ДАРАХТ

0
281
боздид

Дарахт растании дарозумр буда, аз тана, шоха ва реша иборат аст. Танаи дарахт аз ҷанини муғча рушд карда, асосан рӯ ба боло месабзад. Ҳамзамон, тана такягоҳи шоху навдаҳо буда, вазифаи интиқол додани моддаҳои ғизоӣ ва захира намудани онҳоро иҷро менамояд.

         Тибқи маълумоти пойгоҳи “Википедиа” бо нишондод ба соли 2015 дар рӯи Замин тақрибан 3 триллион бех дарахт ба қайд гирифта шудааст. Аз рӯи нишондодҳо дар ҷаҳон Русия бо шумораи 640 миллиард бех дарахт мақоми аввалро соҳиб буда, дар зинаҳои 2 — юму 3 — юм Канада ва Бразилия бо шумораи 300 миллиард бех қарор доранд.

         Тибқи нишондодҳои оморӣ ҳамасола дар  ҷаҳон шумораи дарахтон 15 миллиард бех кам мегардад, ки сабаби аслии инро мутахассисон ба буриши бераҳмонаи ҷангалзорҳо ва тағйирёбии иқлим рабт додаанд.

         Хоҳишмандам ба рақамҳо таваҷҷуҳ намоед ва даҳшатеро тассавур кунед, ки буриши бераҳмонаи дарахтон чӣ оқибатҳои хавфноки экологиро ба бор хоҳад овард. Он гоҳ вой бар ҳоли одамӣ.

Ба табиат ғамхорӣ намоед, зеро шумо ИНСОН ҳастед !!!!!

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед