ГАРМШАВИИ ИҚЛИМ ВА ЗУҲУРОТИ ГИДРОМЕТЕОРОЛОГӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

0
1462
боздид

Тағйирёбии иқлим на танҳо дар баландшавии ҳарорати ҳаво ва тағйироти боришҳои атмосферӣ, балки дар зоҳир шудани падидаҳои гидрометеорологии такроршаванда ва шиддатноки табиӣ низ зоҳир мегардад. Коршиносоне, ки дар соли 2008 дар Конфронси байналмилалии об дар Душанбе ҷамъ омаданд, вуҷуд доштани нисбати мутақобил байни зуҳуроти такроршаванда ва харобиовари офатҳои табиӣ ва равандҳои тағйирёбии иқлимро эътироф карданд.

Дарвоқеъ ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар бисёре аз гўшаву канори дунё ҳодисаҳои ғайриодии тағйирёбии иқлимро сабабгори рӯй додани обхезиҳои бениҳоят калон, сел, хушксолӣ, ҳамлаи ҳашароти зараррасон, сўхторҳо ва ғ. меҳисобанд. Барои Тоҷикистон зуҳуроти метеорологии зерини аз ҳама хатарнок — ҳароратҳои хеле баланд ё паст, хушксолӣ, тўфонҳои хокӣ, чангбориш, боришоти шадид, падидаҳои сел ва обхезӣ, фуромадани тарма, боридани жола ва ғ. хос аст. Хушксолии сахт зарари ҷиддии моддӣ расонда метавонад.

Хушксолии солҳои 2000-2001 дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя дар Осиёи Марказӣ яке аз офатҳои табиии калон дар тўли даҳсолаи охир арзёбӣ шудааст. Дар давоми 70 сол (аз соли 1940 то 2010) хушксолӣ тамоми минтақаҳои аҳолинишинро фаро гирифт: солњои 1940, 1947, 1956, 1971, 1980, 1988, 2000- 2001 ва 2007-2008. Хушксолии хеле сахт дар солҳои 1971 ва 2000-2001 мушоҳида шудааст.

Дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ оид ба хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ва Кавказ, талафоти иқтисодӣ аз хушксолии солҳои 2000-2001, 100 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст (4,8 фоизи ММД ва 16,8 фоизи ММД аз ҳисоби истеҳсолоти кишоварзӣ). Хароҷотҳо барои чорабиниҳои бартарафсозии оқибатҳо ва барқарорсозӣ иловатан 104 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар давоми хушксолии шадиди солҳои 2000-2001 тақрибан 3 миллион нафар дар Тоҷикистон (ё нисфи аҳолии он давра) осеб дидаанд. Аз хушксолӣ аз ҳама бештар минтақаҳои сераҳолии ҷануб ва водии Ҳисор ранҷ мебаранд.

Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо сабаби гарм шудани иқлим эҳтимоли дар Тоҷикистон ба амал омадани хушксолӣ бо шиддатнокӣ ва суръати бештар вуҷуд дорад. Дар гузориши Барномаи рушди СММ аз соли 2012, хушксолӣ ҳамчун офати дорои оқибатҳои харобиовари тағйирёбии иқлим барои имрўзу фардои аҳолие, ки дар минтақаҳо ва ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, унвон шудааст. Хушксолӣ ва ҳароратҳои баланди шадид ба истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ, дастрасӣ ба оби ошомиданӣ, иқтидори истеҳсоли нерӯи гидроэнергетикӣ таъсиргузоранд. Норасоии об метавонад ихтилофҳоро дар сатҳи маҳаллӣ афзоиш дода, боиси шиддат гирифтани муҳоҷират ва зиёд шудани бемориҳо гардад.

Қобили зикр аст, ки дар доираи лоиҳаи CAMP4ASB барои мақомоти обуҳавошиносии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки фарогири лоиҳа ҳастанд, бо мақсади таҷдидсозии системаи мушоҳидаи обу ҳаво ва дуруст муайян намудани падидаҳои гидрометеорологӣ тасмим гирифта шудааст, ки беш аз 50 стансияҳои автоматӣ ва дастгоҳҳои гузаронидани мониторинги муҳити зист, сенсорҳо ва системаҳои интиқолдиҳанда ва коркарди маълумотҳо харидорӣ карда шавад.

Ҷ. ЯКУБОВ, «Инсон ва табиат»

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед