АНДЕШАҲОИ ОЛИМОНУ КОРШИНОСОНДОИР БА МЕТАН ВА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ
Тайи вақтҳои охир мавзӯи тағйирёбии иқлим дар доираҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифта, фарзияҳои гуногун ба вуҷуд омадаанд. Яке аз фарзияҳои олимон доир ба омили тағйирёбии иқлим газҳои гулхонаӣ мебошад. Дар Википедиаи русӣ доир ба метан чунин маълумот оварда шудааст. Метан — соддатарин карбогидрид, гази беранг ва бебӯй (дар шароити муқаррарӣ) буда, формулаи химиявиаш — CH4 мебошад. Дар об камҳалшаванда, аз ҳаво сабуктар аст. Метан дар шакли холис заҳролуд нест. Бо вуҷуди ин, далелҳое мавҷуданд, ки метанро ба моддаҳои заҳрнок дохил кардаанд, ки ба системаи марказии асаб таъсири манфӣ мерасонад. Ҳангоми дар дохили бино ҷамъ шудани метан хусусияти таркандагӣ дорад. Ба синфи хатарнокиаш – 4-ум дохил мешавад. Моҳи ноябри соли 1776физики итолиёӣ Алессандро Волта метанро дар ботлоқҳои кӯли ЛАГО-МАҶОРЕ, ки дар марзи Италия ва Швейтсария воқеъ гарди дааст, пайдо намуд. Соли 1778 Волта гази аз ботлоқ тавлидшударо ҷамъ карда, метани холис ҳосил намуд ва ҳамчунин имкони ҳосил намудани газро аз шарораи электрикӣ намоиш дод. Сармутахассиси Экспертизаи давлатии экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҶАЛИЛ ХАЛИЛОВ иброз медорад: —“Метан гази табиӣ аст, газе, ки дар табиат вуҷуд дорад. Вақте метан дар шакли холис ба атмосфера мебарояд, қабати гармиро ба вуҷуд меорад. Аммо сӯхтани метан ягон таъсири бад надорад. Аз сӯхтани метан партов ба вуҷуд намеояд. Карбон гидроген чор аст, ки бо оксиген ҳамроҳ шуда месӯзад, таъсираш мисли ангишт зиёд нест. Дар натиҷаи сӯзиши газҳои табиӣ ба ҳавои атмосферӣ таъсири камтар мерасад, бинобар ин газҳои табииро бештар истифода мебаранд. Метан ба гуруҳи газҳои гармхонаӣ дохил мешавад. Газҳои гулхонаӣ чунин хусусияте доранд, ки ба атмосфера баромада, гармиро дар онҷо нигоҳ медоранд. Дар атмосфера қабате ба вуҷуд меояд, ки гармиро ба боло баромадан намемонад”. То вақтҳои наздик олимон ба метан таваҷҷуҳ накарда, дар гармшавии глобалӣ танҳо гази карбонро сабабгор медонистанд. Зеро дар атмосфера гази карбон бештар аст. Вале тадқиқотҳои охир ҳамаро ба ҳайрат гузошт. Кӯрпаи метанӣ даҳҳо маротиба ғафстар буда, гармии зиёдро дар сайёра нигоҳ медорад. Дар ин бора доктори илмҳои биологӣ аз Русия СЕРГЕЙ КИРПОТИН чунин андеша дорад:
— “Метан нисбат ба гази карбон си маротиба таъсири бештари гармхонаӣ дорад. Вале касе то имрӯзтавозуни ин протсесҳоро ҳисоб накардааст. Бинобар ин зарурати омӯзиши онҳо пеш омадааст. Айни ҳол гуруҳҳои байналмилалии илмӣ ва лоиҳаҳо ташкил гардида, ба омӯзиши ин протсесҳо машғул ҳастанд”. Аз рӯи ҳисобу китоби коршиносони рус соли 2015-ум 569 падидаҳои хатарноки метеорологӣ ба вуқуъ пайваст, ки дар қисми бештари онҳо ба ҳалокат расидани одамон ба қайд гирифта шудааст. Ҳанӯз 15 сол қабл ҳадди ниҳоии чунин катаклизмаҳои метеорологӣ аз 250 ҳодиса беш набуд. Дар ин хусус олими британӣ ТЕРРИ КАЛАГАН, ки соли 2007 барои саҳмгузорӣ дар омӯзиши тағйирёбии иқлими Замин бо ҷоизаи Нобел мушарраф гаштааст, дар яке аз ҳамоишҳои байналмилалӣ чунин андешаро баён дошт:
— Аз сабаби васеъ гаштани дигаргуниҳои иқлимӣ дар Сибир, мо бояд таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ихроҷи партовиши метан ҷалб намоем. Дар ҷадвали тартибдодаи мутахассисон аз Университети Лунск дар мавзеи ҷудошавии метан шаклҳои ғалатӣ дар атмосфера намоён аст, ки ин падида ҷомеаи ҷаҳониро водор месозад то ба омӯзиши Сибир дақиқтар машғул шаванд. Он чизе, ки дар Сибир рух дода истодааст, аҳамияти глобалӣ дорад. Дар гузашта иқлим дар шакли табиияш чӣ гуна буд? Ба ин масъала сармутахассиси Экспертизаи давлатии экологӣ ҶАЛИЛ ХАЛИЛОВ чунин равшанӣ андохт:
— “Ҷараёнҳои атмосферӣ, масалан, гармӣ аз уқёнусҳои Ором ва Атлантика сарчашма мегиранд, ҳавои хунук бошад аз уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ ва Антарктида меомад. Дар натиҷаи мубодилаи ҷараёнҳои гармиву хунукӣ як шароити иқлимии муайян дар рӯи Замин ба вуҷуд меояд. Масалан, иқлими Экватор ва атрофи онро субтропикӣ ва минтақаҳое, ки аз уқёнусҳо дуртаранд, иқлимашонро континенталӣ меноманд. Вобаста ба ҳаракати Замин дар гирди Офтоб, ки аз рӯи мадори элипсшакл ҳаракат мекунад, бинобар ин таъсири гармии Офтоб ба қабатҳои Замин якранг нест. Масалан, дар гузашта, дар минтақаҳои аз хати Экватор поён то як андоза иқлими хушки гарм, дар Канада ва Гренландия хунукӣ ва иқлими Аврупо муътадил буд. Дар натиҷаи ба ҳавои атмосфера ба миқдори зиёд партофта шудани газҳои гулхонаӣ, ба монанди оксиди карбон, метан, буғи об, оксиди нитроген қабате пайдо мешавад, ки гармиро аз атмосфера ба боло баромадан намемонанд. Дар гузашта вақте газҳои гулхонаии антропогенӣ набуд, як қисми гармӣ аз атомосфера ба боло хориҷ мешуд. Вақте қабати гармӣ дар сатҳи Замин нигоҳ дошта мешавад, боиси тағйирёбии иқлим мегардад. Бинобар ин дар ҷое, ки газҳои метан, бутан истихроҷ карда мешавад, барои таъсири камтар доштанашон аз сарчашма гулхан меафрӯзанд. Сибир макони газҳои табиӣ мебошад”. Дар шимолу ғарби Сибир гурӯҳи олимон кӯлмакҳои на чандон калонро пайдо карданд, ки шумораашон аз миллион шоядзиёдтар бошад.
Доктори илмҳои биологӣ СЕРГЕЙ КИРПОТИН мегӯяд, ки дар тундра кӯлмакчаҳои начандон калон бо шумораи аз миллион бештар аз торфи сармозада пайдо шуда, дар он моддаҳои органикӣ таҷзия мешаванд, ки онҳо кӯлҳои брионикӣ номида мешаванд. Ҳамин кӯлҳои брионикӣ ҳангоми яхбандиҳо ба таври махфӣ дар шароити беоксигенӣ метан хориҷ мекунанд. Ин кӯлҳоро, ки аз аксҳои моҳвораӣ берун мондаанд, ҳеҷ кас дар модели иқлимӣ ба ҳисоб намегирад. Соли 2012 дар Сибир ҳавои гарми аномалӣ ба вуҷуд омад ва табиат чунин вазъиятеро ба вуҷуд овард, ки баъди чанд сол боиси дигаргуншавии обу ҳавои муқаррарии ин мавзеъ хоҳад шуд. Дар тундра миллионҳо кӯлмакчаҳо пайдо шудаанд. Ҳарорати ҳаво дар Русия нисбат ба дигар манотиқи дигари сайёра ба ҳисоби миёна афзудааст ва аз ҳама аҷибаш ин ки гармшавии иқлим дар соҳилҳои назди Арктика бештар ба мушоҳида мерасад.Ба андешаи ҳамоҳангсози барномаи Арктикии Гринписи Россия ЕВГЕНИЯ БЕЛЯКОВА:
“Тағйирёбии иқлимро аз ҳама бештар дар Арктика мушоҳида кардан мумкин аст. Зеро маҳз дар ин ҷо дар фасли тобистон ба масоҳати калон сатҳи обҳо гарми тасфон мешаванд”. Тобистони соли 2014 гурӯҳи байналмилалии олимон ба экспедистияи Арктика раҳсипор шуданд, ки он 4 моҳ давом кард. Онҳо дар ин ҷо ба омӯзиши чӣ гуна таъсир доштани пиряхҳои Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ ба иқлими сайёра машғул шуданд. Дар давоми чор моҳ садҳо таҷрибаҳо гузаронида шуд. Ба умқи уқёнус техникаи махсус фиристода шуд, ки бо ёрии он миллиардҳо ҳубобчаҳо ба болои об мебаромаданд,ки ин метан мебошад. Аз умқи якчанд баҳрҳо тадқиқотчиён маводеро бо номи кёрни пайдо карда, барои корҳои тадқиқотӣ истифода бурданд. Пораҳои ба таври амудӣ буридашудаи кёрни дар озмоишгоҳи байналмилалии Донишгоҳи техникии шаҳри Томск аз санҷиш гузаронида шуд. Баъд аз муайян кардани таркиби кимиёвии умқи уқёнус олимон миқдори метани хориҷшудароаз уқёнус дақиқ намуданд.
Дар Тоҷикистон муносибат бо метан чӣ гуна аст? Ба ин савол директори Маркази умумиҷумҳуриявии тадқиқотӣ-илмии “Табиат” ТЕМУР НАЗАРОВ, ки собиқаи зиёди корӣ дар самти ҳифзи муҳити зистдорад, зимни суҳбат ба мо чунин гуфт:
— Партови метан асосан аз корхонаҳои калони саноатӣ ихроҷ мешавад. Дар Тоҷикистон чунин корхонаҳои бузурге, ки аз онҳо метан хориҷ мешуда бошад, вуҷуд надорад. Баръакс, мо дар миқёси маҳаллӣ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истифода бурда истодаем ва дар ин самт ба таври васеъ истифода бурдан аз таҷҳизоти биогаз дар шароити кишвари мо мувофиқ аст. Дастгоҳҳои биогаз метанро тавлид мекунанд. Аз ин рӯ, ба масъалаи истифода бурдани метан аз кадом мавқеъ нигоҳ бояд кард, саволи дигар аст. Он чизе, ки ба масъалаи партовҳои зиёди метан марбут аст, мақомотҳои ҳифзи муҳити зистро зарур аст, ки корхонаҳоро назорат намоянд, то бо таҷҳизоти муосири пешгирикунандаи ҳама гуна партови газҳои гулхонаӣ муҷаҳҳаз бошанд. Экологҳоро зарур аст, ки ба ҷустуҷӯи ҳалли мушкилот ва масъалаҳое, ки метавонанд ба пешгирии ҳама гуна газҳои гулхонаӣ, аз ҷумла метан фишанги воқеӣ расонанд, талош намоянд. Ман фикр мекунам, ки мо бояд ҳам бо ҷонибдорон ҳам ва мухолифон доир ба чӣ гуна истифодабарии гази табиӣ забон ёбем. Ҳама гуна маҳсулоте, ки мо чӣ дар шакли заррачаҳои хурд ё дар шакли газ, ба монанди гази карбон ва дигар газҳои гулхонаӣ месӯзем, ба атомосфера хориҷ мешавад. Ҳадафи асосии мо — экологҳо дар баробари муҳофизати табиат ба рушди муҳити иҷтимоӣ ва иқтисодиёт мусоидат кардан аст. Аз ин рӯ, мақомоти ҳифзи табиат дар саросари ҷаҳон ба он хотир таъсис ёфт, ки бо истифода аз усулҳои маъмурӣ ҳар он чизе, ки ба муҳити зист халал ворид мекунад, пешгирӣ намояд.
ҶАМОЛИДДИН ЯҚУБОВ