АЛОҚАМАНДИИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ БО ВАЗЪИ МУҲИТИ ЗИСТ

0
207
боздид
Акс аз интернет

Рӯзи умумиҷаҳонии озуқа — ҳамчун санаи хотирмони байналмилалӣ 16 октябри соли 1979 дар конфронси Ташкилоти кишоварзӣ ва озуқа (FAO) -и Созмони Милали Муттаҳид тасмим гирифта шуд. Ҳадафи ин санаи хотирмон баланд бардоштани сатҳи огоҳонии аҳолӣ нисбати мушкилоти озуқаи ҷаҳонӣ ва тақвияти ҳамбастагӣ дар мубориза бо гуруснагӣ, камғизоӣ ва фақр мебошад. Қобили зикр аст, ки ташкилоти  FAO 16 октябри соли 1945 таъсис ёфтааст.

Соли 1980 Маҷмаи Умумии СММ дар Эъломияи махсуси худ (№ A/RES/35/70) аз баргузории ҳамасолаи Рӯзи озуқа бо хушнудӣ пазироӣ кард.

Дар Паёми Муншии СММ (Кофе Аннан) дар мавзӯи Рӯзи умумиҷаҳонии озуқа соли 2005 аз ҷумла гуфта мешавад, ки  сарфи назар аз таъминоти кофии ғизо, зиёда аз 850 миллион нафар дар саросари ҷаҳон аз норасоии ғизо ранҷ мебаранд. Ӯ он замон даъват ба амал оварда буд, ки талошҳо барои расидан ба ҳадафи аввали Эъломияи Ҳазорсола — ду баробар кам кардани ҳиссаи аҳолии аз гуруснагӣ ва камбизоатӣ дучоршаванда афзоиш дода шаванд.

Акс аз Facebook

   Ин сана дар Тоҷикистон низ тайи чанд соли охир таҷлил карда мешавад. Қобили зикр аст, ки таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Дар робита ба ин масъала аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон якчанд қонунҳо ба имзо расидааст. Мақомотҳои дахлдори давлатӣ, ширкатҳои истеҳсолӣ сол аз сол барои ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти аз лиҳози экологӣ талош мекунанд.        

Рӯзи умумиҷаҳонии озуқа имсол дар арафаи таҷлили ҷашни Меҳргон рост омад. Соли 2020 доир ба Рӯзи ҷаҳонии озуқа ба хотири огоҳӣ пайдо кардани сокинон якчанд роликҳои рекламавӣ дар тахтаҳои электронии ш.Душанбе пахш карда шуд. Дар соли ҷорӣ тавассути шабакаҳои ТВ-и Тоҷикистон дар ин мавзӯъ бо намояндагони ташкилоту идораҳои дахлдори давлатӣ ва байналмилалӣ мусоҳиба ва суҳбатҳо намоиш дода шуд.

ОЯНДАИ ОЗУҚАВОРӢ ДАР ДАСТИ МОСТ

Системаи агроғизоӣ (маҳсулоти кишоварзӣ) — як мафҳуми мураккабест, ки шояд аз ҳаёти воқеӣ дур ба назар расад, аммо зиндамонии инсоният маҳз аз ин системаҳо вобаста аст. Иштироки ҳар як ғизо дар кори ин система муҳим ҳисобида мешавад. Интихоби маҳсулоти хӯрокворӣ, инчунин тарзи истеҳсол, коркард, омодасозӣ ва нигоҳдории онҳо ба ҳолати системаҳои агроғизоӣ  таъсири фаъол мерасонад.

Системаи устувори маҳсулоти кишоварзӣ онест, ки дар он интихоби  васеи хӯрокҳои серғизо ва бехатар мавҷуд аст, ки ҳар кас метавонад бо нархи дастрас харидорӣ намояд ва дар доираи он ҳеҷ кас гурусна нест ва аз камии ягон намуди ғизоӣ ранҷ намебарад. Дар растаҳои бозорҳои маҳаллӣ ва мағозаҳои хӯрокворӣ намудҳои зиёди маҳсулоти озуқаворӣ пешниҳоди харидорон аст, аммо партовҳои камтари ғизо ба вуҷуд меоянд ва занҷираҳои таъминоти озуқаворӣ на танҳо ба зарбаҳо, ба монанди обу ҳавои шадид, болоравии нархҳо ё пандемия тобовартаранд, балки инчунин барои коҳиш додани таъсири манфӣ ба муҳити зист ва тағирёбии иқлим мусоидат мекунанд. Дар асл, системаҳои устувори агроғизоӣ амнияти ҷаҳонии озуқаворӣ ва ғизоро бидуни осеб ба заминаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ ба наслҳои оянда таъмин мекунанд. Онҳо ба мо имкон медиҳанд, ки истеҳсолотро такмил диҳем, режими ғизоӣ, ҳолати муҳити зист ва сифати зиндагии ҳар як одамро беҳбуд бахшем.

Акс аз Facebook

Мукаммал гардондани истеҳсолот, беҳбуд бахшидани режими ғизоӣ, ҳолати муҳити зист ва сифати зиндагӣ – чаро ин муҳим аст?

Дар системаҳои маҳсулоти хӯрокаи кишоварзӣ дар саросари ҷаҳон 1 миллиард нафар одамон кор мекунанд, ки шумора нисбат ба дигар соҳаҳои иқтисодӣ бештар аст. Гузашта аз ин, тарзи истеҳсол, истеъмол ва мутаассифона, партофтани ғизо барои сайёраи мо оқибатҳои манфии фалокатбор дошта, ба захираҳои табиӣ, муҳити зист ва иқлим фишорҳои зиёдатӣ меорад.

Аксар вақт истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ боиси бадшавии вазъ ё нобудшавии маконҳои зисти табиӣ ва азбайнравии намудҳо мегардад. Чунин муносибати беэътиноӣ ба мо триллионҳо доллар зарар меорад, аммо муҳимтар аз ҳама, системаҳои агроғизоӣ имрӯз нобаробарӣ ва беадолатиҳои амиқи ҷомеаи ҷаҳонии моро нишон медиҳанд. Се миллиард нафар одамон наметавонанд ғизои солим харидорӣ намоянд, дар ҳоле ки шумораи одамони вазни зиёдатӣ ва фарбеҳӣ дар саросари ҷаҳон афзоиш меёбад.

Пандемияи COVID-19 водор месозад, ки дар бораи зарурати фаврии ба миён овардани тағйири самти кор андеша кунем. Бинобар сабаби хуруҷи пандемия дар ҷаҳон барои деҳқононе, ки ба шароити ноустувори обу ҳаво дучор мешаванд, ҳамзамон барои фурӯши зироатҳояшон  душворӣ мекашанд, дар ҳоле ки афзоиши камбизоатӣ сокинони зиёди шаҳрҳоро маҷбур мекунад, ки ба бонкҳои озуқаворӣ муроҷиат намоянд ва миллионҳо одамон ба кӯмаки таъҷилии ғизо ниёз доранд… Мо ба системаҳои устувори маҳсулоти кишоварзӣ, ки ба соли 2050 қобили 10 миллиард одамро таъмин карда тавонад, ниёз дорем.

“Инсон ва табиат”

 

 

 

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед