давра сустшавии гирдгардиши об акнун сар шуда буд. Дар ҳолати якбора сустшавӣ сатҳи об метавонад ба 1 метр боло равад. Олимон ҳисоб кардаанд, ки гармии ҷараёни Голфстрим ба ҳадде пурзўр аст, ки он нисбат ба ҳама дарёҳои сайёра қудрату тавони бурдани оби бештарро дорад. Сарфи назар аз нерўи тавоно доштанаш Голфстрим ҳамагӣ ягона ҷараёни ҳароратноку шўри гирдгардиши оби ҷаҳонӣ мебошад. Ҷузъҳои таркибии он дар Атлантикаи Шимолӣ, аз ҷои ҷараёнгирии Голфстрим воқеъ гаштааст. Бинобар ин, иқрор бояд шуд, ки Голфстрим дар шакл гирифтани иқлими сайёра нақши муҳим мебозад.

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед