Чилучорчашма

0
574
боздид
Чилучорчашма яке аз мавзеъҳои табобатӣ.

Чилучорчашма

     Дар Тоҷикистон маконҳои бисёре ҳастанд, ки дар байни мардум ҳамчун ҷойҳои муқаддас шинохта шудаанд. Чилучорчашмаро мардум яке аз маконҳои муқаддас медонанд. Дар ин мавзеъ, ки дашту биёбон буд, (то обёрӣ кардан ва сохтани шабакаҳои обёрӣ дар давраи шӯравӣ), аз таги теппаи на чандон баланд панҷ чашмаи калон фаввора зада ба 39 чашмаи майда тақсим мешавад. Оби ҳамаи чашмаҳо якҷоя шуда, ҷӯйбори калони васеъгиаш 12-13 метраро ташкил медиҳад ва дар он моҳии зиёде мавҷуд аст. Мароқовар аст, ки моҳиҳо бо ҷараёни об ба поён намераванд, балки дар худи сарчашмаи обҳо, дар масофаи 800-900 метр шино мекунанд.

Дар байни аҳолии таҳҷоӣ дар бораи пайдоиши чашма ривояте ҳаст. Ҳангоме, ки ҳазрати Алӣ ба ин мавзеъ барои тарғиби ислом омад, дарёи наздиктарини Ромит хушк шуд. Он вақт Алӣ ба дарё лаънат хонда, онро Кофарниҳон ном кард. То ба макони ҳозираи Чилучорчашма расида, ба худо муноҷот кард, то об фиристад ва ба таги тепа бо дастонаш зад. Аз ҷойи панҷаҳои ҳазрати Алӣ панҷ чашмаи обаш мусаффо баромад.

Чилучорчашма мавзеи зиёрат ба шумор меравад. Зиёраткунандагон дар ин ҷо қурбонӣ мекунанд, бо мақсади шифоёбӣ дар оби чашма оббозӣ мекунанд. Ба қавли мардум оби 17 чашмаи он хусусияти шифобахшӣ дошта ва номи маҳаллии хос дорад: Чашмаи Мӯйин – аз рехтани мӯй, Чашмаи Морон ва хунукзадагон – аз газидани мор ва шамолзанӣ, Устухондард- аз касалиҳои устухон, Табларза – аз табларза, Чашмаи шифобахш, Чашмаи фишори хун, Чашмаи мурод – аз ҳолати бади рӯҳӣ, Бефарзанд – аз бенаслӣ, Гурда –аз бемориҳои гурда, Дилу ҷигар – аз бемориҳои дил ва ҷигар, Чашму гӯш- барои беморони чашму гӯш ва ғ. Дар қисмати шарқии ҳудуди чашма дар теппаи на он қадар баланд мақбарае мавҷуд аст, ки мутобиқи боварҳои мардумӣ дар он Қамбар Бобо ном авлиёе гӯронида шудааст. Тибқи ривоятҳо ӯ сарвари аспхонаи ҳазрати Алӣ ба шумор мерафтааст. Дар қарибии ин қабр боз чор қабри авлиёҳои дигар мавҷуд аст, ки номҳояшон маълум нест. Имрӯз дар ҳудуди чашма боғи калони дарахтони мевадор воқеъ аст. Ҳамчунин чанд хона барои зиёраткунандагон сохта шудааст. Зиёраткунандагон асосан аз моҳи апрел то моҳи сентябр сершуморанд.

Аҷаммеҳр

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед