БОБУНА

0
4411
боздид
Бобуна

                                    БОБУНА (Matricaria suaveolens)

(бобунаи бӯё, бобунаҷ, гули бобуна, ромашка)

       Бобуна растании яксолаи маъмулу шифобахш мебошад. Пояаш рости сершоха буда, баландиаш аз 15 то 35 см мерасад. Барги паршакл, гули хурди забонакшакли сафеду зард дошта бӯи махсус дорад. Маҳалли рушди бобуна асосан алафзори паст, девлохҳо, қад-қади роҳҳо, кӯҳҳои сералафу ҷангалзорҳо ба шумор меравад. Дар тиб сабадгули бобунаро истифода мебаранд ва онро дар аввали шукуфтан ҷамъоварӣ мекунанд. Бобунаро аз замонҳои қадим ҳамчун гиёҳи доругӣ васеъ истифода мебаранд. Чойи бобунаро барои муолиҷаи илтиҳоби пардаи луобии меъда, захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, халадарди меъдаву рӯда, бемориҳои ҷигар, талха,бемориҳои занона, дарди нимсара (мигрен), рагкашӣ ва ҳамчун доруи хобовар истифода мекунанд. Ғайр аз ин обҷӯши онро барои ғарғара кардани даҳону гулӯ, шустани захмҳои фасоддор, бемориҳои чашм, облатаашро барои муолиҷаи омосҳо, ҷӯшобаашро барои табобати зардзахму илтиҳоби бандҳо (артрит) истифода мебаранд. Солҳои охир ин растаниро аз меъёр зиёд ҷамъоварӣ мекунанд. Махсусан таъсири чорвочаронӣ ба рушди ин растанӣ таъсири манфии калон дорад. Аз ин рӯ ин растанӣ эҳтиёҷ ба муҳофизат дорад.

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед