БАРРАСИИ МАВЗӮИ “ПЕШБУРДИ «ИҚТИСОДИ САБЗ» ДАР ТОҶИКИСТОН” дар МИЗИ МУДАВВАР

0
189
боздид

Санаи 11 июн дар маҷлисгоҳи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Пешбурди иқтисоди сабз дар Тоҷикистон” мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин — Латифзода Рустам Барот, масъулон аз шуъбаи муҳити зисти Дафтари барномаҳои Созмони  амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар ш. Душанбе, кормандони Марказҳои Орхусҳои шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва ш. Турсунзода, коршиносони мустақил ва мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зист иштирок доштанд.  

Иштирокчиёни мизи мудаввар ҳангоми баррасии мавзӯи консепсияи Иқтисоди сабз

 Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Саидумрон Назар ҳусни ифтитоҳ бахшида, ба Дафтари барномаҳои  САҲА дар Душанбе ҷиҳати ҳамкории самарабахш бо Кумита дар соҳаи ҳифзи муҳити зист миннатдорӣ баён намуд.

 С.Абдураҳмонзода зимни суханронӣ доир ба саъю талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пиёда намудани Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола дар ҳама самтҳо, аз ҷумла барои гузариш ба иқтисодиёти сабз ибрози андеша намуд.  Аз ҷумла, зикр карда шуд, ки “дар Тоҷикистон дурнамои рушди «иқтисоди сабз» бо рушди энергетика пайвандии ногусастанӣ дорад. Ин нукта, дар маърўзаву суханрониҳои Сарвари мамлакатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланд ҳамеша таъкид карда мешавад. Дар Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ишора ба дастовардҳои муҳими соли 2018 таъкид гардид, ки истифодаи иқтидорҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон барои таъмин намудани кишварҳои минтақа бо нерӯи барқи аз лиҳози экологӣ тоза — яке аз асосҳои рушди “иқтисоди сабз” метавонад ба кам гардидани партовҳои гази карбон ба атмосфера мусоидати ҷиддӣ намояд”.  

Дар фарҷоми суханронӣ муовини Раиси Кумита изҳори умед намуд, ки хулоса ва тавсияҳои мизи мудаввар дар қабули қарорҳо марбут ба таҳияи консепсияи «иқтисоди сабз» ёрӣ расонида, ба ин васила, дар рушди устувори Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Зимни суханронии сардори шуъбаи муҳити зисти Дафтари барномаҳои САҲА дар ш. Душанбе Муҳаббат Камарова қайд гардид, ки дар аксар кишварҳои олам марбут ба иқтисоди сабз санадҳои давлатӣ қабул гардидаанд. САҲА барои ҳамкории мақомотҳои гуногуни давлатӣ ва Парлумони кишвар барои таҳия намудани чунин ҳуҷҷати муҳим дар мавзӯи «Иқтисоди сабз» мусоидат менамояд. Бо ҳамин мақсад САҲА дар моҳи августи соли ҷорӣ тасмим гирифтааст як ҳамоиши нисбатан всаеътарро бо ҷалби коршиносону мутахассисони вазорату идораҳои марбутаи давлатӣ доир намояд.     

Рустам Латифзода ҳангоми суханронӣ дар мавзӯи нақш ва иштироки Парлумон дар пешбурди принсипҳои иқтисоди сабз

 Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин — Латифзода Рустам зимни маърӯзаи хеш дар хусуси нақш ва иштироки парлумон дар пешбурди принсипҳои иқтисоди сабз истода гузашт. Мавсуф ҳамзамон аз ҳамкории судманди Парлумони  бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва САҲА изҳори қаноатмандӣ намуда, таҳияи консеспсияи иқтисоди сабзро аз ҳамкориҳои навбатӣ хонд.  “Консепсия ё ҳуҷҷате, ки мо имрӯз мавриди баррасӣ қарор додаем, мехоҳем, ки дар шакли ниҳоӣ омода гашта, ҳуҷҷати асосии рӯимизӣ, яъне дастур барои корбарӣ дар самти татбиқи сиёсати сабз дар тамоми идораҳо мубаддал гардад”- гуфт Латифзода Р.

“Барои таҳия ва омода намудани чунин як ҳуҷҷати муҳим ба андешаи мо коршиносону мутахассисони Вазорати рушди иқтисод ва савдо, вазоратҳои молия, кишоварзӣ, саноат ва ҳамзамон институтҳои илмӣ тадқиқотиро ҷалб кардан зарур аст. Дар қонунгузории Тоҷикистон заминаҳои дахлдор дар мавриди рушди иқтисоди сабз гузошта шудааст, аммо бо дарназардошти дигаргуниҳои ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат онҳо ба такмилу таҷдид ниёз доранд”.

Ба гуфтаи Латифзода Р. аҳамияти ин консепсияе, ки омода карда мешавад, албатта аз Стратегияи рушд барои солҳои 2016-2030 камтар нахоҳад буд. Ҳуччате, ки айни замон омода карда мешавад, бояд ҳамқадами ҳуҷҷатҳои стратегии давлат шавад.

Латифзода Рустам дар фароварди суханрониаш  барои таҳия ва омода намудани чунин ҳуҷҷати муҳим кӯмак ва дастгирии Кумитаро зарур ҳисобид.   

Ҳамзамон мавзӯҳои “Таҷрибаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пешбурди принсипҳои иқтисоди сабз”, “Раванди гузариш аз иқтисоди қаҳваӣ ба иқтисоди сабз дар Тоҷикистон”, “Имкониятҳои қонунгузории мавҷудаи экологии ҶТ дар пешбурди принсипҳои иқтисоди сабз” мавриди баррасии иштирокчиён қарор гирифт.  

Ҷамолиддин ЯКУБОВ, «Инсон ва табиат»   

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед