Биҳишти нобудшудаистода. Кишварҳое, ки то соли 2050 эҳтимолияти хатари зери об монданашон вуҷуд дорад.
Як қисми кишварҳо дар давоми то соли 2050 аз сабаби гармшавии глобалӣ пурра зери об мондан таҳдид мекунад. Ин мавзуъ дар як мизи мудаввар мавриди баррасии олимон қарор дошт. Ба қавли олимон чунин кишварҳое, ки хатари зери об мондан бештар таҳдид мекунад, ҷазираҳои Малдив мебошанд.
Tувалу- давлати хурде мебошад, ки аз се ҷазираҳои рифӣ (боқимондаи растанӣ ва ҳайвоноти уқёнусӣ, ки дар давоми миллионҳо сол шакли сахтро гирифтаанд) ва шаш аттолҳо (ҷазирачаҳои хурд) иборат буда, дар Уқёнуси Ором воқеъ гаштааст. Сокинони ин кишвар айни замон дар ҷустуҷуи паноҳгоҳ ҳастанд. Ба Тувалу ба ҷуз аз таҳдиди обхезӣ, ки масоҳати давлатро маҳдуд менамояд, инчунин дар натиҷаи шуста шудани хоки ин сарзамин аз намаки баҳрӣ ҳамасола ҳудуди хушкӣ коҳиш ёфта истодааст.
Як кишвари дигари хурд бо номи Kирибати дар Уқёнуси Ором дар наздикии ҷазираҳои Гавай воқеъ гардидааст. Ба ҳисоби миёна аз соли 1992 инҷониб ҳамасола сатҳи миёнаи баҳр то ба 17 см баланд шудааст. Дар баъзе минтақаҳо рақами аз ин нишондод ҳатто баландтар ҳам ба қайд гирифта шудааст.
Фиджӣ кишвари ҷазиравӣ буда, дар Уқёнуси Ором воқеъ аст, он ҳам дар минтақаи хатар қарор дорад, аммо вазъият дар ин ҷо нисбат ба дигар ҳамсоягонашон беҳтар аст. Президенти Кирибати бо ҳукуматдорони Фиджӣ ба мувофиқа расиданд, ки дар ин кишвар наздики 2,5 ҳазор гектарро барои кӯчондану маскун кардани сокинони ҷазирааш ҷудо намояд.
Масоҳати ҷазираи Науру ҳамагӣ 21 км мураббаъро ташкил мекунад. Дар гузашта дар ин ҷо канданиҳои фоиданок истихроҷ карда мешуд. Аз ин сабаб дар маркази ҷазира зиндагӣ кардан ғайриимкон буд. Тақрибан 10 ҳазор сокинони он дар соҳили баҳр макони зист ихтиёр намуданд, ки дар натиҷаи баланд шудани сатҳи об як қисми масоҳати ҷазира дар зери Уқёнуси Ором монд.
Аҳолии зиёда аз 300 шаҳраки мамлакати хурди Палау аз сабаби ба заминҳои кишт наздик шудани оби шӯр, ки таркиби хокро барои кишти зироатҳо вайрон месозад, изҳори нигаронӣ мекунанд. Илова бар ин, аз тағйиротҳои иқлимӣ дар ин ҷо, растаниҳои мармарӣ дар оби гарми ғайримуқаррарӣ нобуд мешаванд.
Бангладеш дар рӯихати гуруҳи кишварҳои хатарзо дохил мешавад. Сокинони маҳаллӣ, ки дар гузашта ҳам аз обхезиҳои мунтазам ва тундбодҳо азият мекашиданд, аммо вақтҳои охир офатҳои табиӣ зуд-зуд ба амал омада истодааст. Сабаби зуд –зуд рух задани офатҳои табииро коршиносон дар он медонанд, ки дар натиҷаи гармшавии глобалии пиряхҳои Ҳимолой об шуда истодааст.
Ҷазираҳои Сейшел, ки дар ғарби Уқёнуси Ҳинд ҷойгир шудаанд ва миёни сайёҳон шуҳрати беандоза дорад, аз сабаби нобуд шудани растаниҳои мармарӣ (коралловых рифов), ки ҷазираро аз эрозия муҳофизат мекарданд, дар қатори ҷазираҳои нобудшаванда қарор дорад. Акнун ҳар гуна болоравии намоён дар сатҳи об метавонад барои сокинони зиёда аз 100 ҷазира муҳим бошад.
Сокинони кишвари Индонезия аз ҳама бештар оқибати гармшавии ҷаҳониро эҳсос мекунанд. Аз ҳамин сабаб, соли 2007 дар ҷазираи Бали, ки дар Индонезия ҷойгир аст, конфронс бахшида ба таҳияи созишномаи нави байналмилалӣ оид ба мутобиқсозии тағйирёбии иқлим баргузор гардид.