Иҷрои тадбирҳо оид ба пешгирии гармшавии глобалӣ хеле гарон хоҳад буд. Дар ин бора Дабири кулли СММ дар паёми видеоии худ ба иштирокчиёни музокироти иқлимии Санкт-Петербург, ки дар Берлин баргузор шуд, ҳушдор дод. Роҳбари СММ пешниҳод кард, ки пас аз поёни пандемия дар доираи чораҳои барқарорсозӣ диққати асосӣ ба рушди иқтисоди сабз равона гашта ва ба ҳамкориҳои бисёрҷониба такя карда шавад.
«COVID -19 ҳаёти миллиардҳо одамони кишварҳои дунёро халалдор кард, ранҷу азобҳои шадид овард ва ба иқтисоди ҷаҳон рахна ворид сохт. Бӯҳрони ҳозира қобилияти ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устуворро коҳиш медиҳад»-изҳор дошт Дабири кулли СММ.
Вай итминон дорад, ки мубориза бо коронавирус роҳбарии далерона ва бинишро дар асоси ҳамкорӣ талаб мекунад. Ҳамин гуна роҳбарӣ барои муқовимат бо «таҳдиди марбут ба тағирёбии иқлим» лозим аст. Бино ба гуфтаи Антониу Гутерриш соли 2019 дуввум гармтарин дар таърих ва даҳсолаи гузашта — гармтарин дар таърихи инсоният буд.

«Мо бояд нисбати пешбурди рушди устувор ва коҳиши партобҳои газҳои гармхонаӣ чораҳои фаврӣ андешем ва нагузорем, ки болоравии ҳарорати глобалӣ аз 1,5 дараҷа Селсия баланд шавад» – таъкид намуд роҳбари СММ. Вай илова намуд, ки инсоният имрӯз барои мубориза бурдан алайҳи гармшавии глобалӣ технологияҳои заруриро дар ихтиёри худ дорад.
Бино ба гуфтаи Роҳбари СММ, аммо то ҳол иродаи зарурии сиёсӣ намерасад. Антониу Гуттериш аз ҳамаи кишварҳо даъват ба амал овард, ки барои коҳиш додани ихроҷи карбон то соли 2050 саъю талош ба харҷ диҳанд. Ва барои ин, маблағгузории кофӣ лозим аст. Барои андешидани чораҳо нисбати коҳишдиҳӣ ва мутобиқшавӣ аз кишварҳои рӯ ба тараққӣ дар як сол 100 миллиард доллари ваъдашударо ҷамъ овардан лозим аст» – гуфт Дабири кулл.

ИНСОН ва ТАБИАТ