
Аз ҷараёни баргузории Конфронси минтақавии иқлимӣ дар Алмаато
Рӯзҳои 24-25 январи соли 2018 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистоон бо ташаббуси ташкилоти CAREC бо иштироки беш аз 200 намояндагони ташкилоту идораҳои давлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ, созмонҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ВАО дар мавзӯи дар доираи «Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиши оқибатҳои он дар ҳавзаи баҳри Арал» (CAMP4ASB) Конфронси иқлимӣ баргузор гардид.
Дар конфронси минтақавии иқлимӣ ба ҳайати намояндагии Тоҷикистон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, мутахассисон аз ташкилоту идораҳои гуногуни давлатӣ, олимон ва намояндагони ВАО шомил буданд.
Коршиносону мутахассисони тоҷик дар танаффус масъалаи муайян кардани имкониятҳоро барои минбаъд якҷоя амал кардан миёни ҳамаи тарафҳои манфиатдор баррасӣ доранд.
Директори Ассотсиатсияи миллии хоҷагиҳои деҳқонӣ-фермерии Ҷумҳурии Тоҷикистон (АМХДФҶТ) Азизбек Шарипов зимни маърӯзаи хеш доир ба «Таҷрибаи Ассотсиатсия оид ба татбиқгардонии технологияҳои афзалиятнок дар сатҳи маҳаллӣ» қайд менамояд, ки омӯзиши минбаъдаи таъсири тағйирёбии иқлим, арзёбии таъсири он, осебпазирӣ ва андешидани чораҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ба деҳқонон амри зарурист, зеро ҳосили ба дастмеовардаи онҳо аз бархурдор буданашон аз донишҳои замонавӣ вобастагии зиёд дорад.
Хабарнигор ва аксбардори тоҷик Дидор Саъдуллоев дар номинатсияи «Нақши занон дар истифодаи устувори захираҳои табиӣ дар шароити тағйирёбии иқлим» ғолиби фотоозмун эълон гардида, маводи пешниҳодкардааш таҳти унвони “Нони сиёҳ” ба гирифтани ҷоизаи гаронбаҳо — дастгоҳи аккосӣ мушарраф гардид.
Пас аз ҷамъбасти рӯзи аввали конфронс иштирокчиён – намояндагони ташкилоту идораҳои давлатӣ, ВАО, олимон ва мутахассисони кишварҳои Осиёи Марказӣ, коршиносони ташкилотҳои байналхалқӣ акси хотиравӣ гирифтанд.