Биотехнология дар асри 21

0
669
боздид
Ҳар як ген дар организми зинда дорои аломати муайян мебошад.

Биотехнология дар асри 21

Дар бозору мағозаҳои ҷумҳурӣ номгӯи зиёди маҳсулоти хӯрока мавҷуданд, ки истеҳсоли ширкатҳои гуногун ҳастанд. Оё Шумо ба ҷуз аз чашидани лаззати маҳсулот боре андеша кардаед, ки онҳо чӣ гуна омода мешаванд?

Дар асри 21 дар соҳаи биотехнология дигаргуниҳои зиёд ба вуқуъ пайваст. Аксари олимон имрӯз барои такмил додани биотехнология заҳмат намоянд ҳам, аммо на ҳамеша кашфиёт ва модернизатсияи ин соҳа ба саломатии инсон таъсири мусбат мерасонад. Геноинженерия яке шохаҳои биотехнология буда, мақсади он беҳтар кардани махсусият ва сифати организмҳои зинда, дигаргун кардани генотипи растаниҳо, микроорганизмҳо ва ҳайвонот мебошад. Ҳар як ген дар организми зинда дорои аломати муайян мебошад, дар сурати гирифтани як ген аз организм нишона ё аломати он гум мешавад, агар гени нав ҳамроҳ кунем, организм аломати нав пайдо мекунад., ки онҳоро организмҳои генашон тағйирёфта (ОГТ) меноманд.

Андешаи як гурӯҳи олимон дар мавриди он ки истеҳсоли организмҳои генашон дигаргуншуда барои наҷоти инсоният аз гуруснагӣ ва бисёр касалиҳо ба роҳ монда мешавад, дуруст аст, аммо аксар генетикҳо аз рӯи фармоиши сарпарастон барои ба даст овардани даромади зиёдтар кор мекунанд. Дар ин ҳолат масъалаҳои дар боло ишорашуда дар ҷои дуюм мемонад. Махфӣ нест, ки растаниҳои т р а н с г е н ӣ ҳосилнокии баланд ва сифати хуб доранду ба шароитҳои номусоиди табиӣ устуворанд.

Аммо андешаи мухолиф он аст, ки растанӣ ва ҳайвоноти офаридаи табиат дар сурати самаранок и с т и ф о д а б а р и и захираҳои табиӣ, инсониятро бо ҳама ҷузъиёти ҳаётан муҳим таъмин карда метавонад.

Яке аз ширкатҳои пешсафи ҷаҳонӣ дар соҳаи б и о т е х н о л о г и я и р а с т а н и ҳ о Monsanto Company (Монсанто, ИМА) мебошад.

Roundup («Раундап») — тамғаи тиҷоратии гербитсид бо унвони глифосат мебошад, ки дар аввали солҳои 70-уми асри 20 аз тарафи ширкати «Монсанто» ихтироъ шуд. Заҳрхимикати истеҳсолкардаи ин ширкат тавассути самолётҳо бо мақсади пайдо кардани ҷанговарони ветнамӣ дар ҷангалзорҳои сердарахт пошида шуд. Дар натиҷаи озмоиши ин заҳрхимикат бисёр гиёҳҳо нобуд ва аксар ҷанговарони ветнамӣ ва амрикоӣ, ки дар ҷангалзорҳо қарор доштанд, заҳролуд гаштанд. Баъдтар аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин заҳрхимикат ҳамчун яроқи кимиёвӣ баҳо дода шуда ва истифодаи он мамнуъ эълон гардид.

Таҳқиқотҳои гузаронидаи ин ширкат дар охири солҳои 80 ва аввали солҳои 90-ум дар соҳаи кишоварзӣ ба муваффақиятҳои чашмрас ноил гардид. Бахусус, соли 1996 баъди ихтирои навъи лубиёи трансгенӣ бо тамғаи «Раундап Рэди» (Roundup Ready, RR) ва навъи пахтаи «Боллгард» (Bollgard), ки ба ҳашаротҳо устувор аст, нуфузи «Монсанто»-ро дар миқёси ҷаҳон ба чанд зина боло бурд.

Ширкатҳое, ки дар маҳсулоташон аз растаниҳои трансгенӣ истифода мекунанд, бояд дар борбастаҳояшон ишораи «Маҳсулот дорои ОГТ аст» тамғагузорӣ шуда бошад. Ин амал барои он зарур аст, ки истеъмолкунанда ё харидор имкони оқилона интихоб карданро пайдо мекунад.

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед