ДИДИ ЭСТЕТИКӢ ВА МАСЪУЛИЯТШИНОСӢ ЧИСТ?
Зебоишиносиву зебоипарастӣ худ аз худ пайдо намешавад. Вале агар шавад ҳам фитрӣ ва гоҳ-гоҳе рух медиҳад. Касе агар табиатро дӯст медорад, ба дидани ҳар як гулу гиёҳ, дарахтон, чашмасорон, умуман манзараҳои дилфиреб ҳассосият ӯро фаро гирифта, ба чунин офариниш арҷ мегузорад ва ин гуна касонро зебопараст гуфтан шояд. Бояд гуфт, ки чунин мафҳумҳоро бидуни завқ тасаввур наметавон кард. Завқ 3 хел мешавад: завқи баланд, завқи миёна ва завқи паст. Онҳое, ки дорои завқи воло ҳастанд, ҳар чизи ба қавле «пуч»-у орӣ аз мазмуни баландро қабул намедоранд. Фаразан, соҳаи санъатро агар мисол орем, мебинем жанри шашмақомро он касоне меписанданд, ки завқи бисёр баланд ва қобилияти зиёди маънидарккунӣ доранд. Дар самти тасвири эҷодӣ бошад мусаввир он чизеро эҳсос ва дарк мекунад, ки барои дигарон имконнопазир аст. Вай диди худро дар манзараи тасвирнамудааш инъикос менамояд. Ё ҳайкалтарош, ё шоир ба ин гуфтаҳо далел шуда метавонанд. Чуноне ки имрӯзҳо баъзан ба чашм вомехӯрад, аз бемасъулиятиву беназоратии бархе волидон иддае аз наврасону ҷавонон аз тарбия дур монда, ба рафтори ношоиста даст мезананд.
Пас вазифаи мо (онҳо) аз он иборат аст, ки кӯдакро аз синни хурдсолӣ ба олами табиат шинос намуда, муносибати ғамхоронаро нисбати парандагон ва ҳайвонот дар дили онҳо бедор созем. Чунин гуфтаҳо маънои онро надорад, ки сагони дайду аз Душанбе ронда нашаванд. Аммо ин ҷо сухан мавриди масъулиятшиносии волидон меравад. Зеро нависанда ва муаррих Плутарх (тақр. 45- 127 то мелод) панди тамсилиеро гӯшрас мекунад, ки тамоми чунин ақидаҳои барғалатро барҳам мезанад. Ӯ мегӯяд: «Аз ваҳшитарин аспҳо тойчаҳои хуб мебароянд, агар дар сатҳи зарурӣ тарбия ёбанд». Билохира, забони табиат ба насли ҷавон таъсири чуқур бахшида, ба инкишофи ҳисси эстетикии онҳо мадад мерасонад. Тарбияи эстетикӣ ҳамон вақт сар мешавад, ки волидайн худ ба дуруст дарк кардани табиат ва муҳити атроф сарфаҳм раванд.