ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТОҶИКИСТОН — 2019 “ МО ОЗОДАПАЛАНГРО ҲИФЗ МЕКУНЕМ!”

0
1049
боздид

Бадахшон яке аз минтақаҳоест, ки нигораҳои рӯисангӣ зиёд ба чашм мерасанд. Ин нишонаи он аст, ки дар ин макон инсоният аз давраҳои қадим зиндагӣ мекардааст. Масалан, дар болои сангҳо акси бузи кӯҳӣ, бабри барфӣ ва шикорчӣ тасвир ёфтааст. Ин нигораҳои рӯисангӣ аввалин офаридаҳои шикорчиёни қадимаанд. Ҳамин тавр, дар тӯли асрҳо шикор на танҳо манбаи ба даст овардани ғизо буд,  балки фарҳанги батанзимдарорандаи муносибати миёни инсону табиат ба вуҷуд омад. Ин фарҳанг ба он кӯмак мекард, ки инсон ба табиат бо таваҷҷуҳи хос ва назари эҳтиёткорона нигоҳ кунад. Одамон тарзе рафтор менамуданд, ки ҳайвоноти ваҳширо ҳам мавриди шикор қарор медоданду ҳам муҳофизат мекарданд.

          Бояд зикр кард, ки дар таърихи 4-уми августи соли равон бо ташаббуси Иттиҳодияи ҷамъиятии “Кӯҳҳои Помир” ва ҶДММ “Барс – 2010” дар мавзеи Аличури ноҳияи Мурғоби ВМКБ Фестивали ҷумҳуривии Тоҷикистон — 2019 таҳти унвони “Мо озодапалангро ҳифз мекунем!” баргузор мегардад.  Ин чорабинӣ чорумин фестивал баҳри муҳофизати ҳайвоноти нодир ба ҳисоб меравад. Ёдовар мешавем, ки дар ин фестивал дӯстдорони олами ҳайвонот аз дигар кишварҳо низ иштирок хоҳанд кард.  

          Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур пешгирии шикори ғайриқонунии ҳайвоноти нодир, чун озодапаланг (бабри барфӣ) аст, ки яке аз боигариҳои муҳими Тоҷикистон ба шумор мераванд. Бино ба андешаи шикорчиён ва мардуми кӯҳистон озодапаланг шиносномаи кӯҳистон аст ва дар ҳар ҷое, ки он вуҷуд дорад, нишонгари покии он сарзамин аст. Мавҷудияти ин ҳайвон кафолати экосистема ва тозагии муҳити зист мебошад.

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед