Дурнамои  туризми орнитологӣ дар Тоҷикистон

0
1965
боздид
Туризми орнитологӣ – як бахши сайёҳии экологӣ

 

                     Дурнамои  туризми орнитологӣ дар Тоҷикистон

Туризми орнитологӣ – як бахши сайёҳии экологӣ маҳсуб ёфта, тибқи пурсишҳои сотсиологӣ дар дунё ҳамчун самти рушдёфтаистода пас аз сайёҳии пиёдагардӣ дар ҷойи дуюм қарор дорад. Ин намуди сайёҳӣ бахусус дар ИМА, Канада, Британияи Кабир, кишварҳои скандинавӣ, Фаронса, Олмон ва Япония доман паҳн кардааст. Даҳҳо ширкатҳои сайёҳӣ қариб дар ҳамаи нуқтаҳои олам бахшида ба омӯзиши тарзи ҳаёти парандаҳо ва барои мушоҳидаҳои онҳо дар табиат барои сайёҳон экскурсияҳо ташкил мекунанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 ҳудудҳои калидии орнитологӣ вуҷуд дорад.Барои ҷалби сайёҳон дар ҷои  ҷамъшавии парандаҳо туризми орнитологиро ба роҳ гузоштан мумкин аст. Масалан, дар обанбори Қайроқум, ки макони ҷамъшавии парандаҳо мебошад, ба роҳ мондани туризми орнитологӣ дар моҳҳои август-сентябр-октябр, вақте ки парандаҳо аз шимол ба ҷануб парвоз карда меоянд, мавсими мувофиқ ба ҳисоб меравад. Дар обанбори Қайроқум аз оилаи ғозшаклҳо – якчанд намуди мурғобиҳоро мушоҳида кардан мумкин аст. Ҳангоми ташкил кардани экскурсия ба ин мавзеъ роҳбалад парандашинос бояд бошад, то ӯ дар бораи намудҳо, хусусиятҳои биологии парандаҳое, ки сайёҳон тариқи дурбинҳо мушоҳида менамоянд, маълумоти дуруст пешниҳод  карда тавонад.

PS: Ҷамъиятии «Иттиҳоди ҳифзи табиат ва гуногунии биологӣ дар Тоҷикистон» тасмим гирифтааст, ки барои мактаббачагону донишҷӯён дар маконҳои ҷамъшавии парандаҳои мавсимӣ экскурсияҳо ташкил намояд. Чунин иқдом қобили дастгирӣ буда, барои боло рафтани сатҳи маърифати экологии наврасону ҷавонон аҳамияти калон дорад.

  

 

 

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед