АЗ НИШАСТИ МАТБУОТИИ КУМИТАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ

0
1767
боздид
Аз ҷараёни нишасти матбуотии Кумитаи ҳифзи муҳити зист

Мувофиқи нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату  идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мактабҳои олӣ, ВМКБ, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, №АП-1677 ва тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 2018, №26/10-179  санаи 29 январи соли 2019 дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи хабарнигорон, оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар соли 2018 нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар нишасти мазкур хабарнигорон аз шабакањои телевизиону радио, нашрияњои давлативу мустаќил иштирок доштанд.

       Дар рафти нишаст хабарнигорон бештар ба масъалаҳои пешбурди назорати давлатии ҳифзи муҳити зист, дигар фаъолияти мақомоти соҳавӣ дар соли сипаригардида, аз ҷумла рафти иҷрои Барномаҳои давлатӣ, гузариш ба иқтисодиёти «сабз» дар мисоли воридоти электромобилҳо ва коҳиш додани автомобилҳои бо маводди сӯзишворӣ ҳаракаткунанда, корҳои биотехникӣ бо мақсади аз фасли зимистон беталаф баровардани ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ, бурдани назорат дар самти  сабзиши ниҳолони шинонидашуда, уҳдадориҳои мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба татбиқи Конвенсияҳои байналмилалӣ, рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба безарар гардонидани фурӯзонакҳои симобдори аз истифодабаромада, ҷиҳатҳои ҳамкорӣ бо милитсияи экологӣ, ҳифзи гуногунии биологӣ дар шароити тағйирёбии иқлим, вазъи боду ҳаво дар моҳҳои минбаъда, њолати экологии баъзе шањру ноњияњо ва дигар масъалањои марбут ба соҳаи ҳифзи муҳити зист  таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

       Дар нишасти матбуотӣ Раиси Кумита, муовинон, масъулони Агентии обуњавошиносї ва сардорони раёсат, шуъба, бахш, марказҳо ва роҳбарони лоиҳаҳои Кумита иштирок намуда, ба суолњои сершумори  хабарнигорон посух доданд.

                  Маркази ахбори экологии Кумита

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед