Беҳдошти муҳити зисти пойтахт

0
402
боздид
Дар шаҳри Душанбе боғҳои фарҳангӣ -фароғатии зебо хеле зиёданд.

Беҳдошти муҳити зисти пойтахт дар 27-соли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

     Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо дастур ва ҳидояти  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе таҷдид ва навсозӣ карда шуданд. Ба ифтихори 1150 — солагии қофиласолори адабиёти форсу тоҷик  Абӯабдуллои Рӯдакӣ собиқ боғи Ленин навсозӣ гардида, ба боғи Устод Рӯдакӣ табдили ном кард, ки 12 га-ро ташкил медиҳад. Дар боғи мазкур  5238 бех дарахтони буттагӣ ва ба миқдори 3373 бех навъи дарахтони кастона, булут, чинор, арча, шунг, фарк, тус, копак, сафедор, коҷ, ақоқиё, сада ва маҷнунбед  дар ҳоли афзоиш қарор доранд.

      Воқеан, боғи Устод Рӯдакӣ баъд аз таъмир ва таҷдид бо риояи талаботҳои агротехникӣ ва мутобиқ ба шароити ҷомеаи имрӯза навсозӣ гардид. Мавҷудияти боғи Устод Рӯдакӣ дар маркази ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе биҳиштеро мемонад, бо фарогирии гулҳои тару тоза, дарахтони ҳамешасабз, сабзазор ва фаввораҳои мусаффояш ба дилу дидаи тафреҳкунандагон нишоту фараҳ ҳадя менамояд.  Бояд як нуқтаро таъкид намоем, ки меҳмонон ва сокинон, ки ба боғ барои фароғат меоянд, дар муносибат ба боғи воқеан биҳиштосо нигоҳи дилсӯзона дошта, даст аз поймол кардани сабзазор, шикастан, рабудан боздошта, танҳо аз ин неъматҳои тасхиркунанда истифода бикунанд.

Бо иштироки  бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, ки дар масоҳати 11,8 га  доман паҳн кардааст, куллан навсозӣ гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Барои сабзу шукуфон ва дилрабо гардидан боғ ба миқдори 20 ҳазор дона гулҳои мавсимӣ шинонида шуд. Дар боғ нимпайкараи  устод Садриддин Айнӣ  гузошта шуда, се айвонча, бо усули меъмории миллӣ эъмор гашта, 8 фаввора фаъол гаштааст. Ҳамчунон дар боғ бинои Амфитеатр бо 1600 ҷойи нишаст бунёд гардид. Тавре директори муассиса Амрулло Боқиев иброз дошт, масъулони боғ пайваста кушиш ба харҷ дода истодаанд, ки ҳудуди боғ доимо тозаву озода ва барои истироҳати сайркунандагон омода бошад.

3-юми июли соли ҷорӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Боғи кӯдакон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Боғи кӯдакон дар масоҳати 3 гектар доман паҳн карда, дар он барои сайру саёҳат, истироҳат ва иштирок дар чорабиниҳои варзишию фарҳангии кӯдакон амфитеатр бо 500 ҷойи нишаст, гулгаштҳо, фаввораҳо сохта шудааст. Масоҳати кабудизоркунӣ 15 ҳазор метри мураббаъ мебошад ва дар ҳудуди боғ 950 адад дарахтони гуногуни сояафкану ороишӣ, аз қабили береза, кипарис, каштан, клен, липа, магнолия, можевелник, сирени ҳиндӣ, олуи вуди, соснаи одӣ, туя, сосна сливестри, канзан, каталпа ва ел шинонида шуд. Айни замон боғи мазкур ба макони фароғат ва истироҳати кӯдакон ва наврасон қарор гирифтааст.

Гузашта аз ин, боғи ба номи Алишери Навоӣ дар майдони 2,8 га доман паҳн карда, дар ҳудуди боғ гулҳои рангоранг, дарахту буттаҳо шинонида, зери дарахтони бисёрсола сабзазор карда шудааст. Дар ҳудуди боғи номбурда корҳои ободонию барқароркунӣ идома дорад.

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед