БАРРАСИИ ТАҲИЯИ ЗЕРСАНАДҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ЭКОЛОГИИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ”

0
788
боздид

      Санаи 9 июл бо иштироки мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва коршиносони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) доир ба таҳияи зерсанадҳо ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера” ва “Дар бораи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ” ҷаласаи машваратии гурӯҳи корӣ баргузор гардид.

      Сардори Шуъбаи ҳифзи ҳавои атмосфера Сайисмон Судуров ҳозиринро бо фаъолияти Кумита дар самти ҳифзи ҳавои атмосфера ошно кард. Пас аз шунидани презентатсияҳои мушовирони САҲА дар як қатор масъалаҳо, аз ҷумла, дар бораи қонунгузории экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷараёни ҷамъоварӣ ва коркарди чарх, батарея ва равғани воситаҳои нақлиёт, стандартҳои мавҷудаи экологӣ доир ба меъёрҳои ҳадди ҷоиз ва рӯихати ифлоскунандаҳо байни иштирокчиён табодули афкор сурат гирифт.

        Гурӯҳи корӣ тасмим дорад доир ба қонунҳои дар боло ишорашуда барои таҳия намудани чунин зерсанадҳо, аз ҷумла, “Дар бораи меъёрҳои экологии партовҳои воситаҳои нақлиёти автомобилӣ”, “Қоидаҳои гузаронидани таснифи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ”, “Қоидаҳои ҷамъоварӣ, интиқол ва коркарди партовҳои воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, чархҳо, аккамуляторҳо ва равғанҳои азистифодабаромадаи муҳаррик” мусоидат намояд.

        Дар чорабинии мазкур ҳайати кормандони Маркази Орхуси шаҳри Душанбе, намояндагони Марказҳои Орхуси шаҳрҳои Бохтар ва Турсунзода иштирок доштанд.

        Ёдовар мешавем, ки пас аз таҳияи лоиҳаи зерсанадҳо он дар доираи васеи коршиносону мутахассисон барои муҳокимаву баррасӣ пешниҳод карда мешавад.   

“Инсон ва табиат”

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед