ФАРОШТУРУК (ПАРАСТУ) — ПАРАНДАИ СОЛИ 2020

0
1206
боздид

Фароштурук парандаи хурди тезпарвоз буда, болҳои тез ва думи дарози қайчимонанд дорад. Дарозии бадани фароштурук 14-19 см, паҳноии болҳояш то 30 сантиметрро ташкил дода, 17-20 грамм вазн дорад. Парандаи васеъ паҳншуда буда, ба ҷуз аз Австралия ва Антарктида, дар ҳамаи қитъаҳои кураи замин вомехӯрад.

Ба оилаи фароштурукҳо, қатори гунҷишкон ва гуруҳи парандагони кӯчанда мансуб аст. Зимистонро дар Африқо, Осиёи Ҷанубӣ ва Индонезия паси сар мекунад. Ба Тоҷикистон аввали моҳи март парида меояд. Фароштурук ба муҳити зист мутобиқати зиёд дошта, аз давраҳои қадим дар маҳалҳои аҳолинишин зери бом ва шифти биноҳои истиқоматӣ ва иншооти сохтмонӣ лона мегузорад.

Ин паранда байни мардум чун парандаи муқаддас маҳбубияти зиёд дорад. Бо инсон дар ҳамшафат зиста, аз ӯ хайрхоҳӣ меҷӯяд. Аз замонҳои қадим дар байни мардум ақидае ҳаст, ки дар хонае, ки фароштурук лона мегузорад, меҳру муҳаббат, самимият ва хушбахтӣ пойдор аст.

Лонаи фароштурук нимкурамонанд буда, аз лӯндачаҳои лой дар девор ва шифти бино сохта мешавад. Дохили лона бо хас, шохчаи растаниҳо, пар ва мӯй густурда мешавад. Аввалҳои  моҳи апрел фароштурук 4-5 тухм мегузорад. Чӯҷаҳо пас аз 12-13 шабонарӯз аз тухм мебароянд ва қариб 20 рӯз парвариш меёбанд. Фароштурук парандаи серҳаракат буда, дар як рӯз то 300 маротиба чӯҷаҳояшро хӯрок медиҳад. Ғизои фароштурук магас, малах, шапалак, хомӯшак ва гамбӯск мебошад.

Вақти зиёди худро фароштурукҳо дар парвоз гузаронида, дар замин кам менишинад. Тӯъмаи худро ҳангоми парвоз дар ҳаво медорад. Суръати парвози он то 120 км дар як соатро ташкил медиҳад.

Фароштурукҳо хусусияти пешгӯӣ кардани вазъи обу ҳаворо доранд. Аз мушоҳида бармеояд, ки агар фароштурук дар сатҳи замин парвоз кунад, борон меборад ва агар дар фазо баланд парвоз кунад, рӯзи офтобӣ мешавад.   

Тайи солҳои охир саршумори фароштурук дар маҳалҳои аҳолинишин торафт коҳиш меёбад ва танҳо муносибати хайрхоҳонаи инсон метавонад дар ҳифзу нигаҳдории ин паранда нақши муҳим дошта бошад.

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед