Ҳамасола 5 декабр бо мақсади нишон додани аҳамияти бунёдии хок барои мавҷудияти ҳаёт дар рӯи Замин, баланд бардоштани маърифатнокӣ дар бораи мувозинати мураккаби тамоми унсурҳо ва равандҳои он, ки дар хок ба амал меоянд,Рӯзи умумиҷаҳонии хок таҷлил мегардад.
Бо ташаббуси Шоҳигарии Тайиланд Созмони Милали Муттаҳид таъсиси расмии рӯзи хокро ҳамчун платформаи глобалӣ барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дастгирӣ намуд. Конфронси Ташкилоти умумиҷаҳонии озуқа моҳи июни соли 2013 пешниҳоди таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии хокро якдилона тасдиқ кард ва он дар конфронси 68-уми Созмони Милали Муттаҳид расман қабул гардид. Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 5 декабри соли 2014-ро аввалин Рӯзи байналмилалии хок муқаррар намуд.
Дар робита ба аҳамият ва тарғиби истифодаи устуворонаи захираҳои хок директори Институти хокшиносии Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои кишоварзӣ Шариф Хоҷаев чунин мегӯяд: — Хок ҷузъи таркибии муҳити зисти инсон, наботот ва ҳайвонот, асоси фаъолияти хоҷагидорӣ буда, ҳифзи он яке аз вазифаҳои муқаддаси ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад.
Дар хок тамоми экосистемаҳои решаҳои растанӣ мавҷуданд, ҳамчунин дар онҳо микроорганизмҳо, занбӯруғҳо, ҳашарот ва ҳайвонот зиндагӣ мекунанд. Дар қабатҳои хок 360 ҳазор намуди микроорганизмҳо ва бактерияҳо мавҷуд мебошанд. Ин системаҳои мураккаби организмҳо барои ҳифзи хок ва мавҷудияти муътадили экосистемаҳо муҳиманд. Микроорганизмҳо ва бактерияҳои хок дар табдил додани моддаҳои органикӣ ба пайвастагиҳои барои растаниҳо дастрас иштирок мекунанд, дар нигоҳ доштани тавозуни карбон нақши муҳим мебозанд. Танҳо 19 фоизи карбони биосфера барои ташаккули биомассаи растаниҳо сарфа шуда, боқимонда 81 фоиз ба таркиби хок, ки қисми асосии гардиши он мебошад, дохил мешаванд. Хок барои растанӣ манбаи асосии моддаҳои ғизоӣ мебошад.
Ба хок доимо қувваҳои берунӣ, яъне омилҳои табиӣ ва антропогенӣ таъсир мерасонанд. Таназзули хок мушкилоти умумии тамоми инсоният аст. Нишебзаминҳои ҷумҳурӣ ба гурӯҳи заминҳои дучори таназзул (эрозияи обию шамолӣ) дохил мешаванд ва бинобар он ҳифзи хок аз таназзул бояд ҳангоми банақшагирии ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ, аз ҷумла ҷорӣ намудани киштгардон, боғот, роҳҳо ва ғайра ба назар гирифта шавад. Ҳангоми асосноккунии чорабиниҳо доир ба коркарди хок, истифодаи нуриҳо, мубориза бар зидди касалию ҳашароти зараррасон чорабиниҳо оид ба ҳифзи хок аз эрозия бояд ба инобат гирифта шаванд. Бино ба гуфтаи Шариф Хоҷаев, дар Тоҷикистон зиёда аз 34 намуди хок мавҷуданд.

Олимони Академияи илмҳои кишоварзии ҷумҳурӣ вобаста ба истифодаи замин ҳамеша ба деҳқонон маслиҳатҳо медиҳанд.
Ҳоло ки давраи замина гузоштан ба ҳосили соли оянда фаро расидааст, ба кишоварзон тавсия дода мешавад, ки баъди ғунучини ҳосил заминро бояд на камтар аз 30 – 35 сантиметр шудгор намоянд. Аз истифодабарандагони замин хоҳиш карда мешавад, ки ҳеҷ гоҳ гиёҳҳои хушкшудаи заминро оташ назананд, зеро дар қабати ҳосилхези замин зиёда аз 1000 намуд микроорганизмҳои фоидаовар мавҷуд мебошанд, ки дар натиҷаи оташ задан ин микроорганизмҳо нобуд мешаванд.
Директори Институти давлатии лоиҳакашии заминсозии «Тоҷикзаминсоз»-и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Бобозода таъкид мекунад, ки ҳар шахси заминистифодабаранда (хоҷагиҳои деҳқонӣ, кооперативӣ ва ғайра) бояд бо мақсади ҳифз намудани хок аз ҳолатҳои номатлуб ва зиёд намудани ҳосилнокӣ ва даромаднокии хоҷагиҳо маълумоти муфид дошта бошад. Зеро, пеш аз он ки дар замин киштукор гузаронида шавад, сараввал таркиби хоки замин, шӯрии хок, сангнокӣ, гаҷнокӣ, фосфори ҳаракаткунанда, калиёи ивазшаванда, таркиби механикӣ, тавоноии хок ва дигар хусусияти онро санҷида, баъдан мувофиқи маслиҳатҳои мутахассисони ин соҳа киштукор гузаронад, вагарна эҳтимоли таносуби хароҷот нисбат ба даромад зиёд мегардад.
Ба гуфтаи Х.Бобозода Институти давлатии лоиҳакашии заминсозии «Тоҷикзаминсоз» аз соли 2002 дар асоси Қонуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи хок» ва «Дастурамал оид ба таҳқиқоти калонҳаҷми хоки заминҳои обӣ ва лалмии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба гузаронидани корҳои тадқиқотии калонмиқёси хок машғул аст. Мақсади гузаронидани корҳои тадқиқотӣ аз муайян кардани ҳолат ва сифати заминҳо, андешидани тадбирҳо оид ба ҳифз, барқарор ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, пешгӯйӣ кардани суръати паҳншавии шӯрнокии дубораи хокҳо дар заминҳо бо мақсади ошкор намудани тағйирот дар сохт ва сифати он иборат мебошад. Дар давраи 30 соли Истиқлолияти давлатӣ корҳои хокшиносӣ дар 26 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иҷро гардиданд. Даври сеюми корҳои хокшиносӣ дар вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷро гардида, дар вилояти Суғд давом дорад.
Истифодаи дурусти маводи хокшиносӣ дар соҳаи кишоварзӣ барои ҳавасмандкунии заминистифодабарандагон оид ба истифодаи оқилонаю самараноки замин, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат нақши муҳим мебозад.
Маводи таҳқиқоти калонмиқёси хок барои ба танзим даровардани баҳисобгирии давлатӣ ва баҳои заминҳо, сохтани харитаҳои ҷамъбастии хоки заминҳо мусоидат менамояд.
“Инсон ва табиат”