Андеша ва маърифати экологӣ
Шароити кунунӣ тақозо менамояд, ки сари ҳар масоили вобаста ба беҳтар гардидани саломатӣ ва зиндагии бидуни хатари худ ва атрофиён андеша намоем.
Бо нафаре перомуни масъалаҳои мубрами экологии замони имрӯза, ки мардумро ба мушкилӣ мувоҷеҳ гардонидааст, сӯҳбат доштем. Вай гуфт: кош 500 сол қабл таваллуд мешудам ва зиндагии осудаҳолона мекардаму аз ҳавои тоза нафас мегирифтам ва чӣ ҳайвону парандае, ки дил мехост шикор мекардам. Касе барои ин амалҳоям маро монеа намешуд.
Ростӣ, маро андешаи таъсири манфӣ расонидани инсонҳо ба олами набототу ҳайвонот ва умуман афзоиши захираҳои табиӣ, ки вақтҳои охир нигаронкунанда аст, ба қаъри уқёнуси «раҳоӣ аз вартаи теша задан ба решаи хеш» ѓӯттавар сохт. Имрӯзҳо, чуноне ки бармало ба назар мерасад, ихтирои лавозимот барои осон кардани меҳнати инсонҳо ба авҷи аъло расидааст.
Агар 50-60 сол қабл як бинои 2 ё 3 ошёна бо намуди зоҳирии муқаррарӣ дар мӯҳлатҳои тӯлонӣ сохта мешуд, пас имрӯз як бинои осмонбӯси 16 ошёна дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати олӣ қомат меафрозад, ки ин падида бурҳони қотеи гуфтаҳои болоанд. Ё ин ки дар гузаштаи наздик шумораи нақлиётҳои ҳавоӣ, қатораҳои роҳи оҳан ва автомобилҳо ангуштшумор буданд, имрӯз бошад дар шоҳроҳу кӯчаҳо фавҷ-фавҷи мошинҳои сабукраву боркаш ҳаракат менамоянд, шумораи мутааддади қатораву ҳавопаймоҳо низ равуо доранд, ки мушкилии одамонро ба маротиб осон менамоянд. Ин ҳама навгониҳо бо назардошти зиёд гардидани шумораи аҳолӣ дар ин ё он кишавар, албатта хуб аст. Аммо дар радифи тамоми манофеъ, аз ҷониби олимону мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи муҳити зист ҷиҳатҳои манфӣ низ арзёбӣ мегарданд, ки омилҳои хатарзоеро дар пай дорад.
Барои он ки суханамон ба назари хонандаи арҷманд чун бод сарсариву даргузар нанамояд, чанд нуктаеро ба гунаи мисол меоварем. Олимони соҳаи тандурустӣ омили бештари мубтало шудан ба бемориҳо, амсоли диққи нафас (дамкӯтаҳӣ), аллергия, оризаҳои гуногуни чашм, баланд шудани фишори хун, ба нуқсонҳои гуногун таваллуд шудани кӯдакон ва сабабҳои дигари марбут ба солимиро ба ифлосии муҳити зист рабт медиҳанд, ки заминаҳои воқеӣ доранд. Масалан, ба вуҷуд омадани омилҳои хатаровари табиӣ, аз қабили гармшавии глобалии иқлим, обшавии пиряхҳои хурду бузург, ҷамъшавии партовҳо дар сайёраи Замин бо назардошти рушди истеҳсолот ва афзун гардидани шумораи аҳоливу тадриҷан зиёдшавии нақлиёти бо воситаи сӯзишворӣ ҳаракаткунанда сабабгори бемориҳои гуногун шуда метавонад. Доир ба муҳофизати табиат муаммоҳои зиёде ҳастанд, ки онҳо ба ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон дахл доранд. Масалан, муҳофизат на мудани обу ҳавои табиати сайёраи мо, истифодаи манбаъҳои нави энергия ва монанди инҳо аз ҷумлаи чунин масъалаҳо маҳсуб мешаванд. Агар дар ин масоил андешае ба сар наояд, худро бо ҳеч ваҷҳ ба табиат созгор карда наметавонем.
Чуноне ки падари носеҳони форсигӯ Саъдии Шерозӣ гуфтааст:
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиатҳои наслҳои ҳозираву оянда барои муҳофизат кардан ва оқилона истифода бурдани замин, сарватҳои зеризаминӣ, захираҳои обӣ, тоза нигоҳ доштани об, олами набототу ҳайвонот, аз нав барқарор кардани сарватҳои табиат ва дар умум беҳтар намудани муҳити зист чораҳои зарурӣ андешида мешавад, ки нақши Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бузург аст. Яке аз сабабҳои асосии мондагор будани табиати зебо ва солимии насли имрӯзу фардо, ки асоси бобақо будани давлатро шаҳодат медиҳад ин дар рӯҳияи маърифати экологӣ парвариш кардани насли ҷавон аст. Солҳои охир доир ба боло бурдани маърифати экологӣ ва ташвиқу тарѓиби кору пайкоре, ки дар доираи талаботҳои муқарраргардида ё қонунҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист бояд муносибат карда шавад, корҳои муайяне анҷом дода мешаванд.