Аксияи “Тозагии маҳал” бо иштироки ризокорон (волонтёрон)

0
852
боздид

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар пайи амалигардонии ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шурӯъ аз оғози соли ҷорӣ дар пойтахти кишварамон ва марказҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат баргузории маъракаҳои “Тозагии маҳал” ва “Тозагии соҳил”-ро ба роҳ гузоштааст.

Санаи 10 апрели соли ҷорӣ Маркази Орхуси Душанбеи назди Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо ҷалби ризокорон (волонтёрон) аз ҳисоби донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар маҳаллаи 23-юми пойтахт, воқеъ дар кӯчаи Н. Қарабоев аксияи “Тозагии  маҳал” ташкил ва баргузор намуданд.

Ба донишҷӯён дастпӯшакҳо ва халтаҳои селофании калон ва лавозимоти корӣ барои ҷамъоварии партовҳои назди манзилҳои зист тақсим карда шуд. Дар ин маъракаи экологӣ қариб 40 нафар ихтиёриён ва кормандони Маркази Орхуси Душанбе иштирок намуда, зиёда аз 70 халта партовҳоро ҷамъоварӣ намуданд. Чунин ба назар мерасид, ки аксияи “Тозагии маҳал”-е, ки дар маҳаллаи 23-и пойтахт гузаронида шуд, таваҷҷуҳи бошандагони ин маҳалларо ҷалб намуда, барои боло рафтани сатҳи маърифатнокиашон мусоидат намуд.

Кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Фирдавсӣ ва ташкилоти манзилию коммуналии ноҳияи мазкур халтаҳои ҷамъшудаи партовҳоро тавассути техника ба партовгоҳи марказии пойтахт кашониданд.

                «Инсон ва табиат»

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед