Аполлони тиёншонӣ

0
235
боздид
Аполлони тиёншонӣ камшумор аст, хоса ҷинси модинааш.

АЗ КИТОБИ СУРХИ ТОҶИКИСТОН 

Аполлони тиёншонӣ (Parnassius tianshanicus)

Қатори Пулакчаболҳо. Lepidoptera

Оилаи Шапалакҳои бодбондор. Papilionidae

Мақоми ҳифз

Намуде, осебпазир. VU.

Паҳншавӣ

Дар қаторкӯҳҳои Туркистон, Ҳисор, Зарафшон, Қаротегин, Пётри I, Олой, Ҳазратишоҳ, Дарвоз, Ванҷ, Язғулом, Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим, Музкол, Аличури Ҷанубӣ, Аличури Шимолӣ ва Қурама паҳн гардидааст.

Муҳити сукунат

Дар минтақаҳои кӯҳӣ ва водиҳои дар баландиҳои 2300 -4200 м аз сатҳи баҳр вомехӯрад. Дар шахсор ва обкандаҳо, ки бо марғзорҳои сералаф фаро гирифта шудаанд,  дучор меояд.

Саршумор

Камшумор аст, хоса шапалакҳои модина.

Хусусиятҳои биологӣ

Соле як маротиба насл меорад. Шапалакчаҳо аз моҳи июн то миёнаҳои август ба парвоз шуруъ мекунанд. Кирминаҳои чавон зимистон мегузаронанд. Ғизоашон растаниҳои ҷинси Pseudosedum ва Rhodiola мебошанд. Дар зери хазони буттаи растаниҳои бисёрсола ва сангҳо ба зоча табдил меёбад. Инкишофи зоча тақрибан 10 шабонарӯзро дар бар мегирад. Шапалакҳо ба муҳити сукунат алоқамандии зич доранд, вале баъзан ба марғзорҳо гузашта, аз гули растаниҳо ғизо мегиранд. Дар равшании офтоб парвоз мекунанд. Ҳангоми офтобро фаро гирифтани абрпораҳо зуд болҳояшонро ғундошта рӯйи алафҳо мешинанд.

Омилҳои маҳдудкунанда

Бенизом чаронидани чорво боиси поймол шудани растаниҳои ғизоӣ ва маҳв гардидани кирминаҳои шапалак мешаванд. Ин омил дар давраи инкишофи кирминаҳо зиёни бештар мерасонад.

Тадбирҳои ҳифз

Дар нишебиҳои сарсабзи кӯҳӣ, ки сукунатгоҳи ин намуди шапалак мебошад, ба танзим даровардани чаронидани чорво, ташкил кардани ғӯруқи энтомологии кӯҳӣ дар қаторкӯҳҳои Шуғнон(Санговдара). Ғайриқонунӣ доштани аполлони тиёншониро ба мақсади коллексия зери назорат қарор додан лозим аст.

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед