АЗ КИТОБИ СУРХИ ТОҶИКИСТОН
ДАРМАНА (ШИҲ)
Artemisia mogoltavica Poljak.
Оилаи Asteraceae
Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Аҳамият ва мақоми илмӣ
Намуди нодир буда, феълан кам таҳқиқ шудааст.
Паҳншавӣ
Дар чанд муҳити Тоҷикистони Шимолӣ дучор меояд.
Муҳити рушд
Дар хокҳои камқуввати хокистарранг ва гилзамину шӯразаминҳо мерӯяд.
Намуди ҳамшабеҳ
Ба A. cina Berg et Pojark. (ҷануби Қазоқистон) қаробат дорад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ
Нимбутта, 30-40 см қад мекашад. Пояаш чӯбмонанд. Дарозии лаъличаи баргаш 5 см. Баргҳои наздигули он нештаршакланд. Сабадгулаш ҷорӯбак (дарозиаш то 3 мм), гулбаргҳои зард дорад. Моҳи октябр гул карда, ноябр самар меорад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ
Ҷамъоварии бенизоми дармана чун ашёи хоми доруворӣ, аз худ кардани муҳити рушди растанӣ ва таъсири чарогоҳ.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ
Дар рушдгоҳи табиӣ дармана аз тухм месабзад. Фардҳои алоҳидаи онро аз муҳити рушди табиӣ оварда дар Боғи набототи Душанбе кучат карданд, вале насабзид. Дар Қазоқистон киштзори дарманадар хоҷагиҳо вуҷуд дорад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ
Дар амалияи тибби муосир ва халқӣ сабадгули дарманаро ҷиҳати рафъи кирми меъдаву рӯда ба кор мебаранд. Дар баргу поя ва гулаш 0,5-7% лактони сантонин дорад. Сабадгули дармана дар бозор ба фурӯш бароварда мешавад.
Тадбирҳои ҳифз
Ташкил кардани мамнуъгоҳ дар доманакӯҳи Муғул ба мақсади нигоҳдорӣ, тадқиқ ва муайян намудани шаклҳои гуногуни генофонди худрӯи дармана, муқаррар кардани тадбирҳои ҳифзи онҳо.