Чӯбхӯраки мушкин

0
170
боздид
Дарозии сӯрохии кофтаи кирминаҳо ба 40 см ва паҳнии он то 14 – 20 мм ташкил мекунад.

АЗ КИТОБИ СУРХИ ТОҶИКИСТОН

 Чӯбхӯраки мушкин

Aromia moschata cruenta.

Қатори СахтболҳоColeoptera

Оилаи Чӯбхӯракҳо – Cerambycidae

Мақоми ҳифз

Зернамуди осебпазир. VU.

Паҳншавӣ

Намуди реликтӣ мебошад. Эндемики нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ба ҳисоб меравад.

Муҳити сукунат

Дар водии дарёҳо, минтақаҳои соҳилии дарёҳои кӯҳӣ, ки дар онҳо бедзорҳо месабзанд, вомехӯрад.

 Хусусиятҳои биологӣ

Парвози гамбускҳо аз даҳаи сеюми моҳи июн шурӯъ гардида, то оғози моҳи август идома меёбад. Гамбускҳо аз ҳисоби растаниҳои чатргул ғизо гирифта ба дарахтони бед парвоз мекунанд. Модинаҳои ҷуфтшуда, дар қисми наздирешагии поя ва тарқиши пӯстлох тухм мегузоранд. Кирминаҳо дар зери пӯстлох инкишоф ёфта, баъдан ба дохили поя ворид шуда ғизо мегиранд. Дар сӯрохии ғизогирифтаи онҳо гарди орди хокистарранг боқӣ мемонад. Дарозии сӯрохии  кофтаи кирминаҳо ба 40 см ва паҳнии он то 14 – 20 мм ташкил мекунад. Кирминаҳо дар қисми намноки растаниҳои дарахтӣ маскан мегиранд. Кирминаҳои синни охирин (баъди дуюм даври зимистонгузаронӣ) ба зоча мубаддал мешаванд. Дар даҳаи сеюми моҳи июл аз зочаҳо фардҳои болиғ пайдо мешаванд.

Омилҳои маҳдудкунанда

Буриши растаниҳои буттагиву дарахтӣ, ки бо мақсади васеъ кардани майдонҳои кишт, бунёди иншоотҳо ва ғ. амалӣ карда мешаванд ба саршумори ин намуд таъсири ҷиддӣ мерасонад. Нобуд кардани дарахтон дар чунин мавзеъҳо боиси аз байн рафтани ин ҳашароти дарахтхӯр мегардад.

Тадбирҳои ҳифз

Буридани бешазорҳои дар соҳили дарёҳои минтақаҳои кӯҳӣ ва миёнакӯҳ ҷойгирбударо, ки  муҳити хоси зисти чӯбхӯраки мушкин мебошанд пешгирӣ намудан зарур аст.

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед