Баҳри Арал: кӯшишҳои Тоҷикистон дар пешгирии хушкшавии он

0
1322
боздид
Соҳилҳои баҳри Арал

Баҳри Арал: кӯшишҳои Тоҷикистон дар пешгирии хушкшавии он

24 – уми августи соли 2018 дар Маркази ҳамоишҳои «Аваза» дар шаҳри Туркменбошӣ Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал (ХБНА) баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок карданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ қарори таъсиси Хазинаи Байналмилалии наҷоти Аралро, ки имсол аз қабули он биступанҷ сол пур мешавад, як қадами оқилонаи кишварҳои Осиёи Марказӣ номида, зикр намуд, ки «бо шарофати фаъолияти якҷояву ҳамоҳангшуда дар чаҳорчӯбаи Хазина мо тавонистем диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилоти ҳавзаи баҳри Арал ҷалб намоем”.

Қобили қайд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президент Эмомалӣ Раҳмон дар давоми 27 соли истиқлолият дар баробари баррасии масъалаи об дар сатҳи байналмилалӣ, инчунин ба проблемаҳои минтақа, аз ҷумла масъалаи хушкшавии баҳри Арал низ диққати ҷиддӣ медиҳад. Кишвари мо яке аз муассисони Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал буда, дар қатори дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ кӯшишҳои худро барои ҳалли ин проблемаи минтақавӣ равона менамояд. Ба ақидаи коршиносони соҳа Д. Назриев ва Т. Салимов баҳри Арал “миёни бузургтарин кӯлҳои ҷаҳон пас аз Хазар, Кӯли Болоӣ (дар Африкаи Шимолӣ), ва кӯли Виктория (дар Африқо) ҷои чорумро ишғол мекард. Дар давоми солҳои 30-60-ум дар ҳудуди Осиёи Марказӣ чандин канали хурду бузург паи ҳам ба истифода даромада, оби дарёҳоро бебаркаш ба даштҳои ташналаб мебурданд…Натиҷа – ҳазорҳо гектар замини пахта, маҳаллаҳои нави аҳолинишин ва оҳиста-оҳиста хушкшавии баҳри Арал…”. Муҳаққиқон ба чунин ҳолат расидани баҳри Аралро пеш аз ҳама дар сиёсати нодурусти истифодаи сарватҳои табиӣ, пеш аз ҳама об, намунаи бараълои бологузории манфиатҳои инсон аз болои табиат ном мебаранд.

Воқеан ҳам, хушк шудани баҳри Арал барои минтақаи Осиёи Марказӣ фоҷеаи бузург маҳсуб мешавад. Мутахассисони соҳа мушкилоти баҳри Аралро намунаи бараълои зиддияти манфиатҳои байни одаму табиат номида, таъкид намудаанд, ки маҳз оқибатҳои чунин бӯҳрони экологӣ ба бекорӣ, паст гардидани сатҳи даромад, вайроншавии фарҳангу муҳоҷират, кам шудани давомнокии умр ва афзоиши бемориҳои бактериологиву вирусӣ оварда расонидааст. Яке аз қадамҳои нахустини кишварҳои минтақа дар ҳалли масъалаи Арал ин таъсиси Хазинаи байналмиллалии наҷоти Арал (ХБНА) ба ҳисоб меравад, ки 26 марти соли 1993 бо қарори роҳбарони панҷ давлати Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон амалӣ гардид. Кумитаи иҷроияи ХБНА бо навбат дар шаҳрҳои Алмаато (солҳои 1993 — 1997), Тошканд (солҳои 1997 — 1999), Ашқобод (солҳои 1999 — 2002), Душанбе (солҳои 2002 — 2008), Алмаато (солҳои 2009 — 2012) ва Тошканд (солҳои 2012 — 2016)  ҷойгир шудааст. Аз соли 2017 то моҳи августи соли 2019 кумитаи иҷроияи ХБНА дар Ашқобод ҷойгир мешавад.

Таъсири манфии ҳавзаи баҳри Арал ба тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишварҳои минтақа яке аз масъалаҳои муҳиме ба ҳисоб меравад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро нигарон кардааст. Яке аз ҳадафҳои асосии баррасии масъалаи наҷоти баҳри Арал аз ҷониби Тоҷикистон ин ноил шудан ба истифодабарии самараноки иншоотҳои мавҷудаи гидроэнергетикӣ ва ирригатсионӣ мебошад, ки ба таъкиди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ин иқдом эҳтиёҷоти истеҳсолии мамлакатҳои моро қонеъ гардонда, ба танзими маҷрои дарёҳои минтақа имконият дода метавонад. Тибқи суханронии Президенти Ҷумҳуии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон агар нисбат ба наҷоти баҳри Арал тадбирҳои таъҷилӣ андешида нашаванд, ба проблемаҳои нарасидани оби тоза, проблемаи гуруснагӣ низ зам гардида, тамоми минтақаро фаро хоҳад гирифт. Ба таъкиди Президенти мамлакат хушкшавии баҳри Арал “сабаби ба вуҷуд омадани фалокати бузурги экологӣ ва аз ҷиҳати иҷтимоию иқтисодӣ хароб гардидани минтақаи калон гардидааст”.

Маҳз оқибатҳои фоҷиабор доштани хушкшавии баҳри Аралро ба назар гирифта, Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша кӯшиш менамояд, ки ба воситаи ташаббусҳои глобалӣ дар масъалаи об пеш аз ҳама мушкилоти минтақаи Осиёи Марказӣ-хушкшавии баҳри Арал роҳи ҳал ёфта, мавриди дастгирӣ қарор гирад. Чунин ташаббуси Президенти Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаи Арал роҳбарони кишварҳои дигари минтақа низ муҳим ва саривақтӣ медонанд. Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар Конфронси байналхалқӣ оид ба инкишофи устувори ҳавзаи баҳри Арал, моҳи сентябри соли 1995 дар шаҳри Нуқус баромад намуда, иброз дошт, ки “имрӯз ҳамон ҳақиқат равшан аст, ки бе муттаҳидкунӣ ва тақвият додани кӯшишу ғайрати халқҳои минтақа, дастгирии ҷомеаи олам инқирози Аралро дар танҳоӣ бартараф намудан мумкин нест…Ва ҷавоб ба саволи: Арал минбаъд мемонад ё не, аз бисёр ҷиҳат аз ҳамдигарфаҳмӣ, кӯшишҳои якҷоя вобаста аст”.

Бояд қайд кард, ки Тоҷикистон роҳбарии ХБНА — ро соли 2002 ба ӯҳда гирифта, онро соли 2008 ба анҷом расонид. Дар ин давра аз ҷониби Тоҷикистон чорабиниҳои зиёд гузаронида шуда, паҳлӯҳои гуногуни мушкилоти баҳри Арал мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 3 – 4 декабри соли 2007 ҳамчун Президенти ХБНА зимни баромад дар Саммити 1-уми оби Осиё ва уқёнуси Ором пешниҳод намуд, ки ба ХБНА мақоми Институти СММ дода шавад, зеро ба андешаи Президент “кишварҳои минтақа ба танҳоӣ наметавонанд бо ин вазъият мубориза баранд”. Дар баробари ин барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи хушкшавии Арал аз ҷониби Президенти вақти ХБНА Эмомалӣ Раҳмон чораҳои махсус оид ба чанд масъала андешида шуд, аз ҷумла:

— оид ба эълони Соли байналмилалии оби тоза (с. 2003) ва Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» солҳои 2005-2015 аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ;

— оид ба қарордод миёни ХБНА, Комиссияи Иқтисодии Аврупои СММ, Комиссияи Иқтисодӣ ва Иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (3 июни с. 2004), Меморандуми ҳусни тафоҳум, ки нахустин қадами муҳими амалӣ дар кори амаликунии ташаббусҳои Роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба додани мақоми Институти СММ ба ББНА ба ҳисоб мерафт;

— намоиш дар Форумҳои гуногуни байналмилалӣ оид ба эълони ҳавзаи баҳри Арал ҳамчун минтақаи пилотии афзалиятнок оид ба амалишавии Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва қарордодҳо барои мутобиқат кардан ба созишномаи байналмилалӣ оид ба шарикии ҳама ҷонибҳои ҳавасманд;

— оид ба зарурати коркарди Доктринаи Обии Осиёи Марказӣ бо муайянкунии принсипҳои ҳаматарафаи сиёсати обӣ дар манфиати ҳамаи обистифодабарандагон ва обистеъмолкунандагон дар шароити афзоиши аҳолӣ, тағйирёбии глобалии иқлим, манфиати давлатҳо, зарурати ҳифзи табиат, коҳиш додани хатари офатҳо вобаста ба об, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва дар маҷмӯъ рушди устувор;

— оид ба даъвати чорабинии махсуси сатҳи баланд дар чаҳорчубаи Маҷмаи умумии СММ, ки ба муҳокимаи вазъи масъалаи об дар сатҳи ҷаҳонӣ ва баррасии қадамҳои мушаххас дар бартарафкунии мушкилоти вобаста ба об бахшида шудааст;

— оид ба ташкили Консортсиуми Байналмилалӣ доир ба истифодаи оби тозаи нӯшокии кӯли баландкӯҳи Сарез дар Тоҷикистон барои обтаъминкунии миллионҳо мӯҳтоҷи Осиёи Марказӣ ва роҳ надодан ба хатари имконпазири рахнаи он барои ҳифзи 6 млн. аҳолии Тоҷикистон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон.

Тибқи маълумоти расмӣ дар давоми роҳбарии Тоҷикистон ба ХБНА 1 маҷлиси роҳбарони кишварҳои минтақа оид ба мушкилоти ҳавзаи баҳри Арал, 9 ҷаласаи Раёсати ХБНА, 4 ҷаласаи донорҳо, якчанд конференсияҳо дар сатҳи баланд, даҳҳо семинар, мизи мудаввар ва дигар вохӯриҳо баргузор гардид, ки  наҷоти баҳри Арал ва ҳалли мушкилоти он дар сатҳҳои гуногун муҳокима гардиданд. Масалан, дар 9 ҷаласаи Раёсати ХБНА 123 қарор қабул гардида, 45 масъала оид ба мушкилоти ҳавзаи баҳри Арал мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Хулоса, метавон гуфт, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои зиёди об ба ҳалли мушкилоти вобаста ба ин унсур назари нек дорад, зеро ташаббусҳои Тоҷикистон дар масъалаи об пеш аз ҳама ба таҳкими ҳамкориҳо ва танзими муносибатҳо дар масъалаи об нигаронида шудаанд.

 

Манижаи БАҲРОМЗОДА,

 докторант (Ph.D) – и факултети журналистикаи
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

 

 

 

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед