ДАР ҶУСТӮҶӮЙИ КӮЛИ ҶУВОЗАК
Дар Ҳисори шодмон мавзеъҳои афсонавӣ зиёданд, ки яке аз онҳо парваришгоҳи «Алмосӣ» мебошад. Аз шаҳри Душанбе то ҳудуди парваришгоҳи мазкур ҳамагӣ 40-километрро ташкил мекунад. Дар ин ҷо ҳамеша осмон софу беғубор, куҳҳо пурасрор ва рӯди шӯху пуршасти Хонақоҳ мисли муъҷизаи нодире ба чашм мерасад..
То домани куҳҳои Ҳисори шодмон расидан аз роҳи мошингузар ҳамагӣ панҷ –даҳ километр роҳ аст. Мо бо мошини ҷангалбонҳо то пояи куҳҳо расидем. Ин ҷо ҳаво салқин буду насими форами дарёчаи Хонақоҳ чашму рӯйро навозиш мекард. Бо ҳавас аз пайраҳа чашм наканда, борхалтаамро дуруст намуда, мехостам зуд болотар барояму куҳҳоро аз наздик бубинам. Аммо роҳгардӣ торафт мушкил мегашт. Ҷангалпарвари ҳамроҳам шояд мушкилотамро пай бурд, ки гуфт: — То расидан ба қуллаи куҳ роҳ ҳанӯз дароз аст, минбаъд аз миёни куҳу камар гузаштан лозим меояд, беҳтараш аспро савор шавем. Ман аз кӯфти роҳ хаста шуда будам, бинобар ин қарор додам, ки канори дарёчаи куҳӣ дам гирам. Дарёча чунон софу зулол аст, ки дар қаъри он шинои моҳичаҳоро бемалол назора кардан мумкин буд. Пораи нонро ба об тар карда аз мазааш лаззат бурдам. Дар паси куҳпора водии сердолу дарахт ва қуллаҳои барфпӯш воқеъ гаштааст. Дар рӯ ба рӯи он мавҷҳои зумурадгуни бешазор ва як маъвои нотакрори табиӣ намоён аст. Қатори арчаҳои худрӯй ва хучу себ бо буттаю алафҳои ёбоӣ паҳн гаштааст…
Дар моҳи май, ки гармии ҳаво дар шаҳр хеле баланд мешавад, дар дараи Алмосӣ ҳавои муътадил ҳукмрон аст. Ва аз шафати куҳҳои Ҳисор насими тозае вазида, шамоли сабуке ноаён шуморо навозиш мекунад. Аз атроф гоҳ-гоҳе хониши парандагон ба гӯш мерасид. Ҷангалбон яке аспсавор пайдо шуд. Вай аспи сиёҳмушкинеро аз лаҷомаш дошта, назди ман оварду гуфт:
— Марҳамат савор шавед. Ман аввал бо дидаи ҳайрат ба ҷонвари рамузфаҳм нигаристам. Ҷангалбон чизеро пай бурд, ки афзуд: — Натарсед, аспи доно аст, ҳар як талу пушта, пайраҳаро худаш медонад, танҳо лаҷомашро дурусттар доред.
Ман чизе нагуфта ба асп савор шудам, аммо аз дилам гузашт, ки асп одами бегона ё нафари аввалин маротиба ба асп саворшударо рӯи хуш намедиҳад. Лекин ғайричашмдошт, ин асп ҷонвари рамузфаҳм баромад. Асп ҳар як имою ишоратамро зуд мефаҳмид ва аз миёни роҳҳои борику хавфнок беозор мегузашт. Мо аз миёнаи куҳпораҳо роҳ мепаймудем. Баъзан сари роҳ ғору ягон чуқурии бетаге пайдо мегашт, дилам таҳ мекашид, лекин ҷонвари доно устувор пой мемонд. Охир ба зиракиву нигоҳи амиқи асп қоил шудам. Сари роҳ чашмаҳои куҳӣ ҷорӣ мебошанд. Асп лаҳзае истода фирих-фирихкунон ба серӣ об менӯшаду боз роҳамонро идома медиҳем….
Парваришгоҳи давлатии табиии «Алмосӣ» дар Ҳисор соли 1984 дар масоҳати 6000 ҳазор гектар бо мақсади ҳифз ва нигоҳдории генофонд ва барқарор намудани захира ва мавзеъҳои паҳншавии намуди нодири эндемикии флораи Тоҷикистон — гиёҳи Амонқара, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудааст, таъсис ёфтааст. Парваришгоҳи «Алмосӣ» дар қисмати ҷанубии қаторкуҳҳои Ҳисор, миёни дарёҳои Қаратоғ ва Хонақо, дар баландии 2100 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Парваришгоҳи «Алмосӣ» барҳақ комплекси нодири табиии гуногуншакли экосистемаи қаторкуҳҳои Ҳисор ба шумор меравад. Релефи парваришгоҳ пурра куҳӣ буда, дорои кӯлу обҳои фаровон низ мебошад. Тобистонаш ҳаво салқину муътадил мебошад. Баъди хеле роҳ паймудан асп дар пошнаи куҳи азиме қарор гирифт. Дигар аз ҷой намеҷунбид ё хаёле мехкӯб шуда буд, ки аз алафҳои ёбоӣ канда мехӯрду боз овоз баланд карда, аз куҳи баланд чашм намеканд. Аз роҳбалад фаҳмидам, ки ин қуҳ миёни мардум бо номи Тахти Сулаймон маъруф будааст. Аз қитъаи Дарвозакан дар қисмати ҷануб куҳ мисли ҷавонмарди қавипайкаре менамуд. Аз синаи куҳ шаршара ҷорӣ гашта, баъд ба шохобҳо ҷудо мегашт.Гӯё аз қалби куҳпора мисле ки аз даҳони аждаҳоре об фаввора мезаду аз муқобилаш шакли куҳ монанди аҷузае онро мепесонд. Назарам дар баландӣ болои тахт-суфаи куҳдоман ҳазрати Сулаймон атрофро назорат дошт ва олами парандаю чаранда дар итоаташ буд…
Куҳи Тахти Сулаймон бешубҳа ёдгории табиӣ-таърихии ин минтақа ҳаст. Дар куҳ ҷинсҳои куҳӣ ба назар мерасанд, ки дорои аҳамияти калони илмӣ буда, кайҳост, ки таваҷҷуҳи олимони соҳаро ба худ кашидаанд. Дар куҳҳо аз пушти ҳар буттаю ниҳол нохост парандае мисли зоғчаю заргудор ё бошаю шонасарак пайдо шуда, дуртар фирор мекард.Шояд пайдо шудани одамони ношинос ё аз тарси шикорчиён буд, ки суғурҳо дар як дам дар лонаҳои худ пинҳон шуданд. Аммо дуртар аз теппаи шафати куҳ лонаи навкандае намудор гашт. Дидам, ки он ҷо як суғури хокистаранге ҳайрон-ҳайрон сӯйи мо чашм медӯзад.
Вай хеле ба одамон ва атроф кунҷковона нигоҳ карда, ба чизе сарфаҳм нарафт, ки боз танбалона дохили лонааш шуд. Ин дам аз болои сарамон калхоте нотарсона парида гузашт. Аҷиб ки вай хеле паст парвоз дошту дар минқораш каламушеро дошта мебурд. Роҳбалад ҳам дидаи ҳайратоварашро аз ин манзара наканда гуфт: -Дар ин куҳҳо парандагони тезчангол мисли уқобу бургут ва лошахӯр хеле зиёд мебошанд. Дуртар мавзеи дараи хирсон пури ҳайвоноти азимҷуссаи хирс мебошад. Ҳатто хирсҳо аз чизе ҳарос надошта руйрост рӯзона сайру гашт мекунанд. Дар ҳудуди парваришгоҳи «Алмосӣ» ва мавзеъҳои ҳамсарҳади он гӯшаҳои Тамағел, Арчамазор, қири Бунафша, Зарангбулоқ, Эрганак, Реки, Бобомазор воқеъ гардидаанд. Ҷанубтар аз мавеи Дарвозакан деҳаҳои Сангмелаи Мӯсо, Селбур ва қисмати шарқии парваришгоҳ деҳаҳои Нилу, Кӯшкак, Истонӣ, Варгандок воқеъ гардидаанд. Олами бой ва нотакрори гулу гиёҳ ва рустаниҳои шифобахши парваришгоҳи «Алмосӣ» мавриди омӯзиши ҳамешагии олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Долу дарахтони нодире, мисли арчаи зарафшонӣ, дӯлона, акатсия, қарағоч, хуч хоси табиати Ҳисор мебошанд. Ҳисор барҳақ диёри растаниҳои нодир аст. Аз ҷумла, дар «Алмосӣ» зиёда аз 70-номгӯи растаниҳои эндемикӣ мерӯяд. Аммо баъзе намуди растаниҳои доругӣ дар натиҷаи ҷамъоварии нодуруст ва аз меъёр зиёд чидан ба ҳадди нестӣ расидаанд. Масалан зира, пиёзи анзур, сиёҳалаф, чукрӣ, шунук барин растаниҳои шифобахш кам шудаанд. Яке аз растаниҳои машҳури дунё — Амонқара мебошад, ки танҳо дар мавзеи «Алмосӣ» мерӯяду халос.
Амонқара дар илми тиб ба таври васеъ мавриди истифода қарор дошта, алкалоиди калонтарин мебошад. Аҳмияти Амонқара боз дар мувозинати экологӣ муҳим буда, ҳусни табиатро зебо мегардонад. Баъди тамошои парваришгоҳ маълум гашт, ки ин мавеъ дорои гӯшаҳои зебою афсонавии сайёҳӣ — туристӣ низ будааст. Нақлу ривоятҳои аҷоиби роҳбалад дар бораи яке аз ҳамин гуна муъҷизаҳои табиат — кӯли пурасрори Ҷувозак моро торафт ҳалқаи куҳҳои Ҳисор мебурд. Ба онҷо бо ду сайрхат рафтан мумкин аст. Яке аз ин сайрхатҳо аз Қаратоғ оғоз шуда,бо роҳи мумфарш қад-қади соҳили рости дарёи Пушти Миёна то деҳаи қуҳӣ рафта мерасад. Масофа то ба ин мавзеъ қариб 10 километро ташкил медиҳад. Сипас ба воситаи пул аз дарё гузашта,ба соҳили чапи дарё рафтан лозим аст. Боқимондаи роҳро қад-қади дарёи Қаратоғ ва Савурғон то тамомшавии роҳ паймудан мумкин аст.
То ба дарёчаи Оби борик расидан аспҳо ҳам монда шуданд. Дигар илоҷи пеш рафтан набуд. Аздусар мо бояд дар шафати дарёча хайма зада, шабро рӯз мекардем. Ман бо ҳамроҳии ҳоҷӣ — Собир дар шафати хоросангҳои калон хаймаи саҳроӣ задем. Аспҳоро ҷангалбонҳо гирифта бурданд. Баъд гулхан афрӯхта дам гирифтем. Мӯйсафеди нуроние чой дам карда ба наздамон меваи чормағзу тут ва себ гузошта гуфт: -Инҳо ҳама меваи куҳи худамон, нӯши ҷон шавад!
-Ана ин нонҳои таги сангӣ, туту чормағз ба сад дард даво, кӯфти роҳро бошад чойи кабуд мебарорад.
-Ба чеҳраи нуронии муйсафед чашм дӯхта пурсидам.-Бобо дар ин водӣ ҳайвоноти нодир ҳаст ё !?
-Албатта! Солҳои пештар дар ин талу пушта ва куҳҳои атроф галаи рамаи гавазнҳо ва оҳувони бухороиро бемалол дидан мумкин буд. Ин дам яке ба рӯи офтобхӯрдаю пурожанги пиракӣ аламу дард соя андохту мӯйсафед оҳи чуқуре кашида гуфт:-Афсӯс, ки вақтҳои охир шумораи ҳайвоноти нодир кам гаштааст. Ӯ каме ба фикр фурӯ рафта суханашро идома дод: -Дар роҳ албатта кабкҳоро дидагистед? Кабкҳои раву дарӣ ва сурак чи хел аз одамон меҳаросанд!
—Шукр, ки солҳои охир бо кӯшиши кормандони ҷангалу муҳити зист пеши роҳи қонуншиканиҳо гирифта мешаваду ҷонварон наҷот меёбанд!
-Оё куҳгардӣ бароят мушкил нест! Муйсафед ба зери чойҷӯш навдаи бурс партофта,бо дастони шахшулаш нонро шикасту бо меҳр гуфт: -Ман дар деҳаи Нилу таваллуд шудаам. Аз кӯдакиям то имрӯз дар куҳистонам, ин қуҳҳо пур аз ганҷ мебошанд. Бачам куҳистон одамро бақуввату тансиҳат мекунад.Обаш доруи тайёр аст.
Ҳикояти Муйсафед дар бораи аспи обӣ ва кӯли Ҷувозак аҷаб мароқангез намуд…Пагоҳӣ саҳарӣ мо бо хаёлҳои ширин аз хоби ноз хеста, роҳи кӯли Ҷувозакро пеш гирифтем. Акнун пиёда аз миёни буттазорҳои роҳ мегузаштем. Дар роҳ изҳои тозаи хирс, ҷайра, хукҳои ёбоӣ ба назар мерасид. Роҳбаладамон аз миёнаи буттаҳои ёбоӣ, хору гулхор ва алафзори бушолу олучазори ёбоӣ бо боварӣ қадам монда мегузашт.
Баъди пуштакуҳро гузаштан дар ҳалқаи куҳҳои дурдаст ниҳоят кӯли Чувозакро пайдо кардем. Дар самти шимолу шарқии кӯл боз қаторкуҳҳои пурганҷ карор доранд. Об ба кӯл аз ҳамон ҷониб бо шаст ҷорӣ мешавад ва дар қисмати ҷануб оби кӯл аз зери сангу рег гузашта, дарёчаи шӯхеро ташкил медиҳад. Дар тамоми фасли сол оби кӯли Ҷувозак софу пок буда, ҳатто сангҳои қаъри он баръало ба назар мерасанд. Оби кӯл доим як маром ҷорист, оби сардаш хеле хущтамъ аст. Худи кӯл бошад орому пурасрор буда, дар соҳилаш буттаҳои нодир сабз шудаанд. Ба андешаи олимон чуқурии кӯл аз 15 то 20 метро ташкил медиҳад.
Кӯли Ҷувозак шоҳкории табиат буда, релефи тағйирёбанда дорад. Болои кӯл доим абрпораҳо шино дошта, сари чанд вақт боронҳои кӯтоҳмуддате меборанд. Атрофи кӯлро дарахтони нодиру обсабзҳо ва арчазорон печонидаанд. Қобили зикр аст, ки арчазорон аз домани куҳи Тахти Сулаймон то кӯли Ҷувозак доман паҳн намудаанд ва аз поёнтари қади дара дарёчаҳои зиёде пайдо шудаанд. Оби пурасрори кӯли Ҷувозак мавҷ зада, гоҳ чуқур ва гоҳо паст мешуд. Дар ҷойҳои пастии об, ки бари он тахминан сад метр буд, об аз болои сангрезаҳо бомаром ҷорист…Бо мақсади гузаштан аз рӯдхона, моро лозим омад, ки аз болои дарахтони пӯсидаю шикаста, ки вазифаи пулро иҷро мекарданд, гузарем.
Ин дам садои паст-пасти селаи моҳихӯракҳо ба гӯш расид. Аз миёнаи буттаҳо гузашта, хостем парандагонро аз наздик мушоҳид0а намоем. Вале моҳихӯракҳои доно шояд наздик омадани моро пайхас бурданд, ки якбора ба ҳаво парида, дар як лаҳза нопадид шуданд.
Дар соҳили кӯл ниҳолон хеле зич рӯйидаанд. Дуртар манзараи аҷиберо мушоҳида кардем. Аз дидани ғарами дарахтони решаканшуда, ки пеши роҳи оби кӯлро банд намудаасту куҳи бузургеро мемонад, ба ҳайрат афтода, тахмин кардан мумкин буд, ки ин ҳолат дар натиҷаи оби фаровони баҳор рух додааст.
Миёни мардуми маҳалӣ дар бораи пайдоиши кӯли Ҷувозак овозаю нақлҳои зиёде паҳн шудаанд. Аз рӯи баъзе ривоятҳо дар ин ҷо гуё пайдо шудани аспи обиро мушоҳида кардаанд.
Мутассадиёни соҳаро зарур аст, ки таркиби оби кӯли Ҷувозакро ҳарчи бештар омӯзанд, то ин мавзеъ ба маъвои дӯстдоштаи сайёҳон, дӯстдорони табиат ва рушди сайёҳии экологӣ табдил ёбад…
МАҶИД САЛИМ,
Душанбе- Ҳисор – Алмосӣ — кӯли Ҷувозак