БАРГУЗОРИИ РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ ДАР БОҒИ “НАВРӮЗГОҲ”

0
1221
боздид

Ҳамасола бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист — 5 июн саҳни ҳавлии  Боғи “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе фазои идона ба бар менамояд. Дар соли 2019 азбаски 5 июн ба Иди Рамазон мувофиқ омад, масъулон таҷлил намудани ҷашнро ба санаи 6 июн гузарониданд.

Дирӯз аз субҳ ҳавои шаҳри Душанбе боронӣ буд, аммо пас аз нисфирӯзӣ бо баромадани хуршеди оламтоб ҳама ҷой мунаввар гашту аз боронҳои шиддатнок нишоне намонд. То соати 17:00 бо ташаббуси шаҳрдорӣ ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе дар саҳни Боғи “Наврӯзгоҳ” намоишгоҳи бузурге бо иштироки дастовардҳои Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишкадаву донишгоҳҳо ва корхонаҳои саноатии пойтахт ташкил гардид.

Қобили зикр аст, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бахусус, Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ нисбат ба масъалаҳои беҳдошти муҳити зист таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Яке аз ташаббусҳои шаҳрдорӣ ба боғистону гулистон табдил додани пойтахт мебошад. Тибқи “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018 ба тасвиб расида буд, пойтахти Тоҷикистон то соли 2025 ба шаҳри тараққикарда ва муҷаҳҳаз бо технологияҳои замонавӣ табдил дода хоҳад шуд. Дар ҳамин рӯзҳо боз як боғи фарҳангию фароғатӣ дар шафати театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ ифтитоҳ меёбад.        

Соати 18:00 ҳайати комиссия иборат аз муовини Раиси шаҳри Душанбе ва намояндагони якчанд вазорату идораҳо таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ аз намоишгоҳ дидан ба амал оварданд.

Боздид аз намоишгоҳи хонандагону донишҷӯён

Дар намоишгоҳ намунаи технологияҳои безарар, аз қабили санҷишгоҳи (лаборатория)-и сайёр барои нишон додани сифати ҳавои атмосферӣ аз рӯи нишондодҳои оксиди карбон, дуоксиди сулфур, нишондоди чанг аз тарафи Агентии обуҳавошиносӣ, таҷҳизоти офтобӣ дар шакли тарелка аз тарафи ТҶ “Маркази экологии ҷавонон”, таҷҳизоти муайянкунандаи радиатсия дар ҳаво, ки аз ҷониби донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ихтироъ гаштааст, бо ҷолибияти худ ба ҳайати комиссия писанд омад.

Намояндаи ТҶ «Маркази экологии ҷавонон» ба ҳайати комиссия доир ба таҷҳизоти офтобии хӯрокпазӣ нақл карда истодааст.

 Пас аз боздиди намоишгоҳ қисмати расмии ҷашн оғоз гардид. Раиси Кумита Гулмаҳмадзода Д. дар назди иштирокдорон бо сухани табрикотӣ баромад намуд.

Суханронии Раиси Кумита дар чорабинии тантанавӣ

Аз ҷумла, дар маърӯза қайд гардид, ки “Дар доираи омодагиҳо ба истиқболи Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он тибқи Нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда, бо мақсади таъмини амнияти экологии мамлакат, беҳдошти муҳити зист, тарбия ва маърифати экологӣ миёни табақаҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла наврасону ҷавонон корҳои муайяне амалӣ шуда истодаанд. Яке аз чорабиниҳои ҷаншнӣ ин озмунҳо байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад, ки чун анъана ҳар сол дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ” ва Нақшаи чорабиниҳои “Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020” гузаронида мешаванд. Озмуни имсола байни хонандагон дар мавзӯи “Ҳифзи табиат-асоси рушди сайёҳӣ” эълон гашт, ки ин падида барои татбиқи ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гаштани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мусоидат менамояд”.

Раиси Кумита Д. Гулмаҳмадзода
ҳангоми супоридани Ифтихорнома ба муовини Раиси ш. Душанбе Т. Раҳимов

Пас аз суханони табрикотӣ аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зист барои хизматҳои шоён дар ободониву сарсабзии пойтахт ба муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимов ва муовинони чор ноҳияи пойтахт дар фазои мутантан ифтихорномаҳо супорида шуд. 

            Ёдовар мешавем, ки шиори имсолаи Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист ба мавзӯи “Ифлосшавии ҳаво” бахшида шудааст.

Дар робита ба ин мавзӯъ мо бо чанде аз иштирокчиёни ҷашн ҳамсуҳбат гаштем. Яке аз ҳамсуҳбатони мо мутахассиси пешбари шуъбаи назорат, мониторинг ва истифодаи табиати Раёсати ҳифзи муҳити зисти ш. Душанбе Ҳасан Шеров зимни суҳбат ибрози дошт, ки “мавзӯи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар сайёра ҳамчун масъалаи актуалӣ маҳсуб меёбад. Аммо ин мавзуъ барои он дар Тоҷикистон баррасӣ намешавад, ки аз ҷиҳати қазияи энергетикӣ, яъне раҳоӣ ёфтани Ҷумҳурии Тоҷикистон, иқтисодиёти Тоҷикистон вобаста аз мавқеи ҳудудҳои саноатӣ ва қудратҳои саноатие, ки мо нигоҳ медорем, ягон мушкилӣ вуҷуд надорад.


Ҳасан Шеров, мутахассиси пешбари шуъбаи назорат, мониторинг ва истифодаи табиати Раёсати ҳифзи муҳити зисти ш. Душанбе

Он чорабиниҳое, ки нисбат ба марказҳои барқу гармидиҳӣ ва корхонаҳои истеҳсоли маводи сохтмонӣ гузаронида мешаванд, пурра риоя гардида, талаботҳо нисбат ба онҳо зиёдтар шуда истодааст. Дар нақша-чорабиниҳои корхонаҳои мазкур маблағҳое, ки то ин давра пешбинӣ мешуданд, нисбатан маблағҳои зиёдтар пешбинӣ намуда истода, дастгоҳу таҷҳизотҳое, ки барои таъиноти ҳифзи муҳити зист пешбинӣ гардидаанд, дар худи соли ҷорӣ бояд пурра истифода гардад. Ва аз ин ҳисоб муҳити зист тоза мемонад, ба он хотир ки айни замон якчанд лабораторияҳои сайёр ки барои гузаронидани ташхис пешбинӣ шудагӣ ҳастанд. Ва аз протоколҳои пешниҳодшуда маълум мегардад, ки ҳолати аз меъёри муайнгардида зиёд партофтани партовҳои заҳрнок ба ҳавои атмосфера, хусусан дар ҷойҳои аҳолинишин ошкор нагардидааст. Ин аз он дарак медиҳад, ки вазъи амнияти экологӣ дар нуқтаҳои аҳолинишини пойтахт муътадил аст.

Сардори раёсати мониторинги муҳити зисти Агентии обуҳавошиносӣ Сангин Самиев доир ба санҷишгоҳи сайёр, ки дар намоишгоҳ гузошта шуда буд, чунин гуфт:


Сангин Самиев, сардори мониторинги муҳити зисти Агентии обуҳавошиносӣ

— Соли 2014 аз тарафи Лоиҳаи мукаммалсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Маркази ҷузъи «С» санҷишгоҳи сайёри мониторинги ифлосшавии ҳавои атмосфера дастрас карда шуд.Санҷишгоҳи сайёр барои санҷидани сифати ҳавои атмосферӣ аз рӯи нишондодҳои оксиди карбон, дуоксиди сулфур, нишондоди чанг ва оксидҳои нитроген, яъне оксиди нитроген, дуоксиди нитроген, ҷамъи оксидҳои нитроген равона гардидааст. Санҷишгоҳ инчунин омилҳои метеорологиро метавонад муайян кунад, мисли самт ва суръати шамол, фишор ва ҳарорати ҳаворо дар ҳамон муҳити мавҷуда чен мекунад.

Раёсати мониторинги муҳити зисти Агентии обуҳавошиносӣ дар сурати дархости аҳолӣ ва супориши роҳбарият ба нуқтаҳои гуногуни шаҳр баромада, ҳавои атмосферии он нуқтаро чен карда, маълумотро ба идораҳои лозима пешкаш намояд. Аммо ба ҷуз ин бо мақсади таҷдиди системаи мушоҳидаи обу ҳаво ва иқлим дар дохили Агентӣ бо кумаки лоиҳаи Финтаҷ нуқтае бунёд карда шудааст, ки маълумотҳои экологии лабораторияи сайёрро дар ҳар як дақиқа ҳолати ҳавои атмосфериро  дар маркази шаҳр муайян мекунад.

Дар мавриди ҳамкориҳои минтақавӣ ҳамсуҳбати мо Ҳ. Шеров иброз дошт, ки  яке аз муҳимтарин рукнҳои ҳамкорӣ миёни кишварҳои ҳамсоя дар самти табодули иттилоъ доир ба ҳифзи муҳити зист ба шумор меравад. Бояд байни кишварҳо маълумотҳои марбут ба муҳити зист саҳеҳ, шаффоф, осонфаҳм содда бошанд. Ин омил барои пешрафт мусоидат менамояд.

Дар мавриди ҳамкориҳо бо кишварҳои хориҷӣ ҳамсуҳбати дигарамон С.Самиев чунин ибрози андеша намуд: “Ҳаррӯза маълумотҳое, ки тавассути  санҷишгоҳи сайёр аз нуқтаҳои гуногуни шаҳр гирифта мешавад, дар сайти www.meteo,tj ҷой дода мешавад. Мардуми дигар кишварҳо низ метавонанд даромада аз ин сайт доир ба ҳолати ҳавои атмосферии шаҳрҳои ҷумҳуриамон ошноӣ пайдо намоянд. Бахусус аҳолии шаҳри Душанбе метавонанд ба сомонаи Агентии обуҳавошиносӣ ворид шуда, дар бораи аз чӣ гуна ҳаво нафас кашиданашон бохабар бошанд.

Маълумотҳои экологӣ аз натиҷаҳои мушоҳидаҳо баъди коркарду таҳлил ба Ҳукумати кишвар, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва дигар идораҳои дахлдор пешкаш карда мешавад”.    

Меҳмонони чорабиниҳо дар маросими расмии ҷашнӣ

Ҷашни экологҳоро барномаи ҳунарии овозхонҳо ва ҳунарпешаҳо рангинтару чолиб сохт.

Ҷамолиддин ЯҚУБОВ

Суратгир: Мирсаид САТТОРИЁН

«Инсон ва табиат»

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед