ЧОРАБИНИИ ИЛОВАГӢ ДАР ПАВИЛИОНИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ — ВАҲДАТИ МИНТАҚАВӢ ДАР МУБОРИЗА БАРОИ ҲИФЗИ ИҚЛИМ

0
133
боздид
www.tajnature.tj

2 ноябри соли 2021 дар Глазго (Шотландия, Британияи Кабир) дар доираи COP-26 бо шарикони минтақа чорабинӣ дар мавзӯи “Ваҳдати минтақавӣ дар мубориза барои ҳифзи иқлим” баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б.А., вазири экология, геология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Қазоқистон С.Брекешов, раиси Президиуми Ассотсиатсияи ташкилотҳои экологӣ А. Назарбоева, инчунин намояндагони ҷомеаи коршиносони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.

Мавзӯи асосии чорабинӣ «Ягонагии минтақавӣ дар мубориза барои ҳифзи иқлим» мебошад. Дар ин замина раиси Кумита қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ӯҳдадориҳои худ дар назди Конвенсияи чорчӯбаи СММ оид ба тағирёбии иқлим соли равон расман ба котиботи СММ оид ба тағйирёбии иқлим НМҲ-и навшудаи худро (Саҳми аз ҷониби миллӣ муайяншуда) пешниҳод намуд, ки ҳадафи он дастгирии рушди устувор ва муассир бо дарназардошти тағйирёбии иқлим, мушкилоти экологӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ мебошад. Дар фарҷоми ин чорабинӣ раиси Кумита ва Вазири экология, геология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Қазоқистон Оинномаи Барномаи шарикии «Пули сабз»-ро ба имзо расониданд.

Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ муаррифии минтақа ҳамчун аз нуқтаи назари лоиҳаҳои сармоягузории «сабз» ҷолиб, кушода ба технологияҳои ояндадор, саҳм гузоштан дар таҳкими муколамаи минтақавӣ, табодули иттилоот ва дониш барои дастгирии системаи қарорҳои илман асосёфта ва ба иқлим тобовар, инчунин ҷустуҷӯи имкониятҳои таъмини ҳамдигарӣ дар татбиқи лоиҳаҳои иқлимӣ аз ҷониби созмонҳои молиявии байналмилалӣ ва оҷонсиҳои рушд дар Осиёи Марказӣ.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси ҷонибҳо соли 2021 дар Глазго баргузор гашта, дар он намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, гурӯҳҳои коршиносӣ, бахшҳои илмӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои тиҷоратии иқлимӣ ширкат мекунанд.

http://www.tajnature.tj/

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед