Чаро хазонро сузондан мумкин нест?

0
3838
боздид
Оташ задани ҳамагуна партов манъ аст.

 

Чаро хазонро сузондан мумкин нест?

Дар фасли тирамоҳ ҳамагонро хазонҳои зиёд ба ташвиш меоранд. Аксарияти мардум бо мақсади нобуд кардани барги дарахтон хазонҳоро оташ мезананд. Аммо шояд онҳо бехабар бошанд, ки бо ин роҳ нобуд кардани барги дарахтон ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонд ва ҳам хилофи талаботҳои экологӣ аст.

Бояд қайд намуд, ки ҳангоми оташ задан ҳама гуна моддаҳои зарарноке, ки барг дар давоми сол ба худ ҷамъ оварда буд, ба воситаи дуд хориҷ мешаванд. Дар натиҷаи хориҷшавии моддаҳои заҳрнок, онҳо ба организми инсон ворид гардида, боиси пайдоиши бемориҳои гуногун мешаванд. Оташ задани хазонҳо махсусан ба шахсони гирифтори бемориҳои астма, диққи нафас хеле хатарнок аст. Дар ҳавои кушод сӯзонидани баргҳо боиси ихроҷи карбогидридҳо, ба монанди бензантратсентҳо, бензофторантрасентҳо, инденопирентҳо ва бензапиренҳо мегардад, ки онҳо ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ мерасонанд. Умуман дар ҳавои кушод сӯзонидани ҳама гуна партовҳо, қатъиян манъ карда шудааст.

Барои риоя накардани талаботи ҳифзи муҳити зист ҳангоми сӯзонидани партовҳои саноатию маишӣ, ҳамчунин дар ҳавои кушод сӯзонидани маводи сӯзанда, аз ҷумла баргҳои хушк мувофиқи моддаи 231- и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз 1 то 3, ба шахсони мансабдор аз 30 то 40 ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 100 то 200 нишондиҳанда ҷарима пешбинӣ гардидааст.

Бо мақсади беҳдошти ҳавои атмосферӣ яке аз тадбирҳои андешидашуда дар нисбати назорат оид ба кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба фазои атмосфера аз воситаҳои нақлиёт баргузор кардани амалиёт монанди  «Ҳавои тоза» мебошад.

Инчунин барои сӯзонидани ҳама гуна партовҳо ва барги дарахтон нисбати қонунвайронкунандагон барои ифлос кардани ҳавои атмосфера зарар ҳисоб карда шудааст. Дар мавриди муомила бо хазонҳо гуфтанӣ ҳастем, ки роҳҳои гуногуни нест кардани хазонҳо вуҷуд дорад. Масалан, дар давраҳои пешин гузаштагонамон барги дарахтонро ба ҷойҳои махсус гӯронида, пас аз муддати муайян онро ҳамчун пору ба заминҳои кишт истифода мебурданд.

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед