АГАР БАҲОР БАРВАҚТ ВА КАМБОРИШ ОЯД

0
486
боздид
Чораҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим

 

АГАР БАҲОР БАРВАҚТ ВА КАМБОРИШ ОЯД 

 ва ё чораҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим

Соли 2001 Созмони Милали Муттаҳид ҳисоботеро пешниҳод кард, ки дар он хулосаи  иқлимшиносони бисёр  кишварҳо дар бораи ояндаи иқлими сайёра дарҷ ёфта буд. Мувофиқи хулосаи олимон иқлими сайёраи мо  ояндаи наздик ба ҳисоби миёна  аз 1,5 то 5,8 дараҷа гарм хоҳад шуд. То ин дараҷа гармшавии иқлим боиси  обшавии босуръати пиряхҳо, омадани сел, обхезиву тӯфон ва дигар офатҳои табиӣ мегардад.

Имрӯз нишонаҳои тағйирёбии иқлим барои ғайримутахассис ҳам аён аст. Сол то сол зимистон гарму кӯтоҳ шуда, баҳор барвақт фаро мерасад. Баҳор камбориш меояду тобистон ғайричашмдошт борони сел меборад. Ё ин ки мисли моҳи ноябри соли равон дар фасли тирамоҳ раъду барқ мешавад.

Аз як тараф барвақт омадани баҳор хуб аст. Масалан, соли 2016 аксари дарахтон дар водиҳои Вахшу Ҳисор моҳи феврал гул карданд. Ҳама гумон доштанд, ки гули дарахтонро сармо мезанад. Хушбахтона, ин тавр  нашуд. Аммо аз сабаби гарм омадани зимистон баъзе намудҳои  ҳашароти зараррасон зимистонро бе талафот сипарӣ карда, насли зиёд доданд. Махсусан, куяи помидор боиси аз байн рафтани ҳосили зиёд гардид. Дар натиҷа дар фасли тобистон нархи як кило помидор ба 3- 5 сомонӣ расид. Ҳол он ки тобистони соли 2015 ин рақам 0,7- 1 сомониро ташкил медод.

Аз рӯи мушоҳидаҳои чанд соли охир мебинем, ки моҳи май  боронгарӣ кам мешавад. Танҳо он деҳқононе ҳосили хуб рӯёнда метавонанд, ки кишти тирамоҳиро саривақт гузаронида бошанд.

Аммо аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки дар сурати хушк омадани тирамоҳ тухмӣ ва сӯзишворӣ беҳуда сарф мешавад. Масалан, имсол дар фасли тирамоҳ борон хеле кам борид. Аксар деҳқонон аз тарси талаф ёфтани тухмӣ кишти тирамоҳиро нагузарониданд. Зеро агар борон набошад, тухмӣ туъмаи паррандагон мешавад. Аз ин рӯ, тағйирёбии иқлим метавонад мушкилиҳои зиёдеро пеш орад.

Академики Академияи илмҳои табиии Россия, профессор Юрий Новиков дар китоби «Экология, муҳити зист ва инсон» оиди оқибатҳои тағйирёбии иқлим чунин нигоштааст: «Гармшавии иқлим боиси баландшавии сатҳи Уқёнуси ҷаҳонӣ гашта, як қатор ҷазираю давлатҳоро метавонад хароб кунад. Коршиносон тахмин мекунанд, ки шояд то охири асри XXI сатҳи Уқёнуси ҷаҳонӣ то 1 метр баланд шавад. Чунин тағйирот дар баъзе кишварҳо боиси хушксолӣ, пастшавии ҳосил, гуруснагӣ ва эпидемияҳо мешавад. Парандаҳои муҳоҷир аз ҷануби гарм ба шимол барвақттар  омада, дертар меистанд… Норасоии оби нӯшокӣ бештар эҳсос мешавад».

Сабабҳои тағйирёбии иқлим кадомҳоянд?  Иқлимшиноси шӯравӣ Н.И. Будико ҳанӯз соли 1962 фарзияеро пешниҳод намуда буд, ки мувофиқи он аз ҷониби инсон сӯзондани миқдори зиёди сӯзишвориҳои карбондор, махсусан баъди нимаи асри XX ба зиёдшавии миқдори гази карбонат дар атмосфера сабаб мешавад. Гази карбонат дар навбати худ гармии аз  сатҳи замин ба кайҳон  мебаромадаро нигоҳ медорад, ки ин ба эффекти парникӣ оварда мерасонад. Ба хулосаҳои Н. Будиков иқлимшиносони амрикоӣ таваҷҷуҳ карда, охири солҳои шастум  муайян намудаанд, ки эффекти  парникӣ дар замин вуҷуд дорад ва таъсири он сол то сол зиёд мешавад.

Инсон бо дасти худ муҳити зисташро ифлосу хароб карда истодааст. Аммо дар дунё садҳо ҳазор нафар  низ ҳастанд, ки бо ташаббусҳои экологии худ аҳли ҷомеаро ба барқароркунии табиат даъват менамоянд.

-Ангиштсанг, нефт ва газ манбаъҳои  барқарорнашавандаи энергия ба шумор мераванд, -мегӯяд академики Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, доктори илмҳои химия Ҳаким Аҳмадов – Энергияи офтобу шамол, биогаз, дарёҳо манбаъҳои барқароршаванда ба ҳисоб рафта, фазоро ифлос намекунанд. Албатта, таҷҳизоти офтобию  шамолӣ ва биогаз дар назари аввал қимат менамоянд. Вале дар шароите, ки нархи барқу газ торафт баланд шуда истодааст, таҷҳизоти мазкур хароҷоташонро зуд мебароранд.

Тоҷикистон ҷумҳурии офтобӣ буда,  давомнокии солонаи рӯшноии офтоб дар ҳудуди мамлакат аз 2100 то 3170 соатро ташкил медиҳад. Насб кардани таҷҳизоти барқдиҳӣ ва обгармкунии офтобӣ метавонад тамоми сол як  оилаи миёнаро бо барқу оби гарм таъмин намояд. Ҳамчунин бо насб кардани таҷҳизоти биогаз метавон аз порӯи ҳайвоноту паррандагон, партовҳои соҳаи кишоварзӣ, гази биологӣ истеҳсол кард. Аз рӯйи ҳисоби  олимони Академияи илмҳои ҷумҳурӣ аз  порӯи ҳайвонот дар ҷумҳурӣ соле 1 миллион метри кубӣ гази билогӣ истеҳсол кардан мумкин аст.

— Вақте гази метан дар шакли холис ба атмосфера мебарояд, қабати гармиро ба вуҷуд меорад. – мегӯяд сармутахассиси Экспертизаи давлатии экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалил Халилов – Аммо сӯхтани метан ягон таъсири бад надорад. Аз сӯхтани метан партов ҳосил намешавад. Бинобар ин дар натиҷаи сӯзиши газҳои табиӣ ба атмосфера таъсири  манфии камтар мерасад. Аз ин рӯ, кишварҳои пешрафта  газҳои табииро бештар истифода мебаранд.

Аммо то ҳол на ҳама кишоварзон ва соҳибкорон аз оқибатҳои эҳтимолии тағйирёбии иқлим ва мутобиқ шудан ба он огоҳӣ доранд. Тавассути ВАО, ҳамчунин гузаронидани  семинару тренингҳо мутобиқшавӣ ба таъсири тағйирёбии иқлимро ба сокинони деҳот  хотиррасон бояд кард. Баргузории чунин чорабиниҳо маърифати экологии аҳолиро баланд бардошта, баҳри ба сарватҳои табиат муносибати дилсӯзона кардан, сарфаю сариштакорӣ ва дар  шароити тағйирёбии иқлим тобовар шуданро ёд медиҳад.

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед