САГОБӢ

0
975
боздид
Сагобӣ -намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад.

 

АЗ КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

САГОБӢ (САГЛОБ) Lutra lutra (Linnaeus, 1758)

Қатори Дарандагон — Carnivora

Оилаи Мири мушон — Mustelidae. 

МАҚОМИ ҲИФЗ

Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN. Ба рӯйхати сурхи ИБҲТ ва замимаи 1 Конвенсия «Дар бораи савдои байналхалқии намудҳои флора ва фаунаи ёбоӣ, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд» (CITES) ворид гардидааст.

МУҲИТИ СУКУНАТ

Сагобӣ сокини доимии рӯдҳои кӯҳие мебошад, ки аз моҳӣ ғанӣ буда, обашон ях намебандад. Дар зери тӯдаи шахпораҳои соҳил ё анбӯҳи туғайзори ангат, санҷид, най, ғеша ва ғайра лона месозад. Мавҷудияти сагобиро дар ин ё он маҳал аз рӯи изи хосаш (пардаи байни ангуштҳо), ки дар реги қад- қади дарё мегузорад, муайян кар- дан мумкин аст.

САРШУМОР

Охири солҳои 60-уми асри гузашта дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» 18 фард, иб- тидои солҳои 70-ум 7 фарди сагобӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар мамнуъгоҳи «Ромит» (дарёи Сардаи Миёна) 3 фард, дар соҳилҳои дарёи Сорбо 2 фард во хӯрдааст. Охири солҳои 70-уми асри гузашта дар водии Зарафшон (то Панҷакент) саршумори ками он (дар 10-15 км 2 фард) ба қайд гирифта шудааст. Дар дарёҳои Шӯроб, Сурхоб, Сорбо ва ғ. фардҳои алоҳидаи он дар қитъаҳои маҳдуд аҳён-аҳён вомехӯрад.

Сагобиҳо дар сесолагӣ болиғ мегарданд, вале ҳар сол насл намеоваранд. Давраи ҳомилагӣ 9-10 моҳ идома ёфта, моҳҳои феврал апрел 2-4, баъзан то 5 насл медиҳад.

ОМИЛҲОИ МАҲДУДКУНАНДА

Шикори ғайриқонунӣ, босуръат аз худ кардани муҳити сукунат, пасту баланд шудани сатҳи об, ба обанборҳо партофтани партовҳои саноатӣ, боиси маҳдудшавии саршумор ва мавзеъҳои зисти сагобӣ гардидааст.

ТАДБИРҲОИ ҲИФЗ

Мавзеъҳои паҳншавӣ ва лонагузории сагобиро ба қайд гирифта, онҳоро зери муҳофизат қарор додан зарур аст. Корҳои тарғиботиро оид ба ҳифзи он дар байни оммаи васеъ ба роҳ мондан лозим аст.

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед