ДАР Ш. ДУШАНБЕ КОНФРОНСИ ИҚЛИМӢ БАРГУЗОР МЕГАРДАД

0
869
боздид
Рӯзҳои 26-27 июли соли 2021 дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе чорумин Конфронси иқлимии Осиёи Марказӣ (CACCC-2021) бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ ва олимону коршиносони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамзамон намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ баргузор мегардад. Баргузории конфронс бо реҷаи омехтаи оф-лайн ва он-лайн дар назар дошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 4-умин конфронси иқлимӣ аз ҷониби Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ (CAREC) дар якҷоягӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ / ICIFSA «Барномаи мутобиқшавӣ ва коҳиш додани тағирёбии иқлим дар ҳавзаи баҳри Арал» (CAMP4ASB) ташкил карда мешавад.

Ҳадафи конфронс аз тақвияти муколамаи минтақавӣ, табодули иттилоот ва донишҳо барои дастгирии системаи қабули қарорҳо дар асоси маълумотҳои муътамад, инчунин  омӯзиши имкониятҳо барои таъмини ҳамоҳангӣ дар амалигардонии лоиҳаҳои иқлимӣ байни ниҳодҳои молиявӣ ва агентиҳои рушд дар Осиёи Марказӣ иборат мебошад.

Ёдовар мешавем, ки конфронсҳои иқлимии минтақавӣ дар доираи лоиҳаи CAMP4ASB қаблан соли 2018 дар ш. Алмаато (Қазоқистон), соли 2019 дар ш. Тошканд (Ӯзбекистон), соли 2020 бо реҷаи онлайн (Алмаато) баргузор гардида буд.

Дар кори CACCC-2021 бори аввал дурнамо ва мушкилоти ҳамкориҳои минтақавӣ дар сегменти сатҳи баланд, ки дар он вазирони ҳифзи муҳити зисти кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок мекунанд, мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Соли 2021 давраи натиҷабардорӣ аз ҳадафҳои панҷсолаи кишварҳо дар доираи Созишномаи Париж дар самти чораандешӣ нисбати тағйирёбии иқлим ба ҳисоб меравад. Акнун вақти амалисозии Саҳми муайяншуда дар сатҳи миллӣ (СМСМ- NDCs) фаро мерасад.

Ҳамзамон яке аз масъалаҳои муҳими дигар, ки дар кори конфронси иқлимӣ баррасӣ мегардад, вобаста ба мавзӯи маблағгузории иқлимӣ ҷиҳати коҳиш додани оқибатҳои таъсири тағйирёбии иқлим дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ хоҳад буд.

    “Инсон ва табиат”

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед