АЗ КИТОБИ СУРХИ ТОҶИКИСТОН
Бузи пармашох. (Capra falconeri )
Қатори Ҷуфтсӯмон ‒ Artiodactyla
Оилаи Шохковокҳо ‒ Bovidae
Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN. Ба рӯйхати сурхи ИБҲТ ва замимаи 2 Конвенсия «Дар бораи савдои байналхалқии намудҳои флора ва фаунаи ёбоӣ, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд» (CITES) дохил гардидааст.
Паҳншавӣ
Дар нишебиҳои ҷанубу ғарбии қаторкӯҳи Дарвоз, мавзеъи Яхчипун- Зиғар, қаторкӯҳи Ҳазратишоҳ, кӯҳҳои Кишваристон, мамнуъгоҳи «Даштиҷум», атрофи Сариғор, Хирманҷо ва қишт, инчунин дар қисмати ҷанубу шарқии қаторкӯҳи Вахш, кӯҳи Сарсарак паҳн гардидааст.
Муҳити сукунат
Дар нишебиҳои сершахи кӯҳӣ, ки дарахту буттазори сирак мерӯяд, дар баландиҳои 700-2700 м аз сатҳи баҳр вомехӯрад. Дар қитъаҳои сершаху харсангдор паноҳ меёбад. Чарогоҳҳои обистонаибузи пармашох дар минтақаҳои алпӣ ва субалпӣ ҷойгир шудаанд.
Саршумор
Дар солҳои 60-уми асри гузашта саршумори бузи пармашох 700 сар баҳогузорӣ карда шудааст. Мувофиқи баҳисобгирии соли 2014 саршумори умумии он 1200 сарро ташкил медиҳад. Дар мамнуъгоҳи «Даштиҷум» ва ғӯруқи «Даштиҷум» 700 cap ва дар мавзеъи Яхчипун-Зиғар 350-400 сар ба қайд гирифта шудааст. Ҷамоаи бузи пармашох дар атрофи обанбори Норак дар солҳои 70-уми асри гузашта нобуд гардидааст.
Хусусиятҳои биологӣ
Вобаста ба мавсими сол кӯчиш мекунад. Ҷинсҳо дар 2-солагӣ болиғ мегарданд. Моҳҳои ноябр — декабр ҷуфтӣ мешаванд. Давраи ҳомиладорӣ 5-5,5 моҳ идома меёбад.Моҳҳои май-июн 1, 2 ва баъзан 3 бача таваллуд мекунад.
Омилҳои маҳдудкунанда
Шикори ғайриқонунӣ, чаронидани чорво ва буриши ҷангалзор, бемориҳои сирояткунанда, омилҳои камшавии саршумор ва маҳдуд гардидани муҳити сукунати бузи пармашох мебошанд.
Парвариш дар шароити сунъӣ
Дар шароити сунъӣ парвариш меёбад ва насл медиҳад.
Тадбирҳои ҳифз
Назоратро аз болои шикори ғайриқонунӣ пурзӯр, чаронидани чорворо дар мавзеъҳои сукунати бузи пармашох маҳдуд намуда, оид ба ҳифзи ҷамоаи он дар мамнуъгоҳ ва ғӯруқи «Даштиҷум» чораҳои иловагӣ андешидан зарур аст.