БО ПАКЕТҲОИ ПОЛИЭТИЛЕНӢ ЧӢ БОЯД КАРД?

0
276
боздид

Зарф ва пакетҳои пластикӣ эҷодкунандаи дарди сар ба муҳити зист

Маводҳои пластикӣ ва полиэтиенӣ, ки аксар вақт мавриди истифодаи якдафъаина қарор дорад, барои муҳити зисти инсон мушкилот эҷод кардааст. Бинобар ин мавзуи мазкур бори аввал нест, ки дар расонаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта бошад.  Имрӯзҳо мо ҳамагон шоҳиди дар ҳар гӯша партофтани зарф ва пакетҳои полиэтиленӣ мегардем, пакету зарфҳо дар об шино карда, дар лӯлаҳои обгузар руст мешаванд ва дар натиҷа оби зиёд ба кӯчаҳои асфалтпӯш мебарояд, ки дидани чунин манзараҳо хеле нохушоянд аст. Шояд ҳар яки шумо шоҳиди он гашта бошед, ки ҳангоми баланд шудани вазиши шамол чӣ гуна пакетҳои полиэтиленӣ дар фазо ба парвоз меоянд. Сабаб чист, ки дар ҳар сари қадам бо зарфу пакетҳои пластикӣ рӯ ба рӯ  мешавем?

Имрӯз дар аксар кишварҳои рушдкарда ба хотири беҳбудии муҳити зист чораҳои мушаххас андешида истодаанд, ки натиҷаҳои нек ба бор овардааст. Масалан, истифодаи пакетҳои латтагин ва ё коғазиро дар мағозаҳои бузург, яъне силсиламағозаҳо (супермаркету гипермаркетҳо) ба роҳ мондаанд.  

Ҳанӯз соли 1994 дар Дания барои бастабандӣ ва пакетҳо андоз ҷорӣ гашта буд, ки пардохти маблағи он на ба дӯши харидор, балки мағозаҳо вогузор шуда буд. Дар натиҷаи ин иқдом истифодабарии пакетҳои полиэтиленӣ дар нуқтаҳои бузурги тиҷоратӣ 66% кам шуд. 

Соли 2017 дар Федератсияи Россия Соли экология эълон шуда буд. Пас аз эълон гаштани соли экология дар Федератсияи Россия аксар нуқтаҳои бузурги савдо ба хотири ҳифз ва беҳдошти муҳити зист аз ройгон додани пакетҳои пластикии якдафъаина даст кашиданд.

21 декабри соли 2017 ширкати «Спар» расман эълон намуд, ки дар ҳама нуқтаҳои савдо аз додани пакетҳои полиэтиленӣ даст мекашад. Бино ба гуфтаи роҳбари лоиҳаи “Сифр партовҳо” Дмитрий Артамонов 99%-и пакетҳои якдафъаинаи пластикӣ ба партовгоҳ партофта мешаванд. Маркази матбуоти Ширкати бузурги занҷирамағозаҳо бо номи Auchan аз 15 ноябри соли 2017 ба хабаргузории РИА Новости эълон карда буд, ки барои пуштибонӣ аз соли экология дар Россия аз ройгон додани пакетҳои пластикӣ худдорӣ менамояд.

Аз ибтидои соли 2018 силсиламағозаҳои ширкати Lidl дар нуқтаҳои тиҷоратии худ дар кишвари Кипр пакетҳои пластикиро пулакӣ ҷорӣ намуд. Қисме аз маблағҳои ҷамъоваришуда аз маблағи пакетҳои фурӯхташуда ҳамчун пардохти экологӣ ба буҷаи давлат супорида мешавад.

Фонди “Афкори умум” моҳи декабри соли 2018 дар нуқтаҳои бузурги тиҷоратии Россия пурсишномаеро дар бораи ба намудҳо ҷудо намудани партовҳо, монанди коғаз, пластика, шиша ва ба контейнерҳои алоҳида партофтанашон миёни харидорон гузаронид.

Зиёда аз се як ҳиссаи пурсидашудагон (39%) кӯшиш мекунанд, ки он гуна маводу колоеро харидорӣ намоянд, ки ба муҳити зист зарар нарасонад. 53% пурсидашудагон ба ин масъала таваҷҷуҳ намекунанд.

Ғояи худдорӣ аз ройгон додани пакетҳои пластикиро 13% шаҳрвандон дастгирӣ намуданд. 55% шаҳрвандон бошанд ба ин андеша буданд, ки “пакетҳо бояд ҳамеша бепул бошанд”.

Хабаргузории ИА REGNUM доир ба ин пурсишнома хулосаи худро чунин баён мекунад: -сабаби асосӣ барои нигаронии шаҳрвандони Россия бо ҳолати муҳити зист – ҷамъ шудани партовҳо, ҳолати ҳавои атмосферӣ, ифлосшавии обанборҳо ва таъсири корхонаҳои саноатӣ ба муҳити зист вобаста мебошад.

Дар яке аз шаҳрҳои бузурги ИМА соли 2018 барои истифодаи ҳар як пакети полиэтиленӣ ҳангоми харидорӣ аз силсиламағозаҳо ва нуқтаҳои савдо 10 сент муқаррар намуданд. Шӯрои шаҳрӣ қонунеро тарҳрезӣ намуд, ки ҳар як харидорро водор мекунад, ки аз экосумкаҳо истифода намоянд,- хабар медиҳад Huffington Post.

Тибқи иттилои хабаргузории Газета.uz. дар силсиламағозаҳо ва нуқтаҳои бузурги тиҷоратии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 1 январи соли 2019 ройгон додани пакетҳои пластикӣ аз пленкаҳои полимерӣ манъ карда шуд. Доир ба мукаммалгардонии системаи муомилот бо партовҳо Президенти кишвар Шавкат Мирзиёев қарор ба имзо расонид, хабар дода шуд дар барномаи “Ахборот 24”-и Шабакаи телевизионии “Ӯзбекистон 24”. Ҳадафи ин навовариро коршиносон дар кам кардани ҳаҷми ифлосгардонии табиат аз ҳисоби пластикаҳо ва шакл додани муносибати сарфакоронаи аҳолӣ ба пакетҳо арзёбӣ мекунанд.

Пакетҳои полиэтиленӣ дар ошхона – чизи муқаррарӣ аст. Онҳо ба хонаҳо ҳамроҳи маводҳои ғизоӣ аз супермаркетҳо (силсиламағозаҳо) ва нуқтаҳои савдо ворид карда мешаванд. Ҳар яки мо мехоҳем таъсири манфии полиэтилен ба муҳити зистро кам намоем.

Дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриамон низ шумораи занҷирамағозаҳо ва нуқтаҳои бузурги савдо дар афзоиш аст, ки ба ҳар харидор бо маводи фурӯхташуда пакетҳои пластикӣ ройгон дода мешавад. Ва баъди 1 ё 2 соати ба хона ворид намудани пакетҳо онҳо ба муҳити атроф партофта мешаванд. Ба қавли олимони соҳаи кимиё полимер ва полиэтилен дар таркиби хок вайрон намешавад ва заминҳои ҳосилхезро нуқсдор менамоянд. Агар пакетҳо латтагин бошанд, онро даҳҳо маротибаи дигар истифода кардан мумкин аст. 

Хонандаи азиз! Чӣ бояд кард то муҳити атрофамон аз зарф ва пакетҳои пластикиву полимерӣ тозаву озода бошад.Фикру андешаи шуморо мехостем бифаҳмем. Метавонед фикру андешаатонро ба суроғаи insonvatabiat@gmail.com  ирсол намоед.

Ҷамолиддин Якубов

 

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед