Барномаи давлатии комплекси рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
884
боздид
Машвари кормандон доир ба Барномаи мозкур.

Татбиқи Барномаи давлатии комплекси рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020 дар маркази таваҷҷуҳи муовини Раиси вилоят

          13 октябри соли равон дар назди муовини раиси Вилояти  Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Носирзода Умедҷон Саидҷон      ҷаласаи машваратии ҳайати комиссияи байниидоравӣ оид ба тадбиқи Барномаи давлатии комплекси рушди тарбия ва маърифати эологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020 баргузор гардид.

Дар ҷаласа намояндагони мақомотҳо, муовини сардори  сарраёсати молияи вилоят, мудири шуъбаи саноат, энергетика ва комуникатсия, муовини сардори шуъбаи маориф, шуъбаи меҳнат, Кумитаи кор бо занон ва оилаи вилоят, идораи телевизион ва радио, Кумитаи ҷавонон, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, маркази эҷодии кӯдакону наврасони вилоят, маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва дигар ташкилоту идораҳо иштирок доштанд.

Иштирокчиёнии ҷаласа масъалаҳои тақвият бахшидани сатҳи донишу малакаи аъзои комиссияи давлатии байниидоравӣ баҳри амалӣ намудани Барномаи давлатии комплекси рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Точикистон дар давраи то соли 2020 ва бандҳои нақшаи чорабиниҳои Барномаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Муовини раиси вилоят Носирзода Умедҷон Саидҷон  бо намояндагони идораву кумитаҳои дахлдор рафти иҷрои ҳар як  банди нақша чорабиниҳои Барномаро ба таври муфассал  шарҳ  дода, доир ба вазифаҳои аъзоёни комиссия тибқи низомномаи Комиссия равшани андохт. Аз тарафи ширкаткунандагони ҷаласа ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ таъмин намудани иҷроиши Барномаи мазкур таклифҳо пешниҳод шуданд.

Ҳамчунин аз ҷониби муовини Раёсати ҳифзи муҳити вилоят Сафина Шабдолова  ва сармутахассис оид ба ташвиқоту тарғиботи раёсат пешниҳод гардид, ки барои самаранок бурдани кори  комиссияи байниидоравӣ оид ба тарбия ва маърифати экологӣ хуб мебуд нақшаи кории комиссия таҳия шуда, фаъолияти аъзоёни комиссия боз ҳам пурзӯртар ба роҳ монда шавад ва ҳисоботҳо дар ин самт дар муҳлати муқарраршуда ба раёсати ҳифзи муҳити зист ирсол карда шаванд.

Муовини раиси вилоят дар поёни ҷаласа изҳори боварӣ намуд, ки машварати доиргардидаи байниидоравӣ барои  таъмини амнияти экологӣ, баланд бардоштани сатҳи тарбия, дониш ва маърифати экологии қишрҳои гуногуни ҷомеа мусоидат менамояд.

Кайҳост, ки шиори “Ҳифзи табиат – ҳифзи ватан аст” миёни ҷомеа ошност. Аммо барои амалӣ шудани ин шиор мо – намояндагони мақомотҳои давлатии соҳавиро лозим аст, ки ҷиҳати пешбурди сиёсати давлат дар самти баланд бардоштани маърифати экологӣ бояд бо қишрҳои гуногуни ҷомеа  ҳамкории зич дошта бошем.

 

                                                                Парӣ Ғуломҳайдарова,

                                        сармутахассиси Раёсати ҳифзи

                                        муҳити зисти ВМКБ

 

 

 

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед