Пайдоиши сайёҳӣ дар дунё аз ҳисоби муносибатҳои тиҷоратӣ дар байни давлатҳо ба миён омадааст ва барои пешрафти ҷомеа аҳамияти муҳим дорад. Сайёҳӣ барои васеъ гардидани ҷаҳонбинӣ, шинохти фарҳанги миллату халқиятҳои гуногун ва дар маҷмуъ тафаккури инсон нақши муҳим мебозад.
Заминаҳои мақомоти сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замонҳои шуравӣ маншаъ мегирад. Бори аввал дар назди Шӯрои Иттифоқҳои касабаи ҶШС Тоҷикистон 1 январи соли 1960 Раёсати ҷумҳуриявии мустақили сайру сайёҳат таъсис гардида буд.
Он айём инфрасохтори туризм ва роҳбаладони варзида вуҷуд надоштанд. Соли 1960 дар базаи хонаи истироҳатии Иттифоқҳои касаба дар қисми шимолии шаҳри Душанбе аввалин базаи туристӣ бо номи «Варзоб» таъсис ёфт. Солҳои ҳаштодуми асри гузаштаро авҷи болоравию рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон метавон арзёбӣ намуд. Бо кӯмаки Шӯрои Иттифоқҳои касаба дар он солҳо даҳҳо иншоотҳои туристӣ сохта шуданд. Аз ҷумла, дар базаи туристии «Варзоб» бинои шашошёна барои 340 нафар, дар шаҳри Қайроқум базаи туристии «Барқи тоҷик», баъдан базаи туристии «Искандаркӯл», «Ромит», «Марғзор», «Гули бодом», «Куҳҳои фон» ва «Шаҳристон» арзи ҳастӣ намуданд.
Ба рушди соҳаи сайёҳӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ ва билхоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Ҳамин аст, ки дар кишвари азизамон барои ҷалб ва дар сатҳи баланд қабул намудани сайёҳон тамоми шароити зарурӣ муҳайё гашта истодааст.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз тарафи Ҳукумати кишвар якчанд ёдгориҳои таърихию табиӣ, дар шаҳрҳои Истаравшан, Хуҷанд, «Ҳулбук», «Қалъаи Ҳисор» тармиму таҷдид гардидаанд, ки ин метавонад шумораи сайёҳони бурунмарзиро боз ҳам афзун намояд.
Бо мақсади рушд ва тақият бахшидан ба соҳаи сайёҳӣ чандин санад ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2009-2019» Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди туризм дар Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017» қабул гардидаанд.
Айни замон дар Тоҷикистон зиёда аз 80 ширкатҳои сайёҳӣ фаъолият доранд. Тибқи маълумотҳои оморӣ дар 9 моҳи соли 2017 аз 146 кишвари дунё 397 ҳазор сайёҳ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ки нисбат ба соли 2016-ум 15% зиёд буда, даромади он ба ҳисоби миёна зиёда аз 10,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Танҳо дар ду соли охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 35 мулоқоту суханрониҳояшон сайёҳиро ҳамчун самти афзалиятнок ва ояндадори кишвар арзёбӣ намуда, зарурати рушди сайёҳиро барои масъулин таъкид доштаанд.
Боиси тазаккур аст, ки сайёҳони хориҷӣ пеш аз ҳама ба манзараҳои табиӣ ва обҳои шифобахши «Шоҳамбарӣ», «Хоҷа Оби гарм», «Гармчашма», «Оби гарм», қуллаҳои барфпӯши куҳҳои Тоҷикистон, ба монанди қуллаҳои баланди Помир, қаторкуҳҳои Ҳисору Зарафшон, инчунин шаҳрҳои қадимаи Тоҷикистон – Истаравшан, Ҳисор, Панҷакент, Кӯлоб, Исфара ва ғ. бо нигоҳ доштани анъанаҳои фарҳангӣ ва ҳунармандӣ мутаваҷҷеҳ мешаванд.
Субҳон Усмонов, дотсенти Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон