БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ҲАМБАСТАГИИ МУҲОҶИРАТ, МУҲИТИ ЗИСТ ВА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ

0
210
боздид

24 сентябри соли 2019 муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Зарина Назарзода роҳбари Миссияи Созмони байналмилалии муҳоҷират хонум Кристина Ҷорҷ Транка, мутахассиси минтақавӣ оид ба муҳоҷират, муҳити зист ва тағйирёбии иқлим Сумядил Банерҷӣ ва мутахассиси Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон Рухшона Қурбоноваро ба ҳузур пазируфт. Дар вохӯрӣ инчунин мутахассисони татбиқи лоиҳаҳои Кумита  Ҳукуматшо Шарипов, Анвар Ҳомидов ва сармутахассиси бахши робитаҳои байналмилалӣ Шаҳло Азизбекова иштирок доштанд. Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамбастагии муҳоҷират, муҳити зист ва тағйирёбии иқлим мавриди баррасӣ қарор гирифт.

         Назарзода З. пас аз хайрамақдам намудани меҳмонон иброз дошт, ки Тоҷикистон аз соли 1998 ба Конвенсияи байналмилалӣ оид ба тағйирёбии иқлим шомил буда, аз тарафи Кумита ҳамчун ҳамоҳангсози Конвенсия дар ҳамкорӣ бо Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ дар доираи Барномаи PRIZE дар давоми солҳои 2013-2016 лоиҳаи “Муҳоҷират, интиқолҳои пулӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар минтааҳои хушкӣ” амалӣ гардид. Мақсади асосии гузаронидани тадқиқот доир ба самаранок истифода шудани маблағҳои интиқолшудаи муҳоҷирон ва таъсири тағйирёбии иқлим ба минтақаҳои хушк равона гардида буд.   

         Роҳбари Миссия хонум Кристина Ҷорҷ Транка зимни мулоқот ишора ба он намуд, ки дидгоҳи Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) оид ба муҳоҷират, муҳити зист ва тағйирёбии иқлим ин аст, ки идоракунии муосири муҳоҷират, сиёсат ва амалия бояд аҳамияти омилҳои муҳити зист, офатҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлимро ба муҳоҷирати инсон инъикос намояд.

         Таъкид гардид, ки омилҳои муҳити зист бояд бо ҳамаи соҳаҳои идоракунии муҳоҷират, мисли пешгирӣ, омодагӣ ва аксуламал ба аз ҷой беҷошавии одамон, идоракунии сарҳад, муҳоҷирати меҳнатӣ, бозгашт ва регинтегратсия ҳамоҳанг карда шавад.  

         Қобили зикр аст, ки дар доираи амалӣ шудани лоиҳа тақвият додани тавонмандии занон барои мутобиқ шудан ба тағйирёбии иқлим ба назар гирифта мешавад.  

         Аз тарафи Назарзода З. бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишу саводи занон дар самти истифодаи дурусти маблағҳои интиқолшаванда аз муҳоҷират пешниҳодҳои муфид дода шуд. 

Мутахассисони Кумита бо коршиносони Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамбастгӣ миёни муҳоҷират, муҳити зист ва тағйирёбии иқлимро баррасӣ доранд. 

         Пас аз мулоқоти намояндагони Созмони байналмилалии муҳоҷират бо муовини Раиси Кумита як нишаст бо мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зист доир гардид. Миёни тарафҳо марбут ба вохӯрии машваратии дарпешистодаи намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зист, FAO ва Созмони байналмилалии муҳоҷират дар мавзӯи “Тоҷикистон: тафоҳуми ҳамбастагии муҳоҷират, гендер, тағйири иқлим ва кишоварзӣ”, ки баргузориаш рӯзи 26 сентябри соли ҷорӣ дар назар дошта шудааст, табодули афкор сурат гирифт.

         Тавре аз суҳбат бо хонум Кристина маълум шуд, Созмони Байналмилалии Муҳоҷират барои амалӣ намудани лоиҳа Шаҳритусро ҳамчун ноҳияи пилотӣ интихоб намудаанд. Интихоб шудани ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ҳамчун ноҳияи пилотӣ беҳуда нест. Зеро дар ин ноҳияи минтақа проблемаҳои зиёди экологӣ ба чашм мерасанд. Яке аз масъалаҳои экологӣ, пеш аз ҳама шӯршавии замин аз сабаби баланд шудани обҳои зеризаминӣ ба эрозияи замин оварда расонидааст. Тибқи маълумотҳои оморӣ зиёда аз 1110 гектар заминҳои ботлоқшуда ва беш аз 190 гектар заминҳои шустушуда ба қайд гирифта шудааст.

         Ёдовар мешавем, ки давомнокии лоиҳаи мазкур аз моҳи сентябри соли 2019 то августи соли 2021-ро дарбар мегирад.  

Ҷ. Якубов, «Инсон ва табиат»

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед