ДЕҲҚОНЗАНЕ, КИ БАРОИ ПЕШБУРДИ ХОҶАГИДОРӢ АЗ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ КАММАСРАФ ИСТИФОДА МЕКУНАД

0
1110
боздид

25 августи соли ҷорӣ дар толори маҷлисгузаронии Кумитаи ҳифзи муҳити зист маросими мукофотсупорӣ ба шаш нафар ғолибони озмуни минтақавӣ аз Тоҷикистон дар мавриди истифодаи технология ва таҷрибаҳои нави мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим аз ҷониби Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ дар шарикӣ бо Шабакаи иқлимии ТҒҲ дар доираи барномаи CAMP4ASB баргузор гардид. Пас аз суханрониҳои шодбошӣ ифтихорномаҳо ва мукофотҳои қиматнокро ба ғолибон муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорид.

Дар номинатсияи “Кишоварзии устувори иқлимӣ” ҳайати комиссияи озмуни минтақавӣ ҷои аввалро ба таҷрибаи деҳқонзан аз деҳаи Деҳқонободи ш. Ҳисор Аҳмадова Мавлуда барои истифодаи технологияи “Парвариши картошка дар халтаҳо” муносиб донистанд. Сирри муваффақияти ин деҳқонзан дар чист? Бо истифода аз фурсат, аз ӯ хоҳиш намудам, ки дар бораи ин таҷрибааш ба хонандагони нашрияи “Инсон ва табиат” нақл намояд.
Мавлуда-апа чанд сол муқаддам дар ноҳияи Шаҳритуз бо таҷрибаи парвариш ва рӯёндани картошка (пешниҳоди олими тоҷик Қурбоналӣ Партоев) ошноӣ пайдо намудааст.

  • Бинобар сабаби кам будани масоҳати замини кишти ҳавлиамон ба худ қавл додам, ки ин таҷрибаро дар амал татбиқ намоям. Зеро дар шароити иқлими тағйирёбанда кор гирифтан аз чунин таҷриба манфиатовар аст.
    Дар саҳни ҳавлии хонаи Мавлуда –апа дар дохили халтаҳои хокдоштаи рӯи ҳавлии сементӣ, ки решаи ниҳолони ҷуворимаккаи сабз рӯ ба афзоиш доштанд, ба чашм намоён буд.

 Зимни суҳбат Мавлуда-апа ба ҷуворимаккаҳои сабзида ишора карда гуфт: — Соли чорум аст, ки ман дар халтаҳо хоку компост пур карда, аррамайда илова мекунам ва дар ҳар халта 3 – 4 дона картошка мешинонам. Хоку компост ва аррамайдаро барои он ҳамроҳ мекунам, ки гардиши оксигенро дар хок таъмин менамояд.

Аз ҳама хубаш он, ки об беҳуда исроф намешавад. Обашро худам дастӣ бо сатил мерезам. Дар мавсими имсола дар 86 халта тухмии картошкаро шинонидам. Азбаски моҳи апрел барф борида буд, ба як қисми ниҳолони картошка, ки сармо таъсир нарасонид, ҳосили хуб доду ниҳолони бархе аз халтаҳо ҳосили хуб надоданд. Чунки аз барф осеб дид. Ҳамон картошкаи рӯёндашударо то ҳол истеъмол карда истодаем.
Халтаҳо барои як мавсим истифода мешаванд, баъди куҳна шуданашон онҳоро ҳар сол иваз мекунам. Ҳозир бошад, дар халтаҳо ҳам лӯбиё парвариш мекунам ва ҳам ҷуворимакка.
Мавлуда Аҳмадова пас аз хатми Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон чанд муддат агроном, солҳои тӯлонӣ ҳамчун муаллимаи фанни таърих ва раиси ҷамоати Деҳқонобод фаъолият намудааст. — Ман ба хонаи деҳқонҳо рафта сирри деҳқониро аз онҳо меомӯхтам ва акнун таҷрибаи онҳоро дар ҳавлии худам такрор карда истодаам. Ин ниҳоли лӯбиёи донакалон аст, — бо шавқи беандоза ба нақл оғоз кард Мавлуда –апа ва аз зери баргҳо пӯчоқҳои сабзранги донакдорро нишон дод. Ба гуфтаи мавсуф ин навъи лӯбиё дар бозор 40 (чил) сомонӣ нарх дорад. Онро асосан, барои тухмӣ истифода мебаранд. — Инаш лӯбиёи навъи ӯзекистонӣ, — ишора намуд ҳамсӯҳбатамон ба ниҳоли дигари лӯбиё.

Мавлуда-апа диди бисёр нозук дорад. Ӯ мегӯяд, ки барои зимистонгузаронӣ навъи помидори“Черри”-ро, ки бо андозаи майда ва таъму лаззати худ фарқ мекунад, дар намак мехобонад.
Дар саҳни ҳавлии Мавлуда-апа таҷҳизотҳое, ки ба мушоҳида мерасиданд, ба технологияҳои “сабз” ва каммасраф дохил мешаванд ва асосан бо нерӯи офтоб фаъол ҳастанд. Аз гуфтаи соҳибхоназан бармеояд, ки ҳангоми маҳдуд будани барқи умумӣ таҷҳизоти офтобиро фаъол менамоянд.
Дар як тарафи саҳни ҳавлӣ монанд ба антеннаи пароболӣ ё шабеҳи “Тарелкаи паррон” таҷҳизоте ҷой гирифтааст, ки “Оташдони офтобӣ” ном дорад. Аз рӯи гуфтаи Мавлуда-апа, дар ин “Оташдон” об ҷӯшонидану хўрок пухтан хеле осон аст, ҳатто мураббову шарбат тайёр кардан имкон дорад. — Онро мо асосан дар рўзҳои гарм истифода мебарем, дар давоми моҳҳои апрел то охири октябр хӯроки нисфирӯзиро ман дар ҳамин оташдон тайёр мекунам, — мегӯяд Мавлуда — апа. Масалан, дар ду соат хомшӯрбо тайёр мешавад. Принсипи кори ин таҷҳизот ба ҳаракати Замин дар гирди Офтоб вобаста аст. Ҷои баландии “Оташдон”- ро ҳар ним соат пас ба сӯи Офтоб медорем, акси Офтоб дар қисмати миёнаи оҳани “Тарелка” инъикос мегардад. Ҳатто дар рӯзҳои офтобии зимистон ман онро барои обгармкунӣ истифода мебарам.

Масоҳати замини наздиҳавлигии Мавлуда Аҳмадова дар маҷмуъ 5 сотихро ташкил мекунад. Аммо аз замин ӯ самаранок истифода мебарад. Масалан, дар замини наздиҳавлигии ӯ 30 адад дарахти буттамева (смородина)- қароқот парвариш меёбад. Парвариши он осону чиданаш душвор, лекин даромади хуб меорад. Харидорон ҳамасола қарақотро аз хона мегиранд. Ба қавли худи Мавлуда-апа аз фурӯши қаракот ҳар сол аз 2,5 то 3 ҳазор сомонӣ фоида ба даст меорад.
Тахминан 5 метр дуртар аз оташдони офтобӣ таҷҳизоти дигар – обгармкунаки офтобӣ ҷойгир шудааст. Мавлуда-апа чун таваҷҷуҳи моро дарк намуд, ба сӯи обгармкунак ишора карда гуфт. – Ин таҷҳизотро ба ман аз тарафи Ташкилоти Маркази ҷумҳуриявии экологии ҷавонон ва ба якчанд оила тӯҳфа карда буданд. Зарфи он 150 литр ғунҷоиш дошта, қобилияти баланди гарминигоҳдорӣ дорад.

Қаҳрамони мо тарзи муносибат бо муомилотро низ хуб ба роҳ мондааст. Дар як гӯшаи ҳавлиаш барои тайёр кардани компост дар ҳаҷми ғунҷоишаш 1,5 ба 3 м. ҳандақ бо чуқурии 2,5 метр ҷойгир шудааст. Аз сабабе, ки бо усули компосттайёркунӣ ошноӣ дорад, алафу баргрезаҳо ва дигар партовҳоеро, ки хусусияти пӯсидашавӣ доранд, дар чуқурии хандақ мепартояд, аз болои он об мерезад, партовҳои қабат ба қабат ҷамъшуда пӯсида, сатҳашон паст мешавад ва дар мавсими кишт компост тайёр ки шуд, ба замин барои серҳосил шудан мерезад.
Яке аз навовариҳои Мавлуда Аҳмадова бунёди гармхона бо шишаҳо аст. Тавре худи ӯ мегӯяд: Масоҳати гармхонаи шишагини ман 2,5 м. ба 4 м. аст. Ман онро тавассути интернет аз таҷрибаи русҳо омӯхтам. Сипас барои амалӣ кардани идея писарам кӯмак намуд. Дар ин гармхона ман асосан, лимӯ ва гул парвариш мекунам. Ниҳоли лимӯро қаламча мекунам, ҳамин ки ниҳол 1 ё 2 сола шуд, ба фурўш мегузорам. Агар нархи як бех ниҳоли лимӯ дар бозор 150 сомонӣ бошад, ман ниҳолҳоро бо нархи хеле арзон аз 30 то 40 сомонӣ мефурӯшам.

Мавлуда-апа ҳамчунин ба парвариши гулҳои рангоранг машғул аст. Дар гулхонаи ӯ зиёда аз 140 навъи гул мерӯяд.
Дар як гӯшаи ҳавлӣ мо ҳамчунин бо оташдони каммасрафи непалӣ, ки ду дегдону ду дег дошт ва бо заҳмату нерӯи занҳои навовари деҳа бо хишти худсохти маҳаллӣ бунёд гардид, шинос шудем. Ба гуфтаи Мавлуда-апа хубии оташдонҳои непалӣ дар он аст, ки дар як ҷо оташ гиронда мешавад, вале аз он дар ҳар ду дег дар яке хӯрок пухтан мумкину дар дигаре об ҷӯшонидан имкон дорад, ё ин ки дар яке шӯрбо ва дар дигаре ош омода кардан мумкин аст. Хиштҳо дар таркибашон хок, поруи гов, коҳ, пашми буз доранд.

Дар оғози соли нави 2020 раиси шаҳри Ҳисор Ҷумазода Шарифҷон ба хонаи Мавлуда Аҳмадова меҳмон шуда, бо навовариҳои ин зан ошно шуд ва ба корҳои ӯ аҳсан хонд. Воқеан, он навовариҳое, ки дар ҳавлии Мавлуда Аҳмадова ба мушоҳида расиданд, боиси таҳсин аст. Дар симои ин зани меҳнатқарину матинирода ҷуръату боҳавсалагӣ, хоҳиши азхуд намудану татбиқи донишҳои замонавиро дар хоҷагидорӣ хуб эҳсос намудем.
Дар фарҷоми қиссаамон ба Мавлуда Аҳмадова муваффақиятҳои навину бештарро хоҳонем.
Ҷамолиддин ЯҚУБОВ, “Инсон ва табиат”

  •  

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед