ДАР ДУШАНБЕ ЛОИҲАИ “НАМОИШДИҲИИ КОРКАРДИ ҒАЙРИҲАРОРАТИИ ПАРТОВҲОИ ДОРОИ ДУСТ” МУАРРИФӢ КАРДА ШУД

0
1173
боздид

2 августи соли равон бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳмонхонаи “Хилтон”–и шаҳри Душанбе семинари муаррифии лоиҳаи «Намоишдиҳии коркарди ғайриҳароратии партовҳои дорои дуст (дихлор-дифенил-трихлорэтан (ДДТ) дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» (Тоҷикистон ва Қирғизистон) баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони шарикони рушд, ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, тарафҳои таваҷҷуҳдошта, вазорату идораҳо, мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, ширкат намуданд.

Семинарро муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Зарина Махсум ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ қайд кард, ки “солҳои қаблӣ, алалхусус давраи солҳои 70-80 – уми асри гузашта, Осиёи Марказӣ яке аз марказҳои асосии рушди соҳаи кишоварзӣ ба шумор мерафт, ки барои он  истифодаи заҳрхимикатҳо ва пеститсидҳои зиёди дорои моддаҳои устувори органикӣ зарур меомад. Акнун муҳлати истифодаи аксарияти пеститсидҳо ва заҳрхимикатҳои овардашуда гузашта, онҳо ба партовҳои бениҳоят хатарнок мубаддал шуданд. Ҳоло баҳри таъмини амнияти экологии аҳолӣ аз ҷониби мақомоди  ваколатдори  ҷумҳурӣ дар ин самт  чораҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд”.

Дар семинар ҳамчунин гузоришҳои доктор Муҳаммад Дин — директори Намояндагии Хазинаи Швейсарии зидди миннаҳо (ҒСД) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори Муассисаи давлатии “Маркази миллии татбиқи Конвенсияи Стокголм оид ба ифлоскунандаҳои устувори органикӣ” Раҳматулло Хайруллоев ва намояндаи Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист (UNEP) Воутер Пронк шунида шуд.

Мақсад аз баргузории  ҳамоишҳои мазкур ин ҳифзи муҳити зист ва беҳдошти саломатии сокинони мамлакат аз партовҳои заҳрхимикатдор мебошад.

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед