Раҳоварди сафар
Сафар ба диёри муъҷизаҳо-Бадахшон ҳамеша неку гуворо мебошад. Сафари индафъаинаи мо ҳамроҳи рўзноманигор Ҷамолиддин Ёқубӣ ва кормандони Маркази гуногунии биологӣ чанде қабл иттифоқ афтод. Худрави мо бо шаст пеш мерафт. Роҳи Бадахшон тўлонист, аммо ман одат кардаам ва ин сафар низ бароям пурасрор ва аҷиб менамуд. Мо бояд дар фестивали “Мо озодапалангро ҳифз менамоем!”, ки дар мавзеи Аличури ноҳияи Мурғоб доир мегардад, иштирок намоем. Ин фестивал соли чорум аст, ки баргузор мешавад. Як сол қабл ман дар ҷамоати Вахони ноҳияи Ишкошим дар кори ин фестивал иштирок доштам. Акнун дар Аличур баргузор мегаштааст. Ростӣ аввал дудила шудам, ки ман фишорбаландӣ дораму Аличур аз сатҳи баҳр дар баландии 3,893 метр қарор дорад. Ҳаво намерасад, вале ба тавсияи табиб эътибор надода азми сафари Мурғоб намудам. Бисёр мехостам ин мавзеи баландкўҳро аз наздик бубинам, зеро Озодапаланг рамзи табиат ва шоҳи ҳайвоноти кўҳистони Тоҷикистон аст. Сафари тўлонии мо аз роҳи Душанбе – Ваҳдат – Норак – Данғара – Восеъ – Кӯлоб — Шамсиддин Шоҳин шуруъ гардид.
ДАР ДАШТИҶУМ
Баъди гузаштан аз маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (собиқ Шӯрообод) мавзеи Даштиҷум пеши рў пайдо мегардад. Ин кўҳистони дурдаст бо обҳои равони Ниёбу дарёи пуршасти Панҷ дил мерабояд. Дашиҷумро, ки “Дашти ҷун” ҳам ном мебаранд, ҳамсарҳади Афғонистон аст. Тамоми тўли роҳ аз канори дарёе мегузарад, ки дар қисмати муқобилаш Афғонистон ҷойгир шудааст. Мо роҳравон медидем, ки чӣ қисмате доштанд мардуми соҳилҳо ки бо амри тақдир бисёриҳо ба хоки Афғонистон афтидаанд. Мушоҳида мешуд, ки роҳҳои Даштиҷум тахту ҳамвор ва ободу хурраманд, аммо дар он тарафи соҳил кўчаҳо ҳанӯз нообод метобанд ва мардум аз барқ маҳруманд. Дидем, ки баъзе аз афғонҳо дар соҳили дарёи пуртуғёни Панҷ саршўӣ доранду муздурӣ. Лекин хушбахтона сокинони Даштиҷум ба корҳои ободониву созандагӣ машғуланд.
Дар сари роҳи куҳӣ ошхонаи барҳавое ба чашм расид. Бинои хуштарҳу замонавӣ, ҷои дастшўӣ ва истироҳат диққати моро ба худ кашид. Охир, дар миёни кӯҳҳои баланд қомат афрохтани чунин истироҳатгоҳ чун муъҷиза менамояд. Мудири ошхона Ҳоҷӣ Исмоил моро хуш қабул кард. Баъди ғизохурӣ аз мақсади мо огоҳӣ ёфта нақл кард, ки дар Даштиҷум низ озодапаланг сукунат дорад ва мардум ба ин ҳайвони муқаддас арҷ мегузоранд. Ҳатто, шикори вай гуноҳ дониста мешавад. Мо бо як ҷаҳон таассурот бо Ҳоҷӣ хайрухуш карда ба роҳ баромадем. Баъди се соати роҳ худрави мо вориди ноҳияи Дарвоз гардид, ки ин оғоз аз даромадгоҳи Бадахшон буд.
ДАРВОЗ — НИГИНИ БАДАХШОН

Дарвозаи Бадахшон Дарвози бостонӣ аз само мисли дастархони кушода ба чашм метобад. Ҳамин ки дохили ин ноҳияи таърихӣ мегардед чашм нахуст ба ободкориву созандагиҳои ин мардуми сарбаланд мерасад. Айёми таҷлили Истиқлолият Дарвоз симояшро ба куллӣ дигар намудааст. Моро дар Дарвоз хабарнигори телевизиони “Ҷаҳоннамо” Ҳайдаршои Муллохӯҷа роҳбаладӣ намуд. Ҳайдаршо, ки худ марди фарҳангиву суҳбаторо мебошад, дар бораи ҳар сангу гулу гиёҳ ва ёдгориҳои таърихии Дарвоз соатҳо метавонист ҳикоят созад. Моро дар ин ҷо пеш аз ҳама биноҳои барҳавои қасри фарҳанг, маркази ҷавонон ва мактабу таълмгоҳҳои наву замонвавӣ ва истироҳатгоҳҳои хуб ба расму мусаввараҳои ҳайратовар ба шавқ овард. Воқеан, Дарвоз хеле ободу диданӣ шудааст.
Дар Дарвози овозадор дар хаёлам ҳар замон таронаи дилангези Акашариф Ҷӯраев садо медоду аз дуриҳои дур «Хоки поки Дарвозро то ба Юмгон бурдаанд» ба гӯш мерасид. Ин ҷо баҳри гиромидошти хотираи ҳамдиёри худ Шоири шаҳири тоҷик, баррандаи Ҷоизаи давлатии СССР устод Мӯъмин Қаноат осорхонаи ўро дар зодгоҳаш Курговат обод намудаанд. Аз Курговат гӯё ҳоло ҳам овози шевои шоир ба гӯш мерасад, ки ў достони «Суруши Сталинград»-ро қироат дорад. Дар ин ҷо чашмаи Нигор ва ёдгориҳои ин шоир то ҳол побарҷо мондаанд.
ХОРУҒ — ДИЁРИ ОРЗУҲО

Баробари тамошои кӯчаю хиёбонҳои зебову замонавии Хоруғ ҳамон хитобаи “асри 21 асри Бадахшон аст” ба хотир меояд. Барҳақ, Хоруғ тайи солҳои охир симояшро тамоман дигаргун намудааст. Мо биноҳои бисёрошёнаи шаҳро тамошокунон аз болои дарёчаи Ғунд гузаштему дар соҳили рости шаҳр вориди боғи марказии Хоруғ шудем. Ростӣ, чунин гулбоғи дорои атраксионҳову фаввораҳои азим, дарахтони ҳамешасабз ва марказҳои фароғатӣ қалби касро ба ҷӯш меоранд. Дар кӯчаҳо бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” гӯшаҳои барҳаво оростаанд ва сари ҳар қадам ба сайёҳони хориҷиву ватанӣ дучор шудан мумкин аст. Шояд Хоруғ ягона шаҳр дар миёни кўҳистони тоҷик бошад, ки ин қадар шумораи зиёди сайёҳон аз он дидан мекунанд. Қисми зиёди ин сайёҳон меҳмони фестивали Озодапаланг низ буданду дар сар ҳавои сафари Мурғоб доштанд.
Ба мо иттилоъ доданд, ки ҳар бегоҳӣ дар ин гулбоғ базмҳои фарҳангӣ доир мегардад. Ин навбат низ санъаткорони бадахшонӣ бо барномаи алоҳидаи пурмазмун ҳунарнамоӣ дошитанд. Дар ҳавои рақсу таронаҳои бадахшӣ меҳмонон аз Амрикову Фаронса ва Инглистон рақс намуданд. Таронаи “шоми дустӣ” ба атроф танинандоз гардиду аз ҳар ҷониб навои ғиҷаки бадахшӣ бо тору симтӯри афғонӣ ҷур мегардид.
Меҳмонон ба рақсҳои гулдухтарони Хоруғ бо завқ кафкӯбӣ мекарданд. Хоруғ бешак нигини Бадахшон аст. Ин шаҳри нозанин дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар баландии 2300 метр аз сатҳи баҳр дар ҳалқаи кўҳҳои осмонбўс ҷой гирифтааст. Хоруғ дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” боз ҳам таракқӣ карда, ба як маъвои писандидаи сайёҳони олам табдил ёфтааст.
Мо дар меҳмонхонаи овозадори “Сарез” ҷой гирифтем, ки хеле оростаю зебо будааст. “Сарез” дар қалби кўҳ сохта шуда дохили он амсоли осорхонаи зиндаи табиат бо гулу буттаҳои худрўй ва намунаи осори мардумӣ оро дода шудааст. Хусусан, рамзҳои мардумӣ, санъати этнография ва кашидадӯзиҳои халқӣ бо осори пурғановати бадахшӣ тавъам афтодааст, ки бисёр диданӣ мебошад.
ФЕСТИВАЛИ “ОЗОДАПАЛАНГ –ТОҶИКИСТОН, 2019”
Фестивали имсола таҳти унвони “Мо озодапалангро ҳифз мекунем!” доир гардид. Дар он намояндагони олимону табиатдўстони мамлакат ва хориҷи кишвар ширкати фаъолона доштанд. Дар назди мардум Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Далатшоҳ Гулмаҳмадзода, Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ва дигарон суханронӣ намуданд.
Дар майдони васеъ расму мусаввараҳо бо аксҳои озодапаланг ва намоиши ҳунарҳои мардуми Бадахшон ва намоиши фарҳанги шикору тантанаҳои мусиқӣ, суруду таронаҳои тоҷикию қирғизӣ ба фестивал ҳусни дигаре ато намуд. Намоиши театрии кўдакон дар либоси озодапаланг ба ҳозирин хеле хуш омад.

Наврасон дар тан либосҳои рамзии озодапаланг аз сарнавишту тақдири ин ҷонвари нодиру муқаддас ба ҳамсолони худ нақл мекарданд. Мо баъди тамошои ҷонварони нодири диёр, чун суғуру қутос ва парандаҳои ёбоӣ аз майдони намоишгоҳ дидан кардем. Ба мо дастовардҳои сокинони маҳаллӣ ва қирғизҳо, ки аз ҳамдигар фарқ мекарданд, писанд афтод. Ман дар ин ҷо бо меҳмон аз Амрико — ҷаноби Майкл ҳамсуҳбат шудам. Вай хеле серташвиш буд ва ҳар замон ба расмгирӣ машғул мегардид. Бисёр мехост, ки ҳамаи тантанаҳоро пурра аксбардорӣ созад. Суҳбати мо ба таври зайл сурат гирифт:
— Ҷаноби Майкл Бадахшонро чӣ гуна дарёфтед?
— Оҳ, Бадахшон диёри афсонаву ривоят ва муъҷизаҳо будааст. Охир, ҳанўз дар асрҳои XVII – XVIII Марко Поло — сайёҳи венетсиягӣ Бадахшонро «Биҳишти гумшуда” номида буд, ки ин бесабаб нест. Бадахшон аз шумори камтарин маконҳоест, ки дар он маҳз озодапаланг ва архар барин ҳайвоноти нодир умр ба сар мебаранд. Ман ба ин фестивал соли чорум аст, ки меоям ва ҳар маротиба бароям Бадахшон аз нав кашф мешавад. Ин даъфа Аличур ва қутосҳо ба ман хуш омад.
Сергей Марков аз Байкали Руссия
— Бори аввал аст, ки ман дар чунин фестивали бузург иштирок дорам. Ман дар бораи Бадахшон шунида будам ва инак дидам, ки ин макон чӣ гуна диёри аҷиб ва афсонавӣ будааст. Мисли Байкали мо дорои обҳои зулолу мусаффо мебошад. Офарин ба мардуми ин мавзеъ.
ДАР ФАРОВАРДИ БОЗГАШТ
Замони бозгашт аз Мурғоб мо аз мавзеи Аличур мегузаштем. Дар дашти васеъ гурӯҳ-гуруӯҳ суғурҳо гуштугузор доштанд. Суғурҳо бо ҳайрату тааҷҷуб ба мо меҳмонон менигаристанд. Шояд онҳоро шумораи зиёди меҳмонон ба тааҷҷуб оварда буд. Онҳо болои санг баромада дастҳои худро баланд мебардоштанд ва таъзимкунон моро гӯё хайрамақдам мегуфтанд.
Ҳамин тавр, сафари мо ба Мурғоби Бадахшон хеле ҷолиб анҷом ёфт, ки барои ин аз Маркази гуногунии биологӣ, хусусан доктори илмҳои биологӣ Неъматулло Сафаров сипосгузорем. Зеро дар ин сафар бори аввал ман ноҳияи баландкўҳи Мурғобро дидам. Воқеан, Бадахшон ватани озодапаланг мебошад. Пас, чаро расми озодапалангро чун рамзи табиати Помир ва шоҳи ҳайвонот дар марказҳои фарҳангӣ ва хиёбонҳои Бадахшон намегузоранд? Он рўз дур нест, ки шумораи озодапаланг боз ҳам меафзояд ва чун нишону рамзи ҷасорату покӣ дар табиат боқӣ мемонад. Бо ҳамин умед, хайр Бадахшон!!!
Маҷид САЛИМ
Душанбе-Хоруғ-Мурғоб-Душанбе