ДАР ХУҶАНД АКСИЯ — АМАЛИЁТИ «ҲАВОИ ТОЗА» ГУЗАРОНИДА ШУД

0
149
боздид

Бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд ва бо ҷалби нозирони бахши экологияи милитсия санаи 2-юми августи соли ҷорӣ дар қаламрави шаҳр аксия-амалиёти мақсадноки «Ҳавои тоза» баргузор гардид. Дар ҷараёни амалиёт зиёда аз 60 адад автомашинаҳои шаҳрвандон нигоҳ дошта, бо истифода аз дастгоҳҳои махсус аз муоинаи экологӣ гузаронида шуданд.

Таъкид шуд, ки ин иқдом бо мақсади кам кардани таъсири зарароварии ихроҷи газҳои нақлиёти автомобилӣ ва дигар намуди сӯзишворӣ ба муҳити атроф роҳандозӣ гардида истодааст. Дар ҷараёни амалиёт аксияи «Ҳавои тоза» ба қонуншиканон ҷиҳати бартараф намудани он дастурҳо ироа гардида, ба қисме аз онҳо санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

Ташкили чунин чорабиниҳо имкон медиҳад, ки ба шаҳрвандон ҳавои софу беғубор ва тозаи муҳити атроф таъмин гардад. Худи ронандагон аз ин иқдом истиқболи гарм намуданд.

Мавриди зикр аст, ки шаҳри Хуҷанд — маркази маъмурии вилояти Суғд, бо иқдомҳои пайвастаи Роҳбарияти давлату ҳукумат зебову пуртароват гардидааст. Ҳар нафаре, ки дар кӯчаҳои ин шаҳри бузургу бостонӣ қадам мезанад, беихтиёр аз зебогии муҳити атрофаш ҳаловат мебарад. Ҳар як сайёҳ ё меҳмони хориҷие, ки ба шаҳри Хуҷанд меҳмон мешавад, сараввал ба тозагиву пуртароватии он ва муҳити экологии он баҳо медиҳад.

Аз ин рӯ, сокинонро зарур аст, ки дар тозагии ин шаҳри бостонӣ саҳми худро гузоранд.

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед