ДИҚҚАТ: ОЗМУН!

0
301
боздид

Ба диққати ҳамаи дӯстдорони табиат мерасонем, ки гурӯҳи фейсбукии «Сарсабз» дар ҳамкорӣ бо идораи рӯзномаи «Инсон ва табиат» ва маҷаллаи «Ҳифзи табиат» тасмим гирифтааст ба муносибати оғози мавсими баҳор озмуни ниҳолшинониро таҳти унвони “Ҳифзи табиат – кафили тандурустӣ ва зиндагии осоиштаи мо” миёни ҳама қишрҳои ҷомеа баргузор кунад.

         Иштирокчиён бояд, ки ниҳолҳои шинонидаи хешро аксбардорӣ карда ба саҳифаи фейсбукии масъулони баргузории озмун тариқи почтаҳои mirsaid.sattorov@mail.ru, insonvatabiat@gmail.com, Viber: 915776606,  Imo: 915776606; 989021146 зери унвони «Ба озмун» фиристанд. Ғолибон тавассути ишораи маъқул (лайк) — и корбарони гурӯҳ муайян карда мешавад. Озмун аз 10 феврал оғоз шуда, 3 моҳ идома меёбад ва  санаи 10 майи соли 2019 ҷамъбаст мегардад. Ғолибон бо тӯҳфаҳои хотиравии идораи рӯзномаи «Инсон ва табиат» ва маҷаллаи «Ҳифзи табиат» ва мукофоти пулӣ аз ҷониби маъмурияти гурӯҳи фейсбукии “Сарсабз” қадрдонӣ мешаванд.

Мукофотҳои пулӣ барои:
Ҷои 1- ум — 100 сомонӣ (дар суратҳисоб ба ғайр аз тӯҳфа)

Ҷои 2- ум — 75 сомонӣ (дар суратҳисоб ба ғайр аз тӯҳфа)
Ҷои 3- ум — 50 сомонӣ (дар суратҳисоб ба ғайр аз тӯҳфа)

         Ҷамъбасти озмун дар рӯзномаи «Инсон ва табиат» эълон гардида, саҳифаи махсус ба ғолибон бахшида мешавад, ки дар он аксу мусоҳиба бо мухбири рӯзнома интишор мегардад.

Шитобед то дер намонед ба озмуни “Ҳифзи табиат – кафили тандурустӣ ва зиндагии осоиштаи мо”!!!

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед