БО ПАРТОВҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ ЧӢ БОЯД КАРД?

0
3799
боздид
Дар давоми як сол, дар ҷаҳон қариб 50 миллион тонна партовҳои электронӣ ҷамъ мешаванд.

 

БО ПАРТОВҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ ЧӢ БОЯД КАРД?

Дар давоми бист соли охир техникаҳои маишӣ ва компютерҳои шахсӣ ба таври чашмрас такмил ёфт. Такмилу таҳаввул ёфтани технологияҳои иттилоотӣ аз як тараф барои рушди иқтисодиёт мусоидат намуда, дар бисёр ҷанбаҳои ҳаёти одамон беҳбуд бахшид. Аммо вобастагии ҳаррӯзаи мо аз дастгоҳҳои электронӣ сабаби пайдоиши хатарҳои нави ифлосшавии муҳити зист гардид, ки он ҳам бошад ба партовҳои электронӣ вобаста аст.   Партовҳои электронӣ – ин истилоҳи умумӣ барои ифодаи таҷҳизоти барқӣ ва электронӣ мебошад, ки муҳлати истифодаашон ба охир расидааст. Ба ин намуди партовҳо компютерҳо, телевизору мониторҳо, ноутбукҳо, телефонҳои мобилӣ, дастгоҳҳои нусхабардорӣ, факсҳо ва тақрибан ҳамаи он ашёҳои хона, ки бо қувваи барқ, батареяҳо ва дигар сарчашмаҳои нерӯгиранда кор мекунанд, мансуб аст. Дар шароити имрӯза партовҳои электронӣ нисбат ба дигар намуди партовҳо ҳиссаи зиёдтарро ташкил мекунанд. Тадқиқотҳои дар Аврупо гузаронидашуда нишон медиҳанд, ки суръати ҳосил шудани партовҳои электронӣ нисбат ба партовҳои маишӣ се маротиба баландтар аст. Дар давоми як сол, дар ҷаҳон қариб 50 миллион тонна партовҳои электронӣ ҷамъ мешаванд, ки ҳиссаи бузургтарини онҳо ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Чин рост меояд. Дар ИМА ҳафтае то 10000 адад техникаҳои электронӣ ба партов табдил меёбад. мешавад. 50% -и ҳиссаи партовҳои электрониро яхдонҳо, мошинаҳои ҷомашӯӣ ва қаҳватайёркунӣ, контитсионерҳо ташкил медиҳанд. Ба қисми дуюми партовҳои электронӣ – мониторҳо, камераҳои назоратӣ, компютерҳо,телевизорҳо, магнитофонҳо, DVD ва видеоплеерҳо дохил мешаванд. Интизор меравад, ки баъди 5 сол миқдори партовҳои электронӣ то 30% меафзояд. Ба афзоиши шумораи ин намуди партовҳо суръати баланди такмилёбии техникаҳо ва тез-тез иваз кардани техникаҳои офисӣ, гузариш ба технологияи рақамӣ ва телевизору мониторҳои борику ҳамвор мусоидат менамояд. Дар ҷаҳон ҳамасола 1,6 миллиард телефонҳои мобилӣ ба фурӯш меравад, ки танҳо 10% партовҳои электронӣ ба  онҳо рост меояд. Тавре  маълум аст, аз солҳои 2000-ум инҷониб дар Тоҷикистон якчанд ширкатҳои телефонҳои мобилӣ арзи ҳастӣ намуданд. Гузашта аз ин бо тақозои давр афзоиши мағозаву нуқтаҳои фурӯши техникаву технологияҳои электронӣ дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо ба мушоҳида мерасад.   Имрӯз оилаеро дар Тоҷикистон пайдо наметавон кард, ки аз технологияҳои компутерӣ ва коммуникатсионӣ ба ягон тарз истифода набаранд. Ҳатто нафароне ҳастанд, ки то 3-4 телефони мобилӣ доранд. Акнун саволе пайдо мешавад, ки модом ки чунин аст, бо техникаҳои электронии аз истифода баромада, ки ба партов табдил ёфтаанд, чӣ кор метавон кард?

Тибқи маълумотҳои мушаххас як адад батарейкаи телефони мобилӣ, ки аз истифода баромадааст, ҳангоми ба  муҳит афтиданаш 400 литр об ва 20 метри квадратӣ масоҳати заминро заҳролуд менамояд. Батарейкаҳои аз истифодабаромада ба гуруҳи партовҳои хатарнокиаш 1-ва II шомил буда, ҳангоми нигоҳдорӣ ба ҳаво аз он нимоб бухор мешавад ва ба воситаи нафас ба организм ворид шуда, боиси пайдоиши чунин бемориҳо, монанди заҳролудшавии хун, саратони майнаи асаб, диферматсияи устухонҳо ва сафедшавии пӯст мегардад.  Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе дар мувофиқа бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҶТ бо мақсади безараргардонии муҳити зист ва коркарди дуюмбораи онҳо дар хориҷи кишвар ба созондани қуттиҳои махсуси оҳанин шуруъ намуд. Айни ҳол чунин қуттиҳои партовгирӣ дар якчанд нуқтаҳои калони савдо ва минтақаҳои серодам гузошта шудааст. Дар қуттиҳо навиштаҷот бо ду забон бо акси батарейкаҳо мавҷуд аст.

 

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед